Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАЁМ – МАОРИФ АЗ СОҲАҲОИ МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲ БОҚӢ МЕМОНАД

ПАЁМ – МАОРИФ АЗ СОҲАҲОИ МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲ БОҚӢ МЕМОНАД

by admin
63 views
Дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амали шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳезӣ ва пешниход намудааст.
Паём дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таъсуроти беандоза ҷазобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки воқеан, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони мамлакат тамоми бахшҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта, барои рушди устувори иқтисодиёт, баландшавии сатҳи иҷтимоӣ, вусъат ёфтани маърифатнокии аҳли ҷомеа нақши бениҳоят муҳим бозидаанд. Бе муҳобот иқрор шудан лозим аст, ки сатҳи кунунии авзои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии кишвари мо аз натиҷаи татбиқи дастур ва ҳидоятҳое ба даст омадаанд, ки дар чунин навъи чорабиниҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медоданд. Ҳарчанд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзо ва вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда бошад, ҳам масълаҳое,, ки дар доираи он матраҳ мегарданд, ба тамоми сохтору ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ ҳайати умумии ҷамоатчигии кишвар дахл доранд.
Аз ин рӯ, доираи таклиф, пешниҳод, дастур ва ҳидоятҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат аз 21-уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо доданд, бояд ба шиор ва роҳнамои асосии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ мубаддал гардад. Дар чунин ҳолат, иҷрои вазифаҳои стратегии давлат ба таври дахлдор таъмин мегардад. Мувофиқан, доираи масъалаҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа шуданд, ҳамчунин қабл аз ҳама ба тамоми муассисаҳои олии таълимӣ иртибот доранд ва бояд дастуру роҳнамои фаъолияти мо омӯзгорон дар ояндаи наздик бошанд.
Дар ин замина таъкид гардид, ки барои расидан ба қадри дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст, ки дар сохтмони муассисаҳои таълимӣ саҳми назаррас гузоштанд ба мо мутахассисони соҳаи маориф лозим аст, ки дониши васеъ ва сатҳи баланди касбии худро такмил дода, сатҳу сифати таълим баланд бардошта шуда, қобилияти эҷодии хонандагону донишҷӯёнро оид ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва мутолиаи китобҳо тақвият бахшем. Дар радифи мутахассисони соҳаҳои дигар ишора намудан ба соҳаи маориф, аз муносибати самимии роҳбари давлат ба ин доираи иҷтимоӣ далолат менамояд. Президенти кишвар ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосмандро давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат пиндошта, дар замони ҷаҳонишавӣ аз онҳо мусалаҳ будан бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб карданд.
Паём моро ба сӯи ояндаи нек раҳнамоӣ намуда, дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ собитқадам мегардонад.
Дар ин маврид махсус таъкид бояд кард, ки имрӯз ҷомеа дар марҳилаи ниҳоят ҳасос ва мурракаби пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ, пулю қарзӣ, раванди истифодаи қувваи корӣ дар хориҷи кишвар ва ғайра қарор дорад. Ва яке аз хусусиятҳои хос ва фарқкунандаи Паёми имсола дар он аст, ки дар вазъияти фавкулодаи ба амал омада ҷомеаро ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва коршиноси даъват ва роҳнамоӣ менамояд. Дар Паём пеш аз ҳама роҳҳу паҳлӯҳои асосии раванди таъсиррасонии манфии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва баромадан аз он, ривоҷ ва равнақ ёфтани сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, кору фаъолият ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки иқтидорҳои истеҳсолию захираҳои мавҷуда, сарфакорӣ, камхарҷии маблағу мавод, ташкилу омода ва ба кордарории корхонаю иқтидорҳои нави саноатию энергетикӣ, кишоварзӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ, сайёҳӣ, бахшҳои хусусӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ, дастгирӣ ва рушди бо тамоми соҳибкорӣ, пешгирӣ ва таваққуф кардан аз ҳама гуна исрофкорӣ, хароҷотҳои нодаркору зарур набуда, муайяну нишон дода шудааст.
Ҳамин тариқ, мардуми соҳибтамаддун ва шарифи Тоҷикистон дар ҳама давру замон ба ҳамагуна воқеаҳои сиёсӣ ба ақлу хиради созгор, созандагиву бунёдкорӣ муносибат намудааст. Ҳар яки мо набояд нисбати фардои давлату миллат ва созандагиву бунёдкорӣ бетафовут бошем. Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф мо омӯзгоронро водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи самаранокии сифати таълим аҳамияти бештар диҳем. Сатҳу сифати донишро беҳтар намуда, барои хизматрасонии босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши аҳолӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.
Назарзода Ҳасан Бахтиёр — сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment