Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЯКЕ АЗ МУШКИЛИҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЯКЕ АЗ МУШКИЛИҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР

by admin
262 views

Терроризм яке аз падидаҳои шуми ҷаҳонӣ буда, он ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле мебошад, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ баромад намудаанд, ки ҳеҷ як кишвар ба танҳоӣ аз уҳдаи бартараф кардани мушкилиҳои ҷаҳоншумул баромада наметавонад. Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст.

Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро баҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифратгароӣ сабзида расад. Ифратгароӣ дар кадом шакле, ки набошад онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан зарур аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа ва тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Инсоният аз замони ба дунё омаданаш ҳамеша бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Ва барои ҳар як инсон вобаста ба шароит ва мақоми ишғолкардаш дар ҷомеа мушкилиҳои инфиродӣ ва иҷтимоӣ муайян карда мешавад, чунки ин хоси табиати инсонӣ мебошад.

Дар замони муосир нисбати ҳаёти ҷоме ду хатари ҷиддие, ки пайдо шуда ва амал карда истодаанд ин терроризм ва экстремизм мебошад. Ва ин мушкилии инфиродӣ нею балки мушкилии ҷаҳоншумул мебошад. Натанҳо баҳри як миллату давлат хатар меорад, мутаассифона, тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш оварда истодааст. Мутаассифона, имрӯзҳо тамоми  курраи заминро, ки инсон дар он ҷо зиндагӣ мекунад мушкилии терроризм экстремизм фаро гирифтааст. Экстремизм – аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ва ҳамаи кишварҳо, ташкилотҳову созмонҳои умумиҷаҳонӣ дар ҷустуҷӯи ҳалли ин мушкилии умумиҷаҳонӣ таҳқиқот ва кор бурда истодаанд. Ва ба ҳамагон маълум аст, ки ин гурӯҳҳои ифротӣ аксаран худро ба номи динни мубини ислом муаррифи карда, вале агар мо жарфтар назар андозем, мебинем, ки ин гурӯҳи номатлуб аз динни мубини ислом тамоман огаҳӣ надоранд. Ва мақсади аосии онҳо аз байн бурдани ҳаёти осоиштаи ҷомеаи башарӣ мебошад. Ҳамеша таъсири манфӣ расондан ба ҷомеа ин асоси кори онҳо мебошад, вале ба мо маълум аст, ки ислом барои пайравони худ ҳамеша озодии ирода ва халал нарасондан ба пешравии якдигар мебошад. Инҳо ба тафаккури инсонҳо даромада исломро ҳамчун силоҳ истифода мебарад. Ҳоло ҳам ин гуруҳҳо дар ҷаҳон фаъолият карда истодаанд ва мехоҳанд, мақсади нопоки худро дар тафакур ва иродаи мардум ҷо намоянд. Ва инро бештар дар байни ҷавонон мехоҳнд паҳн намоянд, чунки онҳо таҷрибаи ками зиндагӣ доранд ва зудбоваранд. Терроризм ҷомеаи башариро ба чунин харобиҳо бурда мерасонад: қатлу куштори инсонҳои бегуноҳ, хароб намудани шаҳрҳо, паст шудани иқтисодиёти мамлакат ва минтақа, паҳн шудани маҳви бесаводӣ, инчунин озодӣ ва амниятӣ инсонҳоро нест мекунад.

Шукурзода Муҳаммадғаюр Шералӣ, донишҷӯи соли 2-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Related Articles

Leave a Comment