Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТАҶАЛЛИИ СИРИШТИ ПУР АЗ МУҲАББАТ

ТАҶАЛЛИИ СИРИШТИ ПУР АЗ МУҲАББАТ

by admin
30 views
Бо муҳаббати хоса баҳри муаррифии ҳаёту фаъолияти бонуи хушному хушсалиқа, маҳбубу соҳибэҳтиром, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Муҳаббат Иноятовна Иззатова рӯи равзанаи роёна ҳуруфчинӣ менамоем, зеро аз ҷумлаи он таълимдиҳандагоне ҳастанд, ки дар пешаи худ камназир ва бо заҳматҳои пайваставу дуди чароғ хӯрданҳо, шабро ба рӯз табдил доданҳо дар миёни аҳли илм ва маорифи кишвар ҷойгоҳи арзандае доранд.
Оре! Муҳаббат Иноятовна рисолати омӯзгориро хуб медонад, ки омӯзгор ҳидоятгар ба сӯи рушноӣ ва фардои нек аст.
Гиромитар зи ту фарде надидам,
Расули хоси яздонӣ, муаллим.
Муҳаббат Иззатова 10-уми марти соли 1952 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1969 мактаби миёнаро хатм карда, солҳои 1969-1973 дар факултети омӯзгории Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намуда, ҳамон сол бо роҳхат ба Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлоб (айни ҳол Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 1977-1980 дар аспирантураи Институти илмӣ-татқиқотии Академияи илмҳои педагогии собиқ Иттиҳоди шӯравӣ дар шаҳри Москва таҳсил намуда, моҳи октябри соли 1980 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии профессори лабораторияи тарбияи оилавии Институти илмӣ-татқиқотии тарбияи томактабӣ Маркова Т.А. дар мавзӯи «Хусусиятҳои тарбияи меҳнатии кӯдакони синни калони томактабӣ ва роҳҳои ташаккули он дар оилаҳои деҳоти Тоҷикистон» бомуваффақият дифоъ намуда, соли 1993 унвони дотсентиро дарёфт кард.
Устод М.Иззатова таи солҳои 1997 то 2005 роҳбарии кафедраи тарбияи томактабиро ба уҳда доштанд. Дар ин муддат дар кафедра ба сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони соҳаи тарбияи томактабӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар воқеъ, 48 сол дар як донишгоҳ ва дар як кафедра фаъолият доштан кори саҳл нест. Вале устод Иззатова М.И. дар ин муддат тавонист, ки ҳамаи мушкилотро паси сар намуда, ҳадафҳои неки дар замираш бударо ҷомаи амал пӯшонад.
Маҳз ҳамин масъулиятшиносии ӯро ба инобат гирифта, моҳи феврали соли 2005 раёсати донишгоҳ ба ӯҳдаи муаллима роҳбарии яке аз факултетҳои калонтарини донишгоҳ, факултети омӯзгорӣ ва тайёрии дифои ҳарбиро вогузошт, ки дар ин ҷода то соли 2012 сарбаландона ифои вазифа намуданд.
Дар соли 2015 зери роҳбарии профессор Маҷидова Б. аз нахустин занони донишгоҳ буданд, ки рисолаи докториро зери унвони «Пайдоиш ва инкишофи муассисаҳои таълимии томактабӣ дар Тоҷикистон» дифоъ намуданд. Айни замон ба ҳайси профессори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ фаъолият намуда, дар соли 2015 барои дастовардҳои назарраси илмӣ, эшон ҳамчун «Олими сол»-и донишгоҳ дониста шуданд. Дар ин муддат 3 шогирди ӯ бо навбат рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд ва имрӯз дар рушди илми ватанӣ саҳм мегузоранд. Айни замон зери роҳбарии муаллима унвонҷӯёну магистрантон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.
Муаллима пайваста ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, самараи заҳматҳои бисёрсолаи ин пажӯҳишгари муваффақ 126 номгӯи асарҳои илмӣ, методӣ ва китобҳои дарсӣ мебошад. Хизматҳои бисёрсолаи бенуқсони муаллима М.И. Иззатова дар соҳаи маориф ва пеш бурду такомули тарбияи томактабӣ ва таълиму тарбияи мутахассисҳои ҷавон ба ҳисоб гирифта шуда, он кас ба Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон, Раиси шаҳри Кӯлоб, нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва соли 2015 бо Медали «Хизмати шоиста» қадрдшиносӣ гардидааст.
Ҳаёти оилавии ин зани озодаву порсо бо устоди шодравон, академики маҳбуб Самариддин Каримов (Рӯҳашон шод, ёдашон гиромӣ бод!), ки соҳиби мартабаи бузурги илмӣ, ҷойгоҳи воло ва дараҷаи олии камоли инсонӣ буданд, сипарӣ гардида, фарзандони накӯному нафърасони ҷомеаро парвою парвариш додаанд.
Фаъолияти назарраси ҷамъиятии Муҳаббат Иноятовна низ қобили пайравӣ буда, мавсуф ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб миёни интихобкунадагон аз эҳтироми хоса бархурдор аст, зеро бо анҷоми амалҳои неку созанда дар ободию сабзгардонии шаҳри Кӯлоб саҳми беандоза мегузоранд.
Дар авҷи камолоти умр, дар пайи амалӣ кардани орзую ниятҳои нек, дуою ниёиш баҳри рифоҳу сулҳу суботи кишвари азизамон ба муаллимаи бофазилату хушсалиқа имкони зиёрати Каъба низ фароҳам омад.
Дар оғози фасли зебои баҳор аз таҷаллии сиришти пур аз муҳаббати ин бонуи зебо, устоди хайрхоҳу некниҳод ва хушзавқу боистеъдод гулистони 70-умин соли баҳори умри пурсамарашон гулафшон асту накҳати ин чаманистон рӯзгорашро боз муаттару мубаррою мусаффо гардонидааст.
Дар ин рӯзи фархундаву муҳаббати фарзандону пайвандон, ҳамкасбону шогирдон ва ёру дӯстон нисори бонуи хушқалбу орифаву отифа Муҳаббат Иноятовна бод! Ба устоди гиромӣ умри бардавому тансиҳатии комил ва саодату нишоти ҷовидонӣ таманно дорем!
Шарофат Худойдодова, Зарторбӣ Табарова, устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment