Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢ ЗАФАР МИРЗОЁН: БОДИ КӮЙИ МӮЛИЁН ОЯД ҲАМЕ

ЗАФАР МИРЗОЁН: БОДИ КӮЙИ МӮЛИЁН ОЯД ҲАМЕ

by admin
491 views
      Дар расонаҳои хабарии бурунмарзӣ мехонем, ки Рӯдакиро шоири эронӣ хонда, тоҷик будани ӯро мехоҳанд фаромуш кунанд. Чунончи; “Хабаргузории Форс овардааст: Китоби «Ёди ёри меҳрубон», ҳовии мақолоте дар бораи Рӯдакӣ, шоири эронӣ ба ҳиммати Алии Деҳбошӣ тавассути интишороти Садои муосир бо қимати 4500 тумон мунташир шуд”.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳанӯз солҳои 50 – уми садсолаи гузашта ховаршиносони ҷаҳон ба қароре омада буданд, ки адабиёти классикии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ба таври расмӣ АДАБИЁТИ ФОРС – ТОҶИК номида шавад ва ҳатто эроншиноси барҷастаи кишвари он замони Чехословакия, ҳоло Чех, ИРЖИ БЕЧКА ин адабиёти ҳазорсоларо ба гунаи АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС хонанд.
Мутаассифона ба мушоҳида мерасад, ки баъзе аз адабиётшиносон ва расонаҳои хабарии берун аз Тоҷикистон ин қарори мақоми байналмилалӣ ҳосил кардаро риоя накарда, онро ба гунаи АДАБИЁТИ ФОРС баён мекунанд. Иржи Бечка андешаи худро дар мавриди нахуст ба сабт расондани калимаи «тоҷик» беасос изҳор надоштааст. Ин пешниҳоди Иржи Бечка бар он сабаб асос гирифтааст, ки нахустин сухансароён пас аз ҳамлаи араб ва кӯшишҳои танг кардани ҷойи забони тоҷикӣ – форсӣ бархостагон аз сарзамини будубоши тоҷикон мебошанд. Ба сони Ҳанзалаи Бодғисӣ, Абӯшакури Балхӣ, Дақиқии Балхӣ ва пеш аз ҳама Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Забони тоҷикӣ – форсӣ аз рӯзгори Рӯдакӣ то кунун бо ҷони мардумони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва тоҷикзабонони Узбекистон даромехтааст ва санади ҳувият ва шинохти ин мардум дар миёни қавмҳои дигар мебошад.
Забони имрӯзи тоҷикӣ ва форсии Эрону Афғонистон давоми забоне буд, ки дар гузашта ДАРИ унвон дошт ва саҳми шеъри дарӣ барои ҷовидонагии ин забон инкорнопазир аст.
Дар миёни Рӯдакишиносони Тоҷикистон мебояд номи устодон Аълохон Афсаҳзод, Раҳим Мусулмониён, Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ, Мирзо Муллоаҳмадовро ёдовар шуд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар кундукови осори Рӯдакӣ дарёфтҳои нодир доранд. Ва бояд ба хотир овард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Донишномаи ҷомеи Рӯдакӣ» ба чоп расид. Донишманди овозаманди тоҷик Мирзо Муллоаҳмадов омодагириҳо ва таҳрири ин Донишномаро ба уҳда доштанд, ки он тамоми масъалаҳои зиндагӣ ва осори Рӯдакиро дарбар гирифтааст.
Дар бораи ҳунари фавқулоддаи шоирии Рӯдакӣ сухан бисёр гуфта шудааст ва Рашидии Самарқандӣ шумори байтҳои ӯро сездаҳ раҳ сад ҳазор хондааст ва Авфии Бухороӣ дар “Лубоб — ул — албоб мегӯяд: “Ашъори ӯ ба сад дафтар баромадааст.” Ҷолиб он аст, ки устод Рӯдакӣ шеъри худро дар 35 ВАЗНИ АРӮЗ сурудааст. Дареғ, ки то имрӯз беш аз 550 байт ба мо расидааст. Дар мавриди нобиноии Рӯдакӣ бисёр гуфтаву навишта шудааст. Донишманди барҷастаи рус Герасимов гӯри Рӯдакиро кофта, аз боқимондаи пайкари ӯ ба натиҷае расидааст, ки устод кӯри модарзод набуда дар поёни умр ӯро кӯр кардаанд. Коршиносон дарёфта буданд, ки ҳамчунон баъзе устухонҳои бадани ӯро шикаста будаанд.
Китоби «Ёди ёри меҳрубон», ки ин навиштор аз ёдкарди он оғоз гардид иборат аз чунин ҷусторҳои ноб мебошанд ва ниҳоят омӯзандаанд: Муҳаммад Дабир Сиёқӣ «Солшумории ҳаводиси Рӯдкӣ, Китобшиносии Рӯдакӣ», Бадеъ уз замон Фурӯзонфар, «Рӯдакӣ — шоири равшанбин», Абдулҳусайн Зарринкуб «Дар бораи Рӯдакӣ ва асри ӯ», Муҳаммад Дабир Сиёқӣ, Ҷаъфар Шиор, Ҳасан Анварӣ «Чашмаи равшан», Ғуломҳусайн Юсуфӣ «Бӯйи ҷӯйи Мулиён», Муҳаммад Амин Риёҳӣ «Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ», Муҳаммад Ризо Шафеъи Кадканӣ «Шеъру шоирии Рӯдакӣ», Бадеъ уз замон Фурӯзонфар “Аносири бадеъӣ дар шеъри Рӯдакӣ”, Ҳамид Зарринкӯб “Қасидаи Рӯдакӣ ва истиқболи гӯяндагон”, Муҳаммад Мӯъин “Рӯдакӣ ва ихтироъи рӯбоӣ”, Ҷалолуддин Ҳумоӣ “Рӯдакӣ ва рӯбоӣ”, Муҳаммад Ризо Шафеъи Кадканӣ “Достони Калила ва Димна” и Рӯдакӣ”, Муҷтабо Минавӣ “Мамдуҳини Рӯдакӣ”, Саъид Нафисӣ “Шоир ва нашвунамои забони форсӣ”, Муҷтабо Минавӣ “Се сухан пиромуни устод Рӯдакӣ”, Алиашраф Содиқӣ “Арӯзи Рӯдакӣ”, Масъуди Фарзод “Сездаҳ раҳ сад ҳазор”, Муҳаммад Дабир Сиёқӣ“Дар сарзамини Рӯдакӣ”, Парвиз Нотили Хонларӣ “Сафарнома аз шаҳри Ҳофиз то диёри Рӯдакӣ”, Парвиз Нотили Хонларӣ “Як байт аз Рӯдакӣ”, Муҳаммад Тақӣ Донишпажӯҳ “Боз ҳам дар бораи Рӯдакӣ”, Абдулҳусайн Зарринкӯб “Рӯдакӣ”, Саид Муҳаммад Ҳусайни Шаҳриёр, “Дидгоҳҳо дарбораи Рӯдакӣ, Ашъори Рӯдакӣ”.
Аммо дар миёни пажӯҳандагони Эрон осори устод Саид Нафисӣ дархӯри ҷойи вижае мебошад. Саид Нафисӣ дар солҳои 50 уми садсолаи гузашта пажӯҳиши пурмуҳтавои худро унвонии «Муҳити зинадагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» тадвин ва таълиф намуда буд.
Ин нуктаро низ набояд аз дида дур дошт, ки аз рӯзгори устод Рӯдакӣ беш аз ҳазору садсол гузашта бошад ҳам, пажӯҳандагони зиндагӣ ва осори беҳамтои ӯ вижагиҳо ва гумкардаҳоеро пайдо карда, дар паҳлӯҳои норавшани эҷодиёти ин бузургвор тафсирҳои гӯё пайдо мекунанд. Ҳамон гуна ки дар қасидаи машҳури «Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме», адабиётшиноси фарҳехта Муҳамадамини Риёҳӣ дигарандешиҳои расое доранд. Бояд ба таври вижа афзуд, ки бо эҳтимоми донишманди пуркори тоҷик Дорои Дӯст ҷусторҳои пурарзиши устод Муҳаммадамини Риёҳӣ ба ҳарфҳои кирилӣ баргардон шудаанд. Устод Риёҳӣ, бар пояи дарёфтҳои шарқшиноси овозаманд Бартолд ва олими намоён Фурӯзонфар, натиҷагирӣ кардааст, ки ҳама дар қасидаи машҳур, аз таркиби «бӯйи ҷӯйи Мулиён», гумон кардаанд, ки манзури Рӯдакӣ насими пуртароватест, ки аз наҳри Мӯлиён ба самти Ҳирот вазида, ёри меҳрубонро ба ёд меоварад, аммо дар асл он байт ба гунаи зерин бояд омада бошад:
Боди кӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Зеро номи «мӯлиён» на исми ҷӯй, балки номи кӯй ва маҳалле дар Бухоро будааст, ки дар «Таърихи Бухоро» и Наршахӣ ва як идда асарҳои дигари гузаштагон, дарҷ гардидааст. Ҳамчунон дар таҳқиқоте зери унвони «Мирсод – ул – ибод» (саҳ.696), «Ҳабиб – ус – сияр» («Ҳабиб – ус — сияр», чопи «Хайём», Т. 1357, с.360, Баргирифта аз китоби Муҳаммадамини Риёҳӣ, “Гулгашт дар шеър ва андешаи Ҳофиз”, Т. 1374) ба тасбит расидааст, ки маҳаллаву замини киште буд, «дар хориҷи ҳисори Бухоро ва Исмоили Сомонӣ, ки ҳамеша нигарони ҳоли бандагони худ буд, онро харид ва дар ихтиёри МАВОЛИЁН, яъне ғуломони озод кардаи худ ниҳод, то «Ҷӯйи Маволиён» ном шуд ва оммаи мардум «Ҷӯйи Мӯлиён» гӯянд. Исмоили Сомонӣ дар он ҷо кохе барои худ сохт. Ва баъдҳо ба тадриҷ ҷонишинонаш ҳам кохҳое сохтанд ва хушобуҳавотарин ва ашрофитарин бахши Бухоро буд. Ва баъдҳо пас аз инқирози сомониён аз миён рафт. Чуноне ки академик Бартолд навиштааст, ки инак рустое дар дукилометрии Бухорои кунунӣ ба номи «Ҷӯйи Мӯлиён» ҳаст. Устод Риёҳӣ аз пажӯҳишҳои пешиниён натиҷагирии мӯшикофона мекунад, ки «таъсири шагарфи шеър дар ин ҷо буд, ки кохи амир ва хонаҳои атрофиёни ӯ ҳама дар маҳаллаи Ҷӯйи Мӯлиён буд ва шоир бо ин ҳунармандӣ ва нуктасанҷии ҳунармандона ҳамагонро ба ёди хонаву зиндагӣ ва зану фарзанд ва хешу пайванд андохта ва ҳама дарди дили худро аз забони шоир шунидаанд ва ҳаваси ёру диёр кардаанд. Ва дар асрҳои баъд он мавзеъ бо оташзаниҳо аз байн меравад, мафҳуми маҳалла ба маънии наҳр, ё ҷӯй мерасад ва котибон ба ҷойи «бод» бӯйро ба канори он мешинонанд, ки дар ҳақиқат аз мантиқ дур аст, зеро ҷӯй бӯйе надорад ва нағмаи ҳарфҳо дар калимаи нахустини мисраъи аввал, ба сони «Боди» ва калимаи нахустини мисраъи дуввум ба сони «Ёди» шевотар меояд.
Ин буд чанд гирдовардае бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ, ки гумон мекунам дар Рӯдакишиносии замони мо ба донишхоҳон ёрӣ хоҳанд расонд.
Дар поён ҳама хонандагони ин саҳифаро бо Рӯзи падари шеъри тоҷикӣ – форсӣ устод Рӯдакӣ шодбош мегӯям! Бигзор забону хувияти миллии тоҷикон зебоиву бузургии худро ҳаргиз кам накунад!

Related Articles

Leave a Comment