Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН

by admin
109 views
 Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Рӯзноманигори ҷавон” баргузор гардид. Дар маҳфил Холова Ғалатӣ-мутахассиси раёсати илм ва инноватсия, Муродов Ҷамил-ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети филологияи тоҷик ва журналистика кафедра ва дигар устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Муслимов Исмоил суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Тошматов Хусрав — донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзӯи “Таъсири васоити ахбори омма ба равандҳои сиёсии ҷомеа” суханронӣ намуданд. Маҳфил бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои устодону донишҷӯён хотима ёфт.

Related Articles

Leave a Comment