Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ БА СОЛИ ХОНИШИ 2021 – 2022 ПУРРА ОМОДА АСТ.

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ БА СОЛИ ХОНИШИ 2021 – 2022 ПУРРА ОМОДА АСТ.

by admin
180 views

    Оғози соли таҳсили 2021 – 2022 ба як замони хосса рост меояд. Мардуми кишварамон барои ҷашнгирии сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз самими дил бо як рӯҳияи идона меҳнат мекунанд.

      Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, коллективи профессорону омӯзгорон, дар давраи таътили тобистона ҳама биноҳои таъмирнодидаи Донишгоҳро аз таъмир баровард.
     Бо сарбаландӣ метавон гуфт дастурҳои Пешвои миллат ва дар ин замина супоришҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омодагирии зарурӣ ба гузаронидани фасли зимистон, иҷро гардида, ҳама норасоиҳову душвориҳои ҷой дошта бартараф ва ҳаллу фасл гардиданд. Аз ҷумла ҳама асбобҳои барқӣ мавриди таъмиру азнавсозӣ қарор гирифта, маркази гармӣ бо сӯзишворӣ таъмин гардид.
      Воқеан, дар мавриди таъмини хобгоҳи донишҷӯён бо системаи марказигармӣ бояд ишора кард, ки соли гузашта ба ҳангоми таъмири он, Ректори Донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба бошандагони хобгоҳ ваъда дода буд, ки соли оянда хобгоҳ ба системаи гармирасонӣ пайваст хоҳад шуд. Ҳоло хушбахтона дар марказигармӣ деги дуюми бухор (котёл) насб гардида, пеш аз оғози фасли зимистон хобгоҳи донишҷӯён бо гармӣ таъмин хоҳад шуд.
      Гуфтан ба маврид аст, ки баъзан идораву муассисаҳо ба масъали қабули шаҳрвандон ва ҳалли душвориҳои ҷойдошта саҳлангорӣ мекунанд ва ё аз корафтодагон ёрии машваратии худро дареғ медоранд.
      Пайдост, ки пас аз имтиҳоноти дохилшавӣ, гарчи аз роҳи низоми тестӣ ҳам сурат гирад, донишҷӯён ба душвориҳо рӯбарӯ шуда, намедонанд барои бартараф кардани душвориҳояшон ба кӣ муроҷиат кунанд.
      Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ имсол дар мавриди қабули шаҳрвандон тасмими тоза гирифт, ки ниҳоят самарабахш буда, барои посухи дуруст додан ва бароварда сохтани хостҳои корафтодагон хеле мусоид мебошад. Ректори Донишггоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо мизи кории худро ба даҳлези васеъи даромадгоҳи бинои асосӣ интиқол додаа, ба нақшаи тасдиқгардидаи қабул (рӯзҳои сешанбе, шанбе) нигоҳ накарда ҳар рӯз аз соати 9 – 00 субҳ то 11 – 00 ва 15 – 00 то 16 – 00 ба қабули корафтодагон сарукор мегирад.
     Ҳамзамон дар утоқи алоҳида ҳайати Комиссияи озмуни ишғоли ҷойҳои кории холӣ (вакансия), бо довталабон суҳбат мегузаронад.
       Гуфтан ба маврид аст, доираи масъалаҳои матраҳ гардида хеле васеъ мебошад.
    Ректори Донишгоҳ дар зарфи беш аз 20 рӯзи охир зиёда аз садҳо нафар шаҳрвандонро қабул кардааст, ки ба аксарияти онҳо посухҳои мушаххас додааст ва бо назардошти қонунҳои ҷорӣ муроҷиаткунандагон посухҳои қаноатбахш гирифтаанд.
       Чунин тарзи кориро шаффоф номидан мумкин аст, зеро суҳбат дар ҳузури ҳуқуқшинос ва шахсони масъули дигар доир мегардад ва аксаран дар рӯбарӯи муроҷиаткунанда тасмим гирифта мешавад.
Донишгоҳ имсол дарҳои худро бо як неруи созанда мекушояд ва Рӯзи Дониш дар сатҳи баланди ташкиливу маърифатӣ хоҳад гузашт.

Related Articles

Leave a Comment