Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ВАҚТЕ АҚЛИ СОЛИМ ДУР МЕШАВАД…

ВАҚТЕ АҚЛИ СОЛИМ ДУР МЕШАВАД…

by admin
146 views
Имрӯз мардуми Қазоқистон бо дасисаи душманон ватани худро хароб карда истодаанд. Ин бисёр дардовар аст вақте тамоми зебоиҳои кишвари худро ба коми оташ медиҳӣ.
Ин қадар инсонҳо бераҳм ва ношукр ҳастанд. Ин дарси ибрат барои ҳар як шаҳрванди саёра ҳаст. Агар мо ба қадри ватану кишвари маҳбубамон нарасем, ин гуна рӯзгор насибамон мегардад.
Барои барқарор кардани харобиҳои ҷанг даҳсолаҳо лозим аст. Мардуми қазоқ бояд аз ақли солим кор бигиранд ва нагузоранд, ки аз ин ҳам бештар кишвар сӯзонда шавад.
Ба қадри оромиву субот расидан лозим аст. Ин амалҳои касифона ҳатман пушаймонӣ ба бор меорад. Фикри худ ва назари нек доштан даркор аст ба оянда.
Коре накунем, ки фардо пушаймонӣ ба бор орад.
Миллати шарафманди тоҷик як маротиба ин ҳодисаҳои хунинро таҷриба карда буд ва барояш дарси ибрат аст.
Аз ин хотир, бояд оромии кишварро ҳифз кунем ва барои расидан ба муваффақиятҳои навбатӣ талош варзем.
Ҳеҷ ҷангу хушунат хушбахтӣ намеорад! Инро бояд ҳама донад!
Бобоев Бахтовар, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment