Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ВИЛОЯТӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ВИЛОЯТӢ

by admin
171 views

 Санаи 18.11.2021 бо ташаббуси факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи “ИМКОНИЯТҲО ВА МУШКИЛОТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид. Дар конфронс муовини ректор оид ба таълим номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, декани факултети химия, биология ва география номзади илмҳои кимиё, дотсент Исуфов Дилшод ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба таълим номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин оғоз намуда, фикру андешаи хешро бобати ин мавзӯъ баён намуданд. Сипас, Тоиров Ҷамолиддин – мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб дар мавзӯи “Имкониятҳои истифодаи захираҳои сайёҳӣ ва рекреатсионии минтақаи Кӯлоб”, Гадоев Шералӣ Давлатович- номзади илмҳои география дар мавзӯи “Арзёбии шароити геоэкологии минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табиии музофоти Кӯлоб дар рушди туризми экологӣ”, Иброҳимова Рухшона Абдуллоевна – саромӯзгори кафедраи география ва сайёҳӣ дар мавзӯи “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб”, Мирзоев Азиз-саромӯзгори кафедраи география ва сайёҳӣ дар мавзӯи “Самтҳои асосии инкишофи агротуризм дар минтақаи Кӯлоб: вазъи имрӯза ва оянда”, Шарипов Рустам – ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва сайёҳии Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи “Баъзе монеаҳо дар рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб ва роҳҳои ҳалли онҳо”, Бахтовари Анвар –ассистенти кафедраи география ва сайёҳии донишгоҳ дар мавзӯи “Рушди туризми кӯҳӣ дар минтақаи Кӯлоб: мушкилот ва дурнамо”, Амирхони Шарифхон —  ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ дар мавзӯи “Иқтидори захираҳои сайёҳӣ ва рекреатсионии ноҳияи Балҷувон”, Мадасани Азизмад – донишҷӯи соли чоруми ихтисоси география дар мавзӯи “Истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар рушди сайёҳӣ (дар мисоли ноҳияи Ш.Шоҳин) маърӯзаҳои худро пешкаш намуданд. Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва музориҳои устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment