Home СИЁСАТИСТИҚЛОЛИЯТ ИШТИРОКИ ФАЪОЛ ДАР ТАНТАНАҲОИ БОШУКӮҲИ ҶАШНӢ

ИШТИРОКИ ФАЪОЛ ДАР ТАНТАНАҲОИ БОШУКӮҲИ ҶАШНӢ

by admin
5 views
Рӯзи 9 сентябр ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони шаҳри Кӯлоб роҳпаймоии ҷашнии аҳолӣ баргузор гардид.
Дар ин расмигузашти ботантана, ки намоёнгари ҳамдилӣ ва садоқати мардуми Кӯлоб ба арзишҳои давлатсозӣ ва миллатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иштироки самимӣ ва фаъол намуданд.
Дар сафи пеши роҳпаймоён ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ҳамчун сарвари ин муассисаи таҳсилоти олӣ қадам гузошта, муовинони ректор ва донишмандони пуркори номӣ, соҳибони унвонҳои баланди донишмандӣ профессорон Маҳмадулло Ибодов, Абдулло Маҳмудов ва дигарон ӯро ҳамроҳӣ мекарданд.
Пас аз онҳо намояндагони 10 факулетҳои Донишгоҳ, яке аз паси дигар, бо шиорҳои даъватӣ ва лавҳаҳои баёнгари вижагиҳои касбии он факулет бо як низоми ороста аз майдон гузаштанд. Ҳамин аст, ки иштирокдорони намоиш ва роҳбарони дар минбар қарор дошта, расмигузашти донишгоҳиёнро бо қаноатмандӣ ва кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд.
Гуфтан ба маврид аст яке аз вижагиҳои роҳпаймоии Донишгоҳи Кӯлоб дар он буд, ки дар пешопеши сафҳо автомашинаи сабукраве аз парчами Тоҷикистон, нақши миллии чакан, Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар паҳлӯӣ он рамзи Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ, нишони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб моҳирона ороиш ёфта ва дар фарози автомобил рамзи муҷассамаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, китоби кушодаи рамзии Калила ва Димна дар даст, ҷойгузин шуда буданд. Ва ё донишҷӯёни факултети Таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, тамсили китоби «Тоҷикон» — и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷикон дар ойинаи таърих» — и Эмомалӣ Раҳмонро рӯйи даст мебурданд. Факултетҳои физика ва математика, география ва табиатшиносӣ намоди корҳои озмоишӣ – лабораторӣ мегузарониданд.
Афзун бар ин факултетҳои Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ва дигарон дастовардҳои худро, аз қабили нишону медалу ҷомҳо, ифтихорномаву дипломҳову сипосномаҳо роҳравон ба намоиш мегузоштанд.
Шоми ҳамон рӯз дар Амфитеатри шаҳр, ки дар Боғи шаҳрии ба номи Исмоили Сомонӣ қарор дорад, консерт ва намоиши ҷашнии бошукӯҳ, бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар оғози ин гирдиҳамоии ҷашнӣ дар баробари раиси шаҳри Кӯлоб, Узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вализода Абдуқодир Исуф, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муҳтарам Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин иштирок намуда, ҳозиронро ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуданд.
Мебояд ёдовар шуд, ки дар ин намоиши театрикунонидашуда шумори зиёди донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳунарнамоӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment