Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ФАТҲИ КАЙҲОН ОРЗӮИ ДЕРИНАИ ИНСОН БУД

ФАТҲИ КАЙҲОН ОРЗӮИ ДЕРИНАИ ИНСОН БУД

by admin
106 views

     Аз замонҳои қадим одамон орзуи ба кайҳон парвоз карданро доштанд. Ин орзуи деринаи инсон дар асри XX ҷомаи амал пӯшид. Гарчанде маълумотҳои назариявӣ аз тарафи олимони физика — Сиалковский, Мешерский, Кибалчич ва дигарон оид ба парвози техникаи кайҳонӣ ва корҳои озмоишию таҳқиқотӣ барвақтар пайдо шуда бошанд ҳам, роҳ ба сӯи кайҳон аз 5-уми октябри соли 1957 баъди ба мадор баровардани аввалин радифи маснӯӣ Замии «Спутник 1» оғоз ёфт.

         Е. К. Сиалковский дар натиҷаи омӯзиши қонуни бақои импулси ҷисм ғояи парвози кайҳониро ба вуҷуд овард. Ӯ навишта буд: «Замин ин гаҳвораи инсон аст; вай дар гаҳвораи худ абадӣ буда наметавонад, вай аввал фазоҳои назди замин ва баъд фазоҳои дури кайҳонро фатҳ мекунад».

       Баъди ба мадор баровардани аввалин радифи маснуъ олимон кӯшиш ба харҷ доданд, ки организмҳои зиндаро ба фазои кайҳон бароранд. Натиҷаи озмоишҳо заҳматҳои зиёди олимон ва корҳои натиҷабахши онҳо ба он оварда расонид, ки соли 1960 аввалин маротиба аз мавҷудоти зинда саге бо номи Лайка, ки массааш 4,5 кг буд ба фазои кайҳон бароварда шуд ва ин озмоиш бо муваффақият анҷом ёфт. Акнун дар назди олимон масъалаи ба фазои кайҳон парвоз намудани инсон пайдо шуд. Аммо, ин ҳам бошад баъди андак муддати вақт бо ақлу заковати инсонӣ роҳи ҳалли худро ёфт. Нахустин кайҳоннаварди ҷаҳон, шаҳрванди собиқ Иттиҳодияи Шуравӣ 12-уми апрели 1961, соати 9:07 дақиқаи субҳ ба вақти Москва дар киштии кайҳонии «ВОСТОК -1» кайҳонаврд Ю.А. Гагарин ба фазои кайҳон парвоз кард.

Моҳи савр он рӯзи базму шодӣ буд,

Рӯзи фатҳи коинот буд, дар Замин.

Аз миёни одамони бошуҷоъ,

Буд омода Гагарин аз Замин.

Сӯи кайҳон шуд равон чун меҳмон,

Дар миёни ахтару сайёраҳо.

Баҳри истиқболи он сон Родмард,

Базми ахтарҳо бишуд дар бурҷҳо.

Пешвози меҳмон дар бурҷҳо,

Аз Замин мавҷи равон шуд раҳнамо.

Ҳар ситора бо ҷамолу ҳусни худ,

Бо табассум, ханда чун мавҷи садо.

Одамиро чун бидида ногаҳон,

Лол гашта, хомӯш андар он замон.

Байни ҳам бас ахтарон бо суру нур,

Ҷумлагӣ аҳсан-т гуфтанд ҳар макон.

Базмгоҳи ахтарон пурҳусн шуд,

Ҳусни одам андарон маъмур шуд.

Меҳмони аввалин буд аз Замин,

Номи он вирди забон машҳур шуд.

Чун Гагарин дар мадори ахтарон,

Гирд бо гирди Замин мешуд равон.

Роҳи кайҳонро кушод аз баҳри мо,

То Замин, сарсабз бошад ҷовидон.

Одамӣ муъҷизаи оллоҳӣ аст,

Ақли ӯ ҳам ҷонию бунёдӣ аст.

З-ин сабаб бошем бо ҳам ошно,

Ваҳдати он пойдори олӣ аст!

        Ю.А. Гагарин дар тӯли 108 дақиқа дар сафари кайҳонӣ буд ва дар ин муддати атрофи Заминро як маротиба давр зада, баъди 10 соату 55 дақиқа сиҳату саломат ба майдони колхози «Роҳи Ленин», ки дар тарафи шарқу ғарбӣ шаҳри Энгелс, начандон аз қишлоқи Смеловка ҷойгир аст, ба Замин фуруд омад. Бо ин парвози худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Ин дар таърихи башарият нахустин музаффарияти инсонӣ дар кушодани роҳ ба кайҳон гардид.

      Пас аз он 6-уми августи соли 1961 бо киштии «Восток-2» фалак-паймои 2-юм, Герман Степанович Титов ба коинот бароварда шуд.

       Сеюмин фалакпаймо 11-уми августа 1962 майор Андрей Григоревич Николаев ба коинот парвоз карда, як рӯз пас бар гашт.

      16-уми июни соли 1963 нахустин зан дар ҷаҳон Валентина Терешкова ҳамроҳи Валерий Биковский ба кайҳон парвоз намуд. Онҳо дар муддати 3 рӯз атрофи заминро 48 маротиба давр зада, сиҳату саломат ба замин бар гаштанд.

      Илми кайҳонавардӣ барои таҳқиқи кайҳон ва аниқтар омӯхтани муҳити атрофу қонунҳои табиат аҳмияти калон дорад. Мазмуни калимаи кайҳон маънояш коинот, фалакиёт, фазо, осмон аст. Тамоми ҳастӣ ё ин ки мавҷудоти гуногуни моро иҳотакунанда материк меноманд.

      Кайҳонавард кист? Маънояш астронавт ё ки космонавт мебошад, яъне, шахсест, ки тайёрии тиббию биологӣ ва техникиро ҳамаҷиҳата гузашта, ба кайҳон парвоз кардааст. Ба ҳамаи ин тараққиёти техникаи имрӯзаи давлатҳои пешқадами ҷаҳон шароити фаровон ба вуҷуд оварданд. Кайҳоннавардон дар фазо таҷрибаҳои зиёде гузаронданд, ки ҳар яки он аҳамияти муҳимми астрономӣ, географӣ, физикӣ, тиббӣ, геологӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, биологӣ, кишоварзӣ, иқлимшиносӣ ва иттилоотию сиёсӣ доранд. Хизматҳои кайҳонавардон асосан ба манфиати одам равона карда шудааст. Таҳқиқи фозои дури атрофи Замин имконият дод, ки масъалаи барқарор кардани алока бо масофаҳои ниҳоят дур такмил ёбад. Масалан, метеорология (обу ҳаво санҷӣ)-и кайҳонӣ дар зиндагӣ ҷойи муҳимро гирифт. Бо истифода аз кайҳон байни давлатҳо алока барқарор гардид, намоишҳои телевизионӣ намоиш дода мешаванд, фалокатҳои табиӣ пешгирӣ карда мешаванд. Ба воситаи онҳо ҳаракати нақлиёти ҳавоию баҳрӣ назорат ва захираҳои рӯи қабати замин муайян карда мешавад. Ин аст хизмати кайҳоннавардон барои инсон.

Сайдасрори ҚАЛАНДАРЗОДА, маллими калони кафедраи

методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо

Related Articles

Leave a Comment