Home ХАБАР ҶАШНГИРИИ РӮЗИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМИ ГИТЛЕРӢ

ҶАШНГИРИИ РӮЗИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМИ ГИТЛЕРӢ

by admin
271 views

   Рӯзи 8-уми май дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъомади тантанавии омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

     Ҷамъомадро ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо кушода, дар мавриди таърихи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва нақши ҳамдиёрони мо дар ғалаба бар фашизм дар солҳои 1941-1945 суханронӣ намуд.

     Профессор Мирализода, аз ҷумла қайд намуд, ки халқи тоҷик дар қатори халқҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ барои сарнагун кардани нерӯҳои ҳамлавари гитлерӣ бапо хоста, талафоти калон додааст ва саҳми ин мардуми ғаюр дар ғалаба чашмрас мебошад. Боиси ифтихори мост, ки қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Амиралӣ Саидбеков, Ҳайдар Қосимов, Исмат Шарифов зодагони диёри Кӯлоб мебошанд.

   Сипас, омӯзгори факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагирии дифои ҳарбӣ, генерал – майори мустаъфӣ Азимов Раҷабалӣ баромад карда ёдовар шуд, ки таърихи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва ғалаба бар фашизм мактаби тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ мебошад. Мо дар мисоли муборизаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ бояд ҷавононро тарбия намуда, ҳар ваҷаб хоки Ватани худро ҳимоя намоем.

     Дар поёни нишаст донишҷӯён порчаҳо аз шеърҳои шоиронро дар мавзӯи ватанпарастӣ хонданд ва дастаи ҳунармандони донишҷӯ таронасароиҳои ҷолиб намуданд.

Related Articles

Leave a Comment