Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

by admin
558 views
(дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат аз 21.12.2021)
Имрӯзҳо мардуми шариф ва саодатманди кишвари азизам, Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо дарки масъулият ва ҳисси худшиносӣ зери таассуроти Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таърихи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, қарор доранд ва дар фаъолияти ҳар рӯзаи худ онро сармашқи кор қарор додаанд. Зеро Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян намуда, фарогири тамоми масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат аст.
Пешвои миллат, зимни ироаи Паём дар баробари масалаҳои муҳимми давлатдорӣ ба масъалаи занон ва нақши онҳо дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ ба тарзи хосса исодагарӣ намуда, саҳми зан, модарро дар пешбурд ва амалигардонии сиёсати давлатӣ ниҳоят арзишманд ва клидӣ муаррифӣ намуд. Пешвои миллат баён намуданд “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад”.
Таърих гувоҳ аст, ки занон ва бонувони тоҷик дар дарозои таърихи ин миллат бо донишу хирад ва ақлу заковати комил ба дунё оварандаи Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Саъдӣ ва садҳо нафар бузургони дигари илму адаб, фарзандони бонангу номус, номдору фидокор ва номбардори миллат бошанд ва дар ин радиф тавонистаанд, ки мавқеи устувори худро дар тамоми соҳаҳои барои давлату миллати тоҷик ҳаётан муҳим муайян намоянд.
Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ ба мақому манзалати зан-модар ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа аҳамияти зарурӣ зоҳир намуда, ин масъаларо дар сиёсати пешгирифтаи худ ҳачун самти афзалиятнок ва масъалаи меҳварӣ қарор диҳад.
Афзудани ин нукот ба маврид аст, агар сари масъалаи мавриди назар амиқ ва ҷиддӣ назар андозему паҳлуҳои масъаларо ба таври бояду шояд омӯзем, маълум мегардад, ки Пешвои муаззами миллат ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи шароити кору зиндагии занонро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода, беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро сиёсати меҳварии Ҳукумати мамлакат донистааст. Аз сарчашмаҳо маълум мегардад, ки кишвари азизамон, Тоҷикистон, яке аз аввалин кишварҳои ИДМ аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати аввалиндараҷа дода, 27-уми декабри соли 1993 Конвенсияи байналмилалӣ “Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон”-ро қабул кардааст. Ҳамчунин, тадбирҳо ва иқдомоти амалигардонидаи Ҳукумати кишвар ба монанди қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ чун: Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” (аз 1 марти соли 2005); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба муқобили харидуфурӯши одамон” (аз 6 майи соли 2006); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”; қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022”; қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи амали “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва ѓайраҳо метавонанд ҷиҳати амалӣ намудани нақшаву лоиҳаҳои ҳукумати кишвар дар самти боз ҳам беҳгардонии фаъолити густурдаи занон замина гузоранд.
Афзудани ин нукта муҳим аст, ки дар баробари тадбирҳо ва қабули қонуну қарорҳо ва барномаву стратегияҳои дахлдор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба мавзӯи зан – модар ва нақши он дар пешбурди сиёсати давлатӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд ва дар робита ба онба сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Самараи ҳамин гуна дастгириву пуштибониҳост, ки имрӯз қариб дар тамоми соҳаҳои давлатдорӣ бонувони кишвар кору фаъолияти назаррас доранд.
Пешвои миллат дар Паём таъкид доштанд, “Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд” ва бо ифтихор баён намуданд, “Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд”
Дар ин баробар, фаъолияти густурда ва самарабахши занону бонувони мамлакат дар тамоми самтҳои давлатдорӣ бараъло мушоҳида мешавад ва дар робита ба ин нукта низ дар Паёми Пешвои миллат ишора рафт, “…занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Дастовардҳои занону бонувон, аз ҷула ҷавондухтарон дар самти омӯзишу аз худ кардани илмҳои замони муосир дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бамаротиб зиёд гардида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Ҳамонгуна, ки дар Паём ишора меравад, “Дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи Президентӣ хатм кардаанд.
Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд.
Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд”.
Нишондоди мазкур гувоҳи он аст, ки занону бонувони тоҷик бо дарки масъулияти худшиносиву ватанпарастӣ ҳамеша бар он талош менамоянд, ки дар сафи пеши ватанхоҳону ватанпарастон қарор дошта бошанд ва барои гулгулшукуфоии ватани азизи худ саҳмгузор бошанд.
Аз ин ҷост, ки баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дошт, дорад ва хоҳад дошт. Далели ин гуфтаҳо, супориш додани Пешвои миллат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд таҳия намудани «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кардани он мебошад.
Хулоса, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи зан-модар таваҷҷуҳи доимӣ равона намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити бонувону занон талошҳои ҳамешагӣ намуда истодааст. Дар робита ба ин ва ҷавобан ба бовариву ѓамхориҳои Роҳбарияти олии кишвар бо итминони комил иброз медорам, ки мо- занону бонувони кишвар чун ҳамешагӣ тарафдори давлати пойдору соҳибихтиёр ҳастем, субот ва ваҳдати сартосарии кишварро аз ҳар чизи дигар азизтар медонем ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро сармашқи кори худ қарор дода, дар таҳкими пояҳои далатдорӣ саҳмгузор бошем.
Нозимова И.И., ассистенти кафедраи география ва сайёҳии
ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment