Home ХАБАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
193 views
Санаи 11-уми декабр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавирус (COVID 19)” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конфронс ноиби ректор оид ба таълими донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Холиқзода Айниддин, Солеҳзода Ашурбой Абдулвоҳид, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатторзода Умеда Саймумин, сардори идораи бозори молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, Раҳимзода Баҳодур, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирсаидов Муҳаммаднаим номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Исайнов Ҳисайн Раҳимович доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Холиқзода Айниддин оғоз намуданд. Сипас, Солеҳзода Ашурбой Абдулвоҳид, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи “Тадбирҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити паҳншавии бемории (COVID 19)”, Исайнов Ҳисайн Раҳимович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таъсири буҳрони молиявии иқтисоди ҷаҳони пасокаронавирусӣ ба хоҷагии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Сатторзода Умеда Саймумин, сардори идораи бозори молиявии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Рушди хизматрасониҳои нави бонкӣ дар давраи пандемия (COVID 19)”, Раҳимзода Баҳодур, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Мавқеъ ва нақши низоми бонкиву молиявӣ дар рушди содирот” ва Мирсаидов Муҳаммаднаим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти

кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи “Таъмини асосҳои институтсионалии бехатарии иқтисодии фаъолияти бонкҳо дар шароити муосир” суханронӣ намуданд. Дар охир саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира сурат гирифт.

Related Articles

Leave a Comment