Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МАКТАБҲОИ ИЛМӢ ВА РУШДИ МАТЕМАТИКА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

МАКТАБҲОИ ИЛМӢ ВА РУШДИ МАТЕМАТИКА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

by admin
275 views

     Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, таърихи беш аз 75-сола дорад. Дар он, аз давраи таъсисёбӣ то ин вақт ҷиҳати рушду инкишофи ҳама намуди илмҳо, бахусус илмҳои риёзию табиатшиносӣ ва техникӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Ин муассиса ҳамчун манбаи тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар пешбурди кишвари азизамон хизмат намуда истодааст.

Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз дар соҳаи илму маориф ин омӯзиш ва рушди илмҳои риёзию табиатшиносӣ ва дақиқ маҳсуб меёбад, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ дар амалӣ намудани барномаи мазкур саҳми босазо дорад ва дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар мактабҳои илмӣ дар рушду такомули илмҳои риёзию табиатшиносӣ ҳиссагузорӣ менамояд. Дар он ҷиҳати рушди ин зинаи илм 2 факултет, яке факултети физика ва математика, дигаре факултети химия, биология ва география бо 8 кафедраи марбут ба ин самт фаъолияти назаррас нишон дода истодаанд.

Ногуфта намонад, ки фанни математика низ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун илми тараққикарда маҳсуб ёфта дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ–омӯзгории ин шохаи илм донишгоҳ бо мактабҳои илмӣ ва Институтҳои илмӣ-таҳқиқотии дохил ва хориҷи кишвар ҳамкории зичро ба роҳ монда, чораҳои зарурӣ дар ин самт андешида мешаванд.

Дар рушди донишгоҳ саҳми устодону омӯзгорони соҳаи математика баланд арзёбӣ гардида, онҳо дар кори таълиму тарбияи насли ҷавон корнамоиҳои бузурге нишон додаанд.

Айни ҳол дар донишгоҳ факултети физика ва математика амал мекунад, ки он аз рӯи самти ихтисосҳои математика, математикаи амалӣ, физика-математика, технология ва информатика дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантураи (PhD) мутахассисонро тарбия ва тайёр менамояд. Дар рушди факултет ва таълиму тарбияи мутахассисони бахши математика нақши устодони хушсалиқа, олимони таҷрибадори соҳа Ҷ.Х.Сафаров, Л.Михайлов, Р.Акбаров, А.Табаров, С.Азизов, И.Ғуломов, Ҷ.Шарифов, Ф.Шамсуддинов, А.Исматуллоев, О.Ҷӯраев, Қ.Салимов, С.Тағайназаров, Ҳ.Шукуров, С.Исроилов, С.Зарипов, Ҳ.Нимтмов, Н.Расулов, А.Абдулазизов, Қ.Одинамадов, С.Юсупов, Х.Хидиров, Т.Маҳмудов, В.П.Пазина, К.Изатуллоев, А.Пирназаров ва дигарон бориз ҳисобида мешаванд, ки ҳар кадомашон мактабҳои илмии махсусро гузаштанд ва имрӯз қисмате аз онҳо дар самти математика ва методикаи таълими он мактаби илмии худро таъсис додаанд. Дар тарбияи кадрҳои илмии соҳаи математика дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ саҳми мактабҳои илмии олимони машҳури хориҷию Ватанӣ, И.В.Зверович, П.П.Забрейко, А.Я.Белявский, Л.Г.Михайлов, Р.А.Акбаров ва, Н.Р.Раҷабов бориз ҳисобида шуда, дар самти методикаи таълими математика бошад, мактаби илмии Л.М.Фридман, Ҷ.Ш.Шарифов, И.Н.Ғуломов, М.Н.Нугмонов, А.Ш.Комилов ва дигарон то кунун хизмат карда истодаанд. Ҳамакнун боиси сарфарозии мост, ки қисме аз онҳо дастпарварони ин даргоҳи илм мебошанд, ё ин ки малакаи касбии худро муддате дар ин ҷо сайқал додаанд. Бо ифтихору сарфарозӣ номи устодон Акбаров Р.А., Шарифов Ҷ.Ш., Ғуломов И.Н.– ро метавон ёдоварӣ кард.

Имрӯзҳо дар тайёр намудани кадрҳои илмии шохаҳои гуногуни математика дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб саҳми академикҳои АМИТ М.И.Илолов, З.Ҳ.Раҳмонов, Н.Р.Раҷабов, М.Ш.Шабозов, З.Ҷ.Усмонов (шодравон), узви вобастаи АМИТ А.Ҳ.Табаров, д.и.ф-м., профессорон Г.Ҷангибеков, Ҷ.С.Сафаров, М.Қ.Юнусӣ, д.и.ф-м., дотсентон Ф.М.Шамсудинов, Х.Ш.Ҷӯраев бузург ҳисобида мешавад, ки дар корҳои илмӣ–таҳқиқотии омӯзгорон–муҳаққиқони ҷавон роҳбарӣ менамоянд ва ё ҷиҳати пешравии кори онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Ҳамчунон, дар тайёр ва пухта шудани корҳои илмии муҳаққиқони соҳа нақши семинарҳои илмӣ–омӯзишӣ низ кам нест.

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки дар як давраи начандон тӯлонӣ ҷиҳати тарбия ва баркамол расонидани кадрҳои илмӣ – омӯзгории соҳаи математика дар кафедраҳои тахассусӣ семинарҳои илмӣ-омӯзишӣ бо роҳбариву роҳнамоиҳои олимони босалиқа, аз қабили академикҳо Л.Г.Михайлов, Н.Р.Раҷабов, профессорон Р.А.Акбаров, И.Н.Ғуломов, Ҷ.Ш.Шарифов, д.и.ф-м. Ф.М.Шамсудинов, дотсентон Ҳ.Ниматов, А.Х.Абдулазизов, Х.С.Хидиров ташкил ва гузаронида мешуданд, ки аз ин семинарҳо самараи хуб ба даст омаданд. Маҳз дар ҳамин семинарҳо муҳаққиқон Азимов С.Д., Мирзоев Ҷ., Давлатбеков А.А., Ниёзов Ҷ.М., Акбарова М.Н., Каримова Н.Ш. рисолаҳои илмии худро таълиф ва ба Шӯроҳои диссертатсионӣ пешниҳод намуданд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки айни ҳол қисми зиёди онҳо рисолаҳои илмии худро дифо намуда, ба унвонҳои илмӣ сарфароз гардидаанд. Ҳамчунон, бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ дар ду соли охир ду конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ гузаронида шуданд, ки масъалаҳои он пурра ба самти математика ва методикаи таълими он равона гардида буданд:

-конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Тарбия ва тайёр намудани муаллимони математика дар мактабҳои олии омӯзгории Тоҷикистон дар шароити имрӯза» бахшида ба 80-солагии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ғуломов Ислом Назарович;

-конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами математика, дурнамо ва ҳалли онҳо» бахшида ба 80-солагии доктори илмҳои физика ва математика, профессор, шодравон Акбаров РаҳматАкбарович.

Ба ҷуз ин, дар чандин конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ бахш, ё зербахше пурра ба самти математика ва методикаи таълими он бахшида мешавад.

Аз нашри маводи конференсияҳо таваҷҷӯҳи муҳақққиқони ҷавон нисбати илми математика то як андоза эҳсос мегардад. Инчунин, маърӯзаҳои онҳо дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки берун аз шаҳр ва берун аз донишгоҳ доир мешаванд, шунаванда ва хонандаи худро ёфта истодаанд, ки ин аз фаъолияти хубу самараноки муҳаққиқон ва роҳбарони илмии онҳо шаҳодат медиҳад.

Айни замон аз ҳайати омӯзгорони кафедраҳои тахассусии математика дар донишгоҳ муҳаққиқони соҳа, аз қабили Каримова Н., Имомов З., Кӯлобиев М., Мухторова Ш., Ниёзов Ш., Сатторов Қ., Фирдавси Х., Убайдуллои А. корҳои илмӣ–таҳқиқотии худро пурра ба самти математика равона намудаанд. Дар корҳои илмии онҳо бештар равияҳои масъалаҳои канорӣ, муодилаҳои дифференсиалию интегралӣ, ҳалҳои дудаврдоштаи муодилаҳои дифференсиалии хаттии функсияҳои аналитикӣ, муодилаҳои физикаи математикӣ, масъалаҳои мантиқи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо бештар мавриди таҳқиқ қарор гирифта шудаанд. Боварӣ дорем, ки солҳои минбаъда низ сафи муҳаққиқони равияҳои математика дар донишгоҳ афзоиш ёфта, ҳамкорӣ бо мактабҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар бештар мегардад.

Ҳамакнун, боиси фараҳмандӣ аст, ки дар як сол ду муваффақияти як нафар донишҷӯи факултет (Ахмедов Бахтинур) ба ҳамагон маълум гардид:

-ишғоли ҷои дуюм дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз фанни математика (дар зинаи тахассусӣ);

-барандаи Ҷоми Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат гардидани ӯ дар риштаи фанни математика, дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2021.

Ин беҳтарин самараи фаъолияти омӯзгорони риштаи математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар як муддати кӯтоҳ арзёбӣ карда мешавад, ки дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Абдулло ҲАБИБУЛЛО, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АМ ИТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,

Убайдуллои АБДУСАМАД, ассистенти кафедраи математика ва методикаи таълими он

Мирзо КУЛОБИЕВ, ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо

Related Articles

Leave a Comment