Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ЯКЕ АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ЯКЕ АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

by admin
14 views
«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
                                                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон
Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1-уми Конститутсия худро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, онро ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, дар моддаи 100-уми Конститутсия бошад, онро ҳамчун омилҳои тағйирнопазир донистааст, ки тибқи он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».
Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш — таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм» мебошад.
Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ мақсади асосии террористон ба таври зӯровари ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботҳои шариат ҳукмрони намудан аст. Баҳри амали намудани ин ниятҳои нопокашон онҳо омода ҳастанд, ки ҳато муқаррароти Қуръони маҷидро тағйир диҳанд.
Агар бигӯем, ки ҷаҳони ислом дар рӯзгори кунунӣ буҳрони азимеро аз сар мегузаронад, иштибоҳу муболиғае нахоҳад буд. Кӯшиши абарқудратҳои олам ба тақсими бозорҳо ва минтақаҳо, амалкарди онҳо танҳо ба нафъи геополитикии хеш, ба сари мардумони гуногундину мазҳаб ва гуногунтамаддун бор кардани арзишҳои мамолики тавоно, аз сӯи дигар – хавфи аз байн рафтани арзишҳои миллии кишварҳои хурд дар натиҷаи ҷаҳонгароӣ боиси он шуда, ки имрӯз ҷаҳони ислом пора-пораву ба ҳам мухолиф шудааст.
Ҳар як шахс бояд донад, ки дини мубини ислом дини зулму ситам, куштору ваҳшоният набуда, балки дини раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, некиву накӯкорист. Ислом динест, ки мардумро ба сӯи иттифоқу ваҳдат даъват намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа, ифрот, тафрит ва иғвогарӣ бозмедорад ва он корҳое, ки дар Ироқу Сурия, Либиёву Яман ва дигар минтақаҳо аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешаванд, ба ислом заррае ҳам робита надорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки террорист дин, миллат мазҳаб надорад. Ин падидаи нанговар мебошад ва ба дини мубини ислом ва ё динҳои дигар мутааллиқ нест.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстримизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, то мардуми шарифи Тоҷикистон ва худи Тоҷикистон аз хатарҳои ин ВАБОИ аср дар амон бошад. Барои амалӣ шудани ин мақсад саъю талоши шабонарӯзии ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон шарт ва зарур аст.
Нигина НУРОВА, ассистенти кафедраи умумидонишгощии забони русии Донишгощи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment