Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ДОНИШГОҲӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ДОНИШГОҲӢ

by admin
100 views
Санаи 11-уми марти соли ҷорӣ дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи хориҷӣ семинари илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами таҳқиқоти муқоисавӣ-типологии забонҳои хориҷӣ” баргузор гардид.
Нахуст сухани ифтитоҳиро декани факултет Қурбонов Кароматулло оғоз намуданд. Сипас, Маҳсуддинов Рамазон, муаллими калони кафедра дар мавзуи “Асосҳои назариявии омӯзиши категорияи сиға дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ”, Саидова Нилуфар, муаллими калони кафедра дар мавзуи “Маҳоратҳои омӯзгори оянда”, Фатоев Аминҷон дар мавзуи “Асосҳои таҳқиқи когнетивии ибораҳои феълӣ дар забони англисӣ”, Сайдалиева Фотима дар мавзуи “мафҳум, моҳият ва муҳтавои зарбурмасалҳо ва мақолаҳо дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ”, Мирзоева Зулфия дар мавзуи “Таҳлили муқоисавии ҷумлаҳои пайрави ҳол дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ” ва Сайдалиева Зуҳро, ассистенти кафедраи мазкур дар мавзуи “Хусусиятҳои забонии ибораҳои замонӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ” суханронӣ намуданд. Семинар бо саволу ҷавоб ва музокироти иштирокчиён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment