Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

by admin
163 views

    Санаи 28-уми октябр дар факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзӯи “Алоқамандии илмҳои дақиқ ва риёзӣ ба иқтисодиёт” бахшида ба солҳои 2020-2040- “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Дар ин конфронс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Худойдодова Шарофат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодӣ иштирок доштанд.  Нахуст ноиби ректор оид ба илм ва иноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев

Сафархон суханронӣ намуда доир ба рушди илмҳои дақиқ ибрози андеша намуданд. Сипас Куганов Н.М., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ  дар мавзӯи “Татбиқ ва истифодаи методҳои риёзӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-мусоҳибӣ”, Комилов Низомиддин номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз дар мавзӯи “Арзёбии ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иқтисодиёти рақамӣ”, Сафаров А.А., муаллими калон, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзӯи “Моделҳои ҳисоби риёзӣ – авторегрессионӣ барои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2025” ва Убайдуллои А омӯзгори кафедраи математика дар мавзӯи  “Муқоисаҳои хаттӣ ва ҳалли онҳо дар майдонҳои алгебравӣ” суханронӣ намуданд. Конфронс бо саволу ҷавоб ва музокираҳои устодону донишҷуён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment