Home Без рубрики ҒУРБАТ

ҒУРБАТ

by admin
11 views

 Ҳаким Носир Хусрав

            

Озарда кард каждуми ғурбат ҷигар маро,

Гӯё забун наёфт зи гетӣ магар маро.

Дар ҳоли хештан чу ҳаме жарф бингарам,

Сафро ҳаме барояд аз андуҳ ба сар маро.

Гӯям: чаро нишонаи тири замона кард,

Чархи баланди ҷоҳили бедодгар маро?

Гар дар камоли фазл бувад мардро хатар,

Чун хору зор кард пас ин бехатар маро?

Гар бар қиёси фазл бигаштӣ мадори чарх,

Ҷуз бар мақарри Моҳ набудӣ мақарр маро!

Не-не, ки «чарху даҳр надонанд қадри фазл»,

Ин гуфта буд гоҳи ҷавонӣ падар маро.

«Дониш беҳ аз зиёъву беҳ аз ҷоҳу молу мулк»

Ин хотири хатир чунин гуфт мар маро.

Бо хотири мунаввари рӯшантар аз Қамар

Н-ояд ба кор ҳеч мақарри Қамар маро

Бо лашкари замонаву бо теғи тези даҳр

Дину хирад бас аст сипоҳу сипар маро!

Шукр он Худойро, ки сӯи илму дини худ,

Раҳ доду сӯи раҳмат бикшод дар маро.

Андар ҷаҳон ба дӯстии Хонадони Ҳаққ,

  Чун Офтоб кард чунин муштаҳар маро.

Related Articles

Leave a Comment