Home ХАБАР МАҲФИЛИ  ИЛМИИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

МАҲФИЛИ  ИЛМИИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

by admin
220 views

 Санаи 15-уми декабр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети молиявию иқтисодӣ маҳфили илмии “Маърифати молиявӣ” баргузор гардид.

Дар маҳфил Комилов Низомиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи молия ва қарз, Қурбонзода Умеда, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия, Саидова Нилуфар, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсия, Тешаев Мирзошариф, ҷонишини декан оид ба таълим ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Икромов Шодӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас,

донишҷӯён Ҳангомаи Мирзомуддин дар мавзӯи “Идоракунии сандуқи қарзӣ” ва Пиров Икром дар мавзӯи “Вазъи пасандозҳои низоми бонкӣ дар давраи густариши пандемияи Covid — 19” суханронӣ намуданд. Баъдан ҷиҳати иштироки фаъолона ба як қатор донишҷӯён ифтихорномаҳо супорида шуд. Маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment