Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, ноиби ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон ва деканону омӯзгорони факултаҳо иштирок доштанд.

Дар ин озмун маҳфили «Ҷаҳони андеша»-и кафедраи фалсафа, ки роҳбариашро ассистенти кафедраи фалсафа Раҷабов Аминҷон ба уҳда дошт, ҷойи якум, маҳфили «Галактика»-и кафедраи методикаи таълимии физика ва технологияи материалҳо бо роҳбарии ассистенти ҳамин кафедра Сулаймони Абдуқаҳор, ҷойи дуюм ва маҳфили «Маърифати молиявӣ»-и кафедраи молия ва қарз бо роҳбарии Назаров Шодӣ ассистенти ҳамин кафедра сазовори ҷойи сеюм гардиданд ва бо маблағҳои 1500, 1000 ва 500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар анҷом аз ҷониби ректори донишгоҳ Мирализода Абдусалом Мустафо роҳбарони маҳфилҳои зикргардида бо ифтихорномаҳо ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.