Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АЗ ТАЪРИХ БОЯД ИБРАТ ГИРЕМ!

АЗ ТАЪРИХ БОЯД ИБРАТ ГИРЕМ!

by admin
182 views
Бо дарназардошти амалҳои ғайриқонуние, ки дар баъзе шаҳру вилоятҳои Қазоқистон дида мешаванд, моро ҳушдор месозад, ки Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллиро чун ҷон ҳифз намоем. Ва чунин бедодгариҳоро пурра маҳкум намоем. Нагузорем, ки ба суханони бофтаи хоинони миллат гӯш андозем! Дар ҳамбастагӣ боз ҳам ватанамонро обод гардонем! Пеш аз оне ки ба дасисабозиҳои хоинони ватан гуш андозем, пеши назар солҳои даҳшатбори 1992-1995-ро биорем. Мо дигар фирефтаи гурӯҳҳои нохалофон нашавем. Ба қадри тинҷию амонии ин давлату миллат бирасем! Мо хоҳони сулҳем! Ба мардуми Қазоқистон хоҳони онам, ки ҳар чӣ зудтар сулҳу амонӣ побарҷо шавад!
Одинамо Шарипова, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, декани факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment