Home ХАБАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАР МАҚОМИ СЕЮМ ҚАРОР ГИРИФТ!

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАР МАҚОМИ СЕЮМ ҚАРОР ГИРИФТ!

by admin
119 views

Имрӯз, 17 майи соли 2023 дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст зимни суханронии худ вазири маориф ва илм иброз дошт, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соҳаи илму маорифи кишвар тадриҷан рушд намуда, дар ин давра дар кишвар озмуну олимпиадаҳои сатҳашон гуногун бо иштироки фаъоли хонандагону донишҷӯёни соҳибистеъдод доир мегардад. Имрӯз низ мо шоҳиди баргузории чунин олимпиада гардидем. Ѓолибони ин олимпиадаро барои ноил шудан ба чунин муваффаққият табрик гуфта, барояшон бурдборӣ хоҳонам.

Дар идома маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон шуръ гардид. Дар олимпиадаи имсола зиёда аз 400 нафар донишҷӯ аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, аз рӯйи 14 фанни таълимӣ бо ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа 36 нафар сазовори чойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардида, 4 нафар барои иштироки фаъолона сазовори “Ифтихорнома”-и Вазорати моариф ва илм гардиданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ дар бахши фанҳои гуманитарӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сазовори ҷойи дуюм ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ дар бахши фанҳои табиию риёзӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридддин Айнӣ сазовори ҷойи дуюм ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм гардида, бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир аз ҷониби дастаи ҳунарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Related Articles

Leave a Comment