Home ХАБАР 3 МАҲФИЛИ БЕҲТАРИНИ СОЛ: МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША” ДАР ҶОЙИ 1-УМ

3 МАҲФИЛИ БЕҲТАРИНИ СОЛ: МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША” ДАР ҶОЙИ 1-УМ

by admin
112 views
Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, ноиби ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон ва деканону омӯзгорони факултаҳо иштирок доштанд.
Сараввал ректори донишгоҳ Мирализода Абдусалом Мустафо суханронӣ намуданд. Дар чорабинӣ озмуни «Маҳфили сол» ҷамъбаст гардид. Озмун бо мақсади ҷалби васеи донишҷӯён ва ҳавасманд намудани онҳо дар рушди қобилияти илмӣ — эҷодӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ, такмили фаъолияти ҷустуҷӯи мустақилона, таъмин ва татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотию иртиботӣ, аз бар намудани донишҳои замонавӣ, инчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир дар бозори меҳнат ва дарёфти чеҳраҳои лаёқатманди дорои захираҳои илмию зеҳнӣ гузаронида мешавад.
Дар ин озмун маҳфили «Ҷаҳони андеша»-и кафедраи фалсафа, ки роҳбариашро ассистенти кафедраи фалсафа Раҷабов Аминҷон ба уҳда дошт, ҷойи якум, маҳфили «Галактика»-и кафедраи методикаи таълимии физика ва технологияи материалҳо бо роҳбарии ассистенти ҳамин кафедра Сулаймони Абдуқаҳор, ҷойи дуюм ва маҳфили «Маърифати молиявӣ»-и кафедраи молия ва қарз бо роҳбарии Назаров Шодӣ ассистенти ҳамин кафедра сазовори ҷойи сеюм гардиданд ва бо маблағҳои 1500, 1000 ва 500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар анҷом аз ҷониби ректори донишгоҳ Мирализода Абдусалом Мустафо роҳбарони маҳфилҳои зикргардида бо ифтихорномаҳо ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Related Articles

Leave a Comment