Home СИЁСАТИСТИҚЛОЛИЯТ ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВИИ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАХШИДА БА 30 – ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВИИ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАХШИДА БА 30 – ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

by admin
144 views
    Дирӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Тантанаи бошукӯҳи идона бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Дар назди иштирокдорони ҷамъомади тантанавӣ Узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб, Вализода Абдуқодир Исуф баромад карда, ҳозиронро ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуд. Дар ин ҷамъомади бошукӯҳ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муҳтарам Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва муовини аввали раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин иштирок намуда, бо суханони рӯҳнавоз ҳозиронро шодбош гуфтанд. Дар поёни ҷамъомад ба як қатор фаъолони шаҳр ифтихорномаҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.

       Аз ҷумла ба устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ифтихорномаҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Кӯлоб тақдим гардиданд:
Ҳотамшо Назаров – муовини ректор оид ба тарбия;
Муминшо Досаков–муовини ректор оид ба хоҷагӣ;
Зафар Мирзоён – сардори маркази матбуотӣ;
Лутфия Расулова–декани факултети Иқтисод ва идора;
Шералӣ Гадоев–саромӯзгори кафедраи Географияи сайёҳӣ;
Арафамо Даминова–директори коллеҷи омӯзгории ДДК;
      Ҳама шоистагони ифтихорномаҳои раиси вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлобро самимона шодбош мегӯем!

Related Articles

Leave a Comment