Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
184 views
Тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 21.10.2021, №224 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии донишҷӯён ба озмунҳо, ташаккули тафаккури илмию техникии онҳо, дарёфт ва ҷалби донишҷӯёни лаёқатманд ба соҳаҳои илм ва муваффақ шудан дар даври ниҳоии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар донишгоҳ даври якум ва дуюми Олимпиадаи донишҷӯён дар 8 факултет ва 2 кафедраи умумидонишгоҳӣ аз рӯи 16 – ихтисос баргузор гардид.
Дар натиҷа донишҷӯёни зерин бо гирифтани бештари холҳо ба даври ниҳоии Олимпиада роҳ ёфтанд:
1. Ихтисоси химия – Мустафоқулов Шодӣ, донишҷӯи курси 5-ум, ихтисоси химия-биология. Роҳбари илмӣ: Холиқов С.С., н.и.х., дотсент, мудири кафедра;
2. Ихтисоси биология – Расулов Кароматулло, донишҷӯи курси 4-ум, ихтисоси химия – биология. Роҳбари илмӣ: Қуллаев Ш., мудири кафедра;
3. Ихтисоси география – Саймақсуди Ҳаёт, донишҷӯи курси 3-юм, ихтисоси география. Роҳбари илмӣ: Гадоев Ш., н.и.г., мудири кафедра;
4. Ихтисоси назарияи иқтисодӣ – Азизхоҷаев Шарифхон, донишҷӯи курси 4-ум, ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона. Роҳбари илмӣ: Одинаев И.;
5. Ихтисоси фалсафа – Давлатшои Бобохон, донишҷӯи курси 5-ум, ихтисоси химия ва биология. Роҳбари илмӣ: Ибодов М.О., д.и.ф., профессор;
6. Ихтисоси сиёсатшиносӣ – Муродов Муҳиддин, донишҷӯи курси 2-юм, ихтисоси сиёсат ва идораи давлат. Роҳбари илмӣ: Яқубзода Фирӯз, саромӯзгор;
7. Ихтисоси математика – Аминзода С., донишҷӯи курси 4-ум. Саймуҳаммади С., донишҷӯи курси 3-юм. Роҳбар: Каримова Н., н.и.м;
8. Ихтисоси забони англисӣ – Қосимов Қосимҷон, донишҷӯи курси 2-юм, ихтисоси забони англисӣ. Роҳбари илмӣ: Муродов Б., н.и.ф., мудири кафедра;
9. Ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик – Давронова Савсан, донишҷӯи курси 2-юм, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик. Роҳбари илмӣ: Холиқова З., н.и.ф., мудири кафедра;
10. Ихтисоси таърих ва ҳуқуқ – Ѓафори Мурод, донишҷӯи курси 2-юм, ихтисоси ҳуқуқ. Роҳбари илмӣ: Сафарв Х., саромӯзгор;
11. Ихтисоси забон ва адабиёти рус – Музаффарова Сайёҳат, донишҷӯи курси 3-юм, ихтисоси забон ва адабиёти рус. Роҳбарони илмӣ: Давлатова Р., саромӯзгор; Ѓуломова С., н.и.ф;
12. Ихтисоси физика — Шарифов Бобошо, донишҷӯи курси 5-ум, ихтисоси физика ва математика. Роҳбари илмӣ: Сулаймони Абдуқахҳор; (Ҷоми Академия), Саидзода Тоҷиддин – донишҷӯи курси 4-ум. Роҳбар илмӣ: Акрамова Рухшона, н.и.ф., мудири кафедра. (Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ);
13. Ихтисоси астраномия – Лолахонов Қурбоналӣ, донишҷӯи курси 3-юм, ихтисоси физтика ва математика. Роҳбар илмӣ: Сулаймони А.
14. Ихтисоси технологияи информатсионӣ – Розиқзода Саъдӣ, донишҷӯи курси 3-юм, ихтисоси информатика. Роҳбари илмӣ: Шоҳсанами Ризо, саромӯзгор;
15. Ихтисоси ҳуқуқ – Қурбонов Муборакшоҳ, донишҷӯи курси 1-ум, ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқ. Роҳбари илмӣ: Муродова Г., н.и.с., мудири кафедра;
16. Ихтисоси педагогика – Хурамов Далер, донишҷӯи курси 1-ум, ихтисоси забони англисӣ. Роҳбари илмӣ: Назаров Т., саромӯзгор.

Related Articles

Leave a Comment