Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПЕШВОИ МО – ИФТИХОРИ МО

ПЕШВОИ МО – ИФТИХОРИ МО

by admin
1809 views

Боиси ифтихор аст, ки бо қадами неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мо шаҳди сулҳу салоҳ ва Истиқлоли давлатиро чашида, обрӯ ва нуфузи кишварро боз ҳам боло бардоштанд. Дар ин айём соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рушд ёфтаанд, мактабу маориф, илму маърифат мавқеи худро боз ҳам устувортар намуданд.

Иқдомҳои нав ба нави созанда дар сиёсати фарҳангии Сарвари давлат имрӯз мувофиқтарин сиёсат барои ороми ва пешрафти ҷомеа ба шумор меравад. Чунин амал аз хурдтарин муносибатҳову идҳои гуногун то нишасту конфренсияҳои байналмилалӣ, қабули меҳмонҳои сатҳи баланд ва дигар чорабинию гуфтугӯҳои ҷаҳонӣ оғоз ёфта, обу рӯй ва эътибори кишвари моро меафзояд.

Ин аст, ки дастовардҳои замони соҳибистиқлоли мо аз сулҳу Ваҳдат сар карда, то сохтмонҳои бузурги гидроэнергетикии аср, кушодани нақбу роҳҳои оҳану пулҳои бузургҳаҷм, корхонаҳои гуногуни саноатӣ, сохтмони мактабу иншооти фарҳангӣ дар беҳбудии кишварамон ҷойгоҳи махсус доранд.

Ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба оби ошомиданӣ, ки чор маротиба аз минбари баланди СММ ба ҷаҳониён пешниҳод гардиданд, дастгирии ҳамаҷониба ёфтанд, ин ҳам ҳиссагузории кишвари мо дар беҳбудии вазъи пуртазоди ҷаҳон мебошад. Ҳамзамон, ташаббусҳо дар сатҳи баланд оид ба “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки моҳи майи соли равон дар пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе баргузор гардид, яке аз иқдомҳои бузурги байналмилалие буд, ки дар он зиёда якуним ҳазор меҳмон, олимон ва пажӯҳишгарони кишварҳои ҷаҳон ширкат намуданд.

Ба андешаи мо, ташаббуси нави Президенти кишвар як ислоҳоти муосири иҷтимоию иқтисодиест, ки барои беҳбудии рӯзгори мардум, тарзи ҳаёти солим ва пешрафти ноҳияву шаҳру деҳоти Тоҷикистон такони ҷиддӣ дода метавонад. Амали намудани он дар кишварамон барои аз байн бурдани тафовутҳои ҷиддӣ байни шаҳру деҳот, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, сарфакорӣ, беҳбудӣ ба занону кӯдакону пиронсолон дар таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ саҳм мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки ташаббусҳои пай дар пайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвари азизамон на танҳо сифатҳои ифтихорию эҳтиромӣ, балки бузургии миллию азамати диёрро дошта ҳамеша сармашқи иқдомҳои нави созандагӣ мебошанд ва фардо онҳо дар назди таърих мақому манзалати моро нигоҳ дошта, ҳамчун миллати тамаддунсозу мондагор муаррифӣ хоҳанд намуд. Рӯзи Президент иди бузурги миллӣ, рамзи озодӣ эътиқод, тантанаи волоият қонун, рӯзи сипосгузорӣ ба хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки он боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Мо ҷавонон шукргузорӣ аз ҳаёти тинҷу ором, Тоҷикистони биҳиштосо намуда, ин ҳама ғамхориҳои Пешвои худро ба назар гирифта, дар зери шиори “Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем” дар бари Пешвои худ рост меистем.

Мадина БОЙМУРОДОВА, донишҷӯи соли 3-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment