Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТАБИАТ БО ЭКОЛОГИЯ

ТАБИАТ БО ЭКОЛОГИЯ

by admin
122 views

Одамони замони мо мехоҳанд донанд, ки дар ҷаҳон чи рӯх дода истодааст. Онҳо ҳақ доранд, ки бидонанд пагоҳ онҳоро чӣ интизор аст. Аз ҷумла, «табиат бо экология» чӣ хеле мегӯянд, табиат бо экология пок ва зинда аст.

Экология масъалаҳои бо ҳам алоқамандии байни организмҳои зинда ва муҳити атрофро тасдиқ менамояд. Экология аз давраи Юнони Бостонӣ то замони мо боқӣ монда, маънои мавзеъ, манзил, ҷойи зист, истиқоматгоҳ, бошишгоҳ ва «логос» таълимот гирифтан мебошад. Дар ташаккул ёфтани он тадқиқотҳои биологӣ таъсири калон расонидааст.

Ба таври дигар экологияро муҳити зисти организмҳои зинда меноманд. Ҳоло бошад олимон дар зери мафҳуми «биосеноз» маҷмӯи намуди ҳайвонот ва набототи дараҷаи олиро (бе микроорганизмҳо) мефаҳманд, ки дар қаламрави муайян васеъ паҳн гардидаанд.

Қаламраве, ки биосенозро фаро гирифтааст, нисбатан якхела мебошанд. Онро дар экология «биотак» меноманд. Аммо муҳите, ки организмҳо ҳаёт мегузаронанд аз унсурҳои табии бо ҳам мутақобил иборатанд, ки ҳам бо организмҳо ва ҳам ба муҳит мансубият доранд. Дар ин сурат ҳама омилҳои муҳит зимни таъсири алоқаи мутақобила комплекси тому ягонаро ташкил менамояд.

Вобаста аз ин ба омилҳои табиат ба таври равшанӣ, ҳарорат, намӣ, шӯрӣ, хок, об, мавҷудияти ғизо ва ғайраро таҳлил менамояд, ки бе восита ба организмҳо ва популятсияи онҳо таъсир мерасонад. Зимни ин маълумотҳо бо ҳисоб гирифтани вазъияти экологии имрeза ва ояндаи геосистемаҳои сатҳи заминро муайян менамояд. Ин имконият медиҳад, ки масъалаҳои экологиро мустақилона ва бо ҳамкории дигар илмҳо ҳал намоянд. Барои солим ва тоза гардидани муҳити атроф амалиёти комплексӣ зарур аст. Аз ин хулоса бароварда метавонем, ки тозагии муҳити зисти атроф ба қисмҳои таркибии табиат (об, хок, ҳаво) вайроншавии моддаҳои органикӣ, ва партовҳои хоҷагии манзил ҳамааш ба экология вобастагии зич доранд.

Ин маънои онро дорад, ки бе табиат ҳаёт вуҷуд надорад, бе экология бошад, табиат инҳо бе якдигар набояд зист. Бояд қайд кард, ки инсон барои гузаронидани ҳаёти осуда покии пироҳан ба экология (яъне бо тозагии табиат) аҳамияти ҷиддӣ диҳад.

Дилфуза МАВЛОНОВА, донишҷӯи соли 3-юми факултети химия, биология ва география, ихтисоси биология-экология

Related Articles

Leave a Comment