Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ

by admin
207 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии ассистенти кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодӣ Саидов Пайрав Мизробхонович дар мавзӯи “Захираҳои баландбардории самаранокии истеҳсолот дар корхонаҳои КАС (дар мисоли корхонаҳои минтақаҳои агросаноатии Кӯлоби вилояти Хатлон)” (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Тағоев Ҷумъахон Ҳамроевич) баргузор гардид.
Дар муҳокима Рафиев Сафархон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, Худойдодова Шарофат, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Каҷкуллоев Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети моливию иқтисодӣ, Комилов Низомиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз, Мирсаидов Муҳаммаднаим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии донишгоҳ ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз Қурбонов Абдулҳайт Каримович-доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мирсаидов Муҳаммаднаим-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии донишгоҳ, Комилов Низомиддин-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй Саидов Пайрав Мизробхонович бо дарназардошти тавсияҳо барои муҳокима ба зинаҳои минбаъда ба ҳимоя тавсия карда шуд.

Related Articles

Leave a Comment