Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ «ИШҚИ САРХӮР»Чанд мулоҳиза роҷеъ ба романи тозаэҷоди Кароматуллоҳи Мирзо

«ИШҚИ САРХӮР»Чанд мулоҳиза роҷеъ ба романи тозаэҷоди Кароматуллоҳи Мирзо

by admin
331 views

Гадомад Зулфиев, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистикаи  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чанд мулоҳиза роҷеъ ба романи тозаэҷоди Кароматуллоҳи Мирзо

     Аҳли илму адаб ва хонандаи хушзавқи тоҷик кайҳо боз аз таровати чакидаҳои хомаи Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, устоди сермаҳсул Кароматуллоҳи Мирзо лаззати манавӣ мебардоранд. Аз қадамҳои нахустин ба олами бекарони адабиёт гузоштан устод сари мавзуоти иҷтимоиву ахлоқӣ – яъне тасвири ҷаҳони маънавии инсонҳо андешаронӣ менамояд. Аз ин ҷост, ки ҳар як офаридаи адабии ӯ хонанда ва мунаққиди бештареро ба худ ҷалб менамояд.

     Ҷавҳари адабиёти пурғановати халқи тоҷикро аз замони пайдоиш то имрӯз чӣ дар назм ва чӣ дар наср тасвири ҳаёти воқеии инсоният ва ҳодисаву воқеаҳои ба сари ӯ омада ташкил медиҳад. Ин масъала ба ҳамагон маълум аст.

     Таълифоти нависанда Кароматуллоҳи Мирзо низ аз ибтидои фаъолияти эҷодӣ то кунун фарогири ҳамин ғоя мебошад, вале тарзи тасвир, баёни фикр, гузориши масъала, сохтмони сюжет ва инъикоси реалистонаи ҷараёни воқеот дар навиштаҳояш ба нависанда имкон додааст, ки дар миёни аҳли илму адаби кишвар ҳаводор ва муҳаққиқ дошта бошад. Чунин мӯъҷазии баён ва шевоии калом дар романи тозаэҷоди адиб – «Ишқи Сархӯр» рӯи кор омадааст, ки нашриёти миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» дар шумораи №2, соли 2020 онро аз чоп баровард.

     Роман чун дигар таълифоти нависанда аз тасвири воқеъбинонаи ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи имрӯзаи мо ҳикоят мекунад. «Ишқи Сархӯр» — чунин ном гирифтааст романи нависанда. Хонандаи огоҳ ба чунин тарзи номгузории асраҳо аз ҷониби Кароматуллоҳи Мирзо шинос аст, чаро ки номҳои рамзии «Дарди ишқ», «Дар орзуи падар», «Модари бачакӯш» барин ифодаҳо дар эҷодиёти нависанда кайҳо боз таваҷҷуҳи мухлисони каломи волояшро ҷалб кардааст. Ин навбат ҳам, зери ибораи «Ишқи Сархӯр» нависанда моҷарои зиндагии одамони касбу кори гуногунро дар давру замони мухталиф ба риштаи тасвири бадеӣ гирифтааст.

     Роман аз лиҳози фарогирии мазмун ва мундариҷа романи сирф миллӣ-иҷтимоист. Амалу ҳаракоти қаҳрамонон ва персонажҳои асосиву лаҳзавӣ бардошт аз ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошанд.

     Хати сюжети асарро аз як тараф сарнавишти ҷавонони булҳавасу худписанд ва маккору ноогоҳ ва аз тарафи дигар рӯзгори як ҷавони заҳматписанду меҳнаткаш, ки бо арақи ҷабин ва обилаи кафи даст рӯзу рӯзгор мегузаронад, ташкил медиҳад. Тамоми ҳодисоту воқеоти сюжети роман аз инҷо сарчашма мегирад, ки ба никоҳи Лутфия бо холабачааш – Фахрӣ Қарори Ҳукумат дар бораи никоҳи хешутаборӣ ва модари Лутфия – Меҳринисо бо чунин хаёлот «Фарзандон бачагӣ мекунанд, соз намегиранд, калонсолон ҷанҷол, дилсиёҳӣ» зид баромаданд. Баъди чунин хулосаҳо Лутфия дар сар ҳавову ҳаваси Фахрӣ ҷои он ки аз рӯи ақли солим ва ҳамчун як фарди огоҳ фикру хулосабарорӣ кунад, Фахриро маҷбур месозад, ки савганди садоқату вафодорӣ хӯрда, бо ҳам даст ба худкушӣ зананд. Бехабар аз он, ки дар дили Фахрӣ ба ҷуз Лутфия боз духтари «талбидаю харидаи вазир» –Мӯниса низ маъво дорад. Ба ин лавҳа рӯ меорем «Баъде, ки Лутфия Фахриро то паси дарвоза гуселонад, Мӯниса ӯро соҳиб, онҳо боз бо ҳам».

      Образи Фахрӣ намунаи хулқу атвори ҷавононе мебошад, ки дар аҳду вафои хеш ноустувор ва ба ҷуз маишату хушгузаронӣ барои онҳо чизи муқаддасе вуҷуд надорад. Бо вуҷуди он, ки Лутфия духтари холааш буд, дар як маҳалла зиндагӣ мекарданд ва Лутфия аз миёни тамоми ҷавонони ноҳия танҳо ба Фахрӣ дил баста буд ва ӯро дӯст медошт, вафо накард. Аз тасвири нависанда Фахрӣ ҷавони хушсурату ба сару либосаш аҳамият медодагӣ, вале дар тиннат нопоку ваъдахилоф, сари ҳар қадам ба духтарон ваъдаи вафо дода, қасами садоқат мехӯрд ва дар аввалин фурсат аз онҳо рӯй гардонда, ба дунболи дигаре меравад. Мақсади зиндагиаш маълум нест, барояш ҳаёт ва муқаддасоти он – ишқу муҳаббат, эҳтирому вафодарӣ арзише надорад. Дар лаҳзаҳои аввал ба духтарон гӯё аз дилу ҷон ошиқ аст, ваъдаҳои болохонадор медиҳад, аҳду паймон мебандад, савганд ёд мекунад, вале дар давоми сайри хати сюжет мебинем, ки ба ҳеҷ кадом як ваъдаҳои додааш на ин ки вафо намекунад, балки онҳоро дар сахтарин ва душвортарин лаҳзаҳои зиндагӣ бе азоби виҷдон раҳо мекунад. Албатта, ин образ типи ҷавононеро ифода мекунад, ки мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаи мо арзи вуҷуд доранд. Бадтарин хислати дигари Фахрӣ он аст, ки ба эҳсосоти ҷавондухтарон бозӣ мекунад, онҳоро бероҳа карда, дар нимароҳи зиндагӣ раҳо мекунад ва ҳатто эҳсоси пушаймони ҳам накарда, тақдири ояндаи онҳо барояш бетафовут аст. Ин ҳама номардию ноодамӣ дар хислати Фахрӣ аз куҷо маншаъ гирифтааст?

     Ба ҳамагон маълум аст, ки макони парвариш ва ташаккули шахсият оила ва муҳити он мебошад. Аз рафти мутолиаи роман маълум мегардад, ки хонаводае, ки Фахрӣ дар он ба дунё омадаву тарбия гирифтааст, муҳити он чандон солим набудааст. Дар ҳоле ки рӯфтани кӯча кори занон аст, падари Фахрӣ кӯчарӯбӣ мекардааст ва модараш бошад, нигоҳубини кӯдакони оилаҳои сарватмандро пешаи рӯзгузаронӣ карда, ба тарбияи дурусти фарзанди хеш кам аҳамият медодаанд. Дар ин ҳолат андешае ба вуҷуд меояд, ки шояд муҳити носолими оила ва вазъи қашшоқонаи зиндагии падару модар ба Фахрӣ «дарси ибрат» шуда, ӯро бар он водор сохтааст, ки арӯсшавандаҳоро аз оилаҳои сарватманд интихоб намояд, то дар оянда аз сармояи хешовандони арӯс рӯзу рӯзгор гузаронад.

     Паҳлӯи дигар ин масъала аз он иборат аст, ки Фахрӣ дар баробари хислатҳои бадаш истеъдоди суханварӣ дошт, ки зуд ба дили духтарон роҳ меёфт. Ҳангоми озмуни «Зебосанами сол» дар ноҳия, ки Лутфия ғолиби он мегардад, аз миёни ҷавонони зиёд ӯ Фахриро интихоб мекунад. Ҷавоне бо тамасхур – «хуш кардаат ҳамин», гуфта ба ҳоли ӯ механдад, Лутфия дар ҷавоб мегӯяд: «Шумо бад як чизро намедонед. Худо ба вай забон додааст. забон». Ана маҳз ба туфайли ҳамин «истеъдоди худодод» ӯ дили духтаронро ба даст меовард ва ба бахту саодати онҳо зомин мегардид. Зишттарин намунаи рафтори Фахрӣ дар он ифшо мегардад, ки барои куштани Лутфия бо Мӯниса нақша кашида, даст ба гуноҳи азим – одамкушӣ мезанад. Чунин ранг гирифтани қисмати ҷавонони ошиқ дар роман маънои носолимии фикри ҷавонони ҳамзамонро дорад. Аз байн рафтани эҳтироми калонсолон дар миёни ҷавонон, ба суханони падару модар гӯш наандохтани онҳо ва дар роҳи расидан ба ишқи худ нодида гирифтани ҳама суннату арзишҳои гузаштагон ҷавонони худписандро ба чунин рӯзҳои нохуш оварда мерасонад.

     Дуруст аст, ки дар шароити имрӯза ҷавонон бояд ҷуфти худро мустақилона интихоб намоянд, лекин дар ин ҷо ҳам бояд дар доираи қонун ва албатта розигии волидайн, зеро ки то ҳол нашудааст, ки падару модар дар пайи бадбахтии фарзандон бошанд. Маҳз ҳамин ҷиҳати харобии маънавиёти иддае аз ҷавонони имрӯза дар амалу рафтори Фахрӣ, Лутфия ва Мӯниса тасвир ёфта, ҷомеаро водор месозад, ки сари ин масалаҳои то ба ҳол ҳалношудаи ахлоқӣ андеша намуда, бетараф набошем. Ҳамчунин, аз мазмуни асар бармало мегардад, ки Фахрӣ ба ҳар духтаре, ки изҳори муҳаббат мекунад, оқибати кори он ба нестӣ ва расвоӣ меанҷомад. Лутфия худро аз ҷарӣ мепартояд, Мӯниса худро дар об ғарқ мекунад, ба Соробегим бошад, баъди овоза шудани ишқи ӯ ба Фахрӣ дигар касе хостгор намешавад. Пас, гуфтан ҷоиз аст, ки ишқи Фахрӣ ишқи несткунандаи духтарон, ишқи сарсарӣ ва ишқи сархӯр буд. Ба таври дигар гӯем, Фахрӣ аз рӯи номи гузоштаи волидонаш бояд фахри оила, фахри ҳамсару фарзандон ва фахри давру замон мешуд, аммо баракс шарми волидон ва оварандаи иснод ба шаъни эшон шуд.

     Аз рӯи ҳодисаву воқеаҳои роман тамоми кирдорҳои ношоями инсонӣ ба образи Фахрӣ рабт дорад, вале дар ҳама амалҳои разилонааш танҳо худи ӯ гунаҳкор нест. Агар Лутфия ба Қарори Ҳукумат дар бораи никоҳи хешутаборӣ ва норозигии модар ба никоҳи онҳо зид намебаромад ва ё Мӯниса бо вуҷуди он ки медонист Фахрӣ бо Лутфия аҳду паймон доранд, бо ӯ ҳамдаст шуда, қасди кӯштани Лутфияро намекард, ба танҳоӣ аз дасти Фахрӣ чизе намеомад ё шояд ҷуръат ҳам ба ин корҳо намекард. Аммо дида мешавад, ки ҳам Лутфия ва ҳам Мӯниса дар амалисозии кирдорҳои ношоистаи Фахрӣ мададрасонанад. Ҳамчунин, ҳам Лутфия ва ҳам Мӯниса медонистанд, ки Фахрӣ бо ҳардӯяшон аҳду паймони ошиқӣ кардааст, бо вуҷуди, ин духтарон бар хилофи оини ишқу муҳаббати пок боз бо ӯ буданд ва ҳатто барои чунин инсони паст аз ҷони худ ҳам гузар карданд. Ин маънои онро дорад, ки мутаасифона имрӯз дар миёни қисме аз бонувон – духтарони мо ишқу муҳаббати самимӣ ба маънои томаш аз миён рафта, ҷои онро ҳавову ҳаваси гузаранда гирифтааст. Ба ин мисолҳо таваҷҷуҳ мекунем: «Лутфия аз назди ҷавонон бо кибру ғурур, бо сари баланд гузашта, пеши Фахрӣ рафт, дасташро ба гардани ӯ андохт, шарм надошта ӯро бӯсид ва гуфт «Фахрӣ ман аз они худат». Мисоли дигар манзарае, ки дар гӯристон дар пеши чашми Лутфия рӯх дод: «-Биё ҷонакам, биё – Мӯниса оғуш кушода ба пешвози Фахрӣ қадам монд. Ҳар ду оғӯш ба оғӯш, бӯсобӯс, хандоханд». Чунин ранг гирифтани муносибатҳои маҳрамонаи ошиқу маъшуқ дар маърази ом намунаи мутлақи беҳаёгӣ ва беиффатӣ ба ҳисоб меравад, ки мутаассифона, имрӯз мо дар ҳаёти воқеӣ мушоҳида мекунем. Тасвири чунин манзараҳо дар роман ҳушдори нависанда аз косташавии ахлоқи ҷавонон шаҳодат медиҳад.

     Бадбахтии ба сари Лутфияву Мӯниса омада сабабҳои гуногун доранд — аввалан интихоби нодурусти ҳамсафари оянда, Лутфия духтари яккаву ягонаи падару модар аз оилаи нисбатан доро, илова бар ин, ба Фахрӣ духтари хола мешавад. Мӯниса бошад, духтари одами калоншаванда – вазир аз ҷиҳати иҷтимоӣ тамоман ба оилаи Фахриино номувофиқ. Ин номувофиқиро падари Фахрӣ медонад ва ба ӯ таъкид мекунад: «… мо куҷову духтари вазир куҷо, ҳар кас ба вор-вори худаш, ҳар кас поша чени курпаи худаш дароз мекунад» . Дигар сабаб он аст, ки ҳам волидони Лутфия ва ҳам Мӯниса тамоман ба ҳарфи дили духтарони ҷавон гӯш намекунанд ва ҳамчун падару модар ҷиҳати роҳи ҳалли он кӯшиш ҳам намекунанд, дар ин роҳи бепоён ва барои ҷавонони бетаҷриба норавшан онҳоро ба ҳоли худ, аниқтараш ба панҷаи тақдир ҳавола мекунанд, ки оқибати корашонро аз хати сужети роман мебинем, ки ба чӣ меанҷомад.

     Намунаи барҷастаи инсони заҳматкашу меҳнатдӯст, ранҷкашидаву қавиирода, ростқавлу фидокор ва ҷасуру далер дар образи Исфандиёр – Сархӯр аз ҷониби нависанда Кароматуллоҳи Мирзо дар асар моҳирона таҷассум гардидааст. Бар хилофи хулқу атвори Фахрӣ, Сархӯр дар рафтор ва кирдораш тамоми хислатҳои шоистаро, ки барои як ҷавонмарди ҳақиқӣ лозим аст, дорост.

     Аз рӯзе, ки Исфандиёр ба дунё меояд, хонадонашон мотамкада мешавад – аввал падар ва баъди чанд рӯз Фотимаю Зуҳро хоҳарони қадрасаш вафот мекунанд, аз ин рӯ, ӯро Исфандиёр не, балки Сархӯр меноманд, чаро ки ба қавли сокинони маҳалла тифли бепою қадам будааст. «Кӯдаке шуда ӯ, ки баъди таваллудаш ин қадар бесару сомонӣ, саргардонӣ, мотам. Ӯ бепою қадам, сархӯр, ҳатто як-ду зан ӯро ба даст гирифтан нахостанд, ҳазар карданд, гӯё вай бехосият будааст». Бо гузашти айём Сархӯр писаре мешавад, ки модари зору танҳояшро лаҳзае танҳо намонда, мӯнису ғамхораш мешавад ва барои дарёфти қӯти лоямути худ ва модараш новобаста аз сину солаш тамоми корҳои душвору тоқатфарсои мардумро иҷро намуда, ба ивазаш музд гирифта, назди касе муҳтоҷ намешавад. «Аз рӯзи ногузаро чӣ заҳматҳое намекашид. Ҳамсояҳо чи коре мефармуданд, ба по не, ба сар медавид. Мошин – мошин коҳу алафи аз саҳро овардаи онҳоро аз кӯча ба коҳдону болохонаҳояшон мекашонд, ҳезум мешикаст, шоху шаппаҳои дарахтонашонро дарза мебаст, хоку хокистар мепартофт, ҳавлӣ мерӯфт. Ҳамааш аз баҳри як лаб нон, ё як пайса – ним пайсае, ки аз дар медаровард, ба модар медод». Аз ин бар меояд, ки на ҳама фарзияҳои мардумӣ асоси воқеӣ доранд, яъне хилофи «сархӯр» гуфтани ҳамсояҳо Исфандиёр на ин ки «сархӯр» балки наҷотдиҳанда мешавад. Пеш аз ҳама, наҷотдиҳандаи модари яккаву танҳояш — Санам, ки ба ғайр аз писари ятимаш дигар касе надошт. «Вай чашм кушодаву модари ғамзадаро дида. Ғами ӯро мехӯрд. Давраи мактабхониаш расидаю барои таъмини зиндагонии модар медавид».

     Исфандиёр – Сархӯр тимсоли инсонҳои заҳматкашу ранҷбар, ғамхору ҳалим ва дар навбати худ аз ҳаққу ҳуқуқи худ ҳимоякунанда мебошад. Аз мутолиаи асар баръало эҳсос мешавад, ки нависанда инсонҳои ба роҳи рост равандаву аз тариқи меҳнати ҳалол рӯзгузаронро ташвиқ мекунад. Ин албата бесабаб нест. Имрӯз кӯчаю бозор ва раставу роҳравҳо пур аз ҷавонони бекораву бероҳа, ки ба қавли худашон аз набуди ҷои кор овора шудаанд ва барои рӯзгузаронӣ даст ба корҳои ношояму ношоиста мезанад. Илова бар ин, бо роҳи дуздиву қаллобӣ ва амсоли инҳо «зиндагӣ» мекунанд. Зуҳури образи Сархӯр давоест ба дарди он ҳама ҷавонони бекораву бероҳа.

     Моҳияти зиндагии Сархӯр танҳо аз беҳбуд бахшидан ба рӯзгори хеш иборат набуда, балки самти асосии ҳастии ӯро қумаку ғамхорӣ ба дармондагону эҳтиёҷмандон ташкил медиҳад, ки бо майлу хоҳиши том иҷро мекунад. Ҳангоме ки гову гӯсолаи бобои Назар дар қуллаи кӯҳ мемонад, танҳо Сархӯр ҷуръати ба баландии кӯҳ баромаданро карда, гову гусоларо бо заҳмати зиёд ба поён мефарорад: «Ангуштонаш дар таги санг мемонаданд. Аз онҳо хун мешорид, аз дард месӯхт, наафтам гуфта баъзан сангҳоро дандонгаз карда, ҷунбида-ҷунбидаву хазида ба гову гӯсола наздик мерафт». Бо чунин азобу машақат Сархӯр гову гусолаи бобои Наззорро аз қуллаи касногузари кӯҳ фароварда, бар ивази хизматаш гусоларо талаб карда, баъди муқобилиятҳои зиёди бобо Сархӯр соҳиби гусола мешавад. Ҷои дигар ҳамсинфи Сархӯр — Нигора дар хона, дар ҳалқи оташ мемонад, падару модар ва ҳамсояҳо умедашонро аз зинда мондани ӯ мекананд, дар ин ҳолат Сархӯр аз куҷое пайдо мешавад: «Наход Нигора ҳамсинфам дар даруни алов мондааст?» Об пурсид, сатил – сатил обро ба сараш рехт, ҷомаашро ҳам тар кард, онро ба сараш кашида ақиб гашт. «Эй бача, ту чӣ кор карда истодаӣ? Месӯзӣ, мемурӣ», пеши роҳашро гирифтанӣ шуданд. Аммо вай ба ҳеҷ кас гӯш надода ба хона, ба даруни алов зада даромад… Баъди лаҳзае дидем, ки Нигора дар бағал, сар то пои худаш алов, мисли як аловдаста тарафи кӯли об равон шуд». Дар ин қарамонии нишондодаи Сархӯр хилофи бобои Назар модари Нигора ӯро «поку пиҳил» ба Сархӯр бахшид. Сархӯр бошад, оини ҷавонмардиро пеша карда, ин пешниҳодро қабул намедорад. Чунин амалкарди Сархӯр нишонаи тарбияи баланди маънавӣ ва хислати некӯи инсондӯстонаи ӯро нишон медиҳад, ки хонандаро водор бар он месозад, ки инсони комил бояд барои амали хайр, махсусан наҷоти ҷони одамӣ талабе надошта бошад, зеро амалҳои неки кардаи мо рӯзе дастгирамон мешаванд. Ҳамин тавр, дигар амали накӯ ва ҷоннисории Сархӯр ин аз вартаи марг раҳонидани Лутфия мебошад, ки бо заҳмати зиёд ва бо чунин азоб: «Кафҳои даст, панҷаҳояш обила заданду хуншор, дарду сӯзишашон беҳисоб. Бандҳоро гиреҳ андохта – гиреҳ андохта ваҷаб ба ваҷаб худ ва духтарро боло мекашид» аз ҳолати нобудӣ раҳоӣ бахшид.

     Аз тасвирҳои нависанда нисбат ба образи Исфандиёр — Сархӯр хонандаи огоҳ ба хубӣ дарк мекунад, ки Сархур дар зиндагӣ ба ғайр аз парвариши тухми накӯӣ дар мазраи қалби хеш дигар доне накоштааст ва сабаби ҳама муваффақияту бахти баландаш маҳз андешаи некӯ, боварӣ ба ояндаи дурахшони ӯ мебошад. Ин хушбинӣ ва боварӣ ба худ ва ҷасорати шикастнопазираш аст, ки ӯро ҳамеша дар ҳар амалу рафтораш муваффақу маҳбуб мегардонад. Накӯандешиву накӯкориҳояш мерос аз модари маъсуму беозораш буда, ки эшон дар зиндагӣ ба ҷуз дарду алам, азобу машаққат чизе надида ва бо вуҷуди танҳоиву бекасӣ бо меҳнати ҳалол фарзандашро ба воя расонидааст.

      Образи Исфандиёр — Сархӯр сирф образи мусбат аст, тамоми амалкарди ин қаҳрамон аз оғоз то анҷоми роман некиву покист. Исфандиёр ном гузоштани қаҳрамони марказии роман шабеҳи образи Исфандиёри рӯҳинтан аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба назар мерасад. Агар Исфандиёри офаридаи Ҳаким Фирдавсӣ дар майдони ҳарбу зарб обу тоб ёфта баданаш, ба рӯҳ мубаддал гашта бошад, пас Исфандиёри офаридаи устод Кароматуллоҳи Мирзо аз кору заҳмати зиёд ҷиҳати гузаронидани рӯзгори ҳалолу покиза қавиву мустаҳкам гаштаааст.

     Аз ибтидо то интиҳо романи «Ишқи Сархӯр» фарогири рӯзгори ҳаррӯзаи мо мебошад. Масалаҳои дарду ранҷи ятимон дар образи Санам, бемеҳриву бемуҳаббатии падароне, ки пас аз марги ҳамсар оиладор мешаванд ва ба тақдири минбаъдаи фарзандони ятимашон аҳамият намедиҳанд — дар образи падари Санам, кирдорҳои ношоиставу рафтори гӯшношуниди иддае аз модарандарон — дар образи Гулрез, мавҷуд будани ҳиссиёти маҳалгароӣ дар муносибати сокинони деҳаи Сафедоб — бо бобои Ӯзбакхоҷа воқеъбинонаву равшан таҷассум ёфтааст. Вале, ин маънои онро надорад, ки роман сар то по аз ифшои камбудиву нуқсони давру замон иборат аст. Дар баробари ба риштаи тасвири бадеӣ кашидани камбудиҳои замон, ҳамчунин, анъанаҳои неки гузаштагон – гиромӣ доштани насли бузургсол, нексиришту кӯмакрасон ва хайрхоҳ будани халқи тоҷик ба якдигар, ростқавлу вафодор будан ба аҳду паймон, арҷ гузоштан ба ҳунару ҳунармандон, ба инсони заҳматкашу заҳматписанд ва амсоли инҳо самти дигари сюжети романро ташкил медиҳад.

     Сюжети роман гуногунсамт мебошад. Аз як тараф моҷарои ишқи сар-сарии Фахрӣ бо Лутфия, аз тарафи дигар ҳаёти серташвишу ибратбахши Исфандиёр – Сархӯр, дигар рӯзгори талху тоқатфарсои Санам мебошад, ки тамоми ҳодисоту воқеоти роман ба ҳамин се самти хати сужет алоқаманд мегардад. Агар ба ин се самти ҳаракати ҳодисаву руйдодҳои хати сюжет бодиққат назар афканем, як навъ хулосае ҳосил мешавад, ки бисёр таъсирбахш ва ибратомӯз аст. Масалан, мо аз мутолиаи асар огоҳ мешавем, ки Фахрӣ, Лутфия ва Мӯниса, ки ҳар се ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар роҳи расидан ба ишқи худ ноком мешаванд ва худро ба нестӣ мебаранд, дар оилаҳое буданд, ки болои сарашон падару модар чун кӯҳ устувор буд ва дар ҳама ҳолат онҳоро дастгирӣ ва аз эшон ҳимоят мекарданд, ҳамчунин онҳо дар синни ҷавонӣ қарор доштанд ва метавонистанд ҳама чизро аз нав шуруъ намоянд, аммо беиродагиву бемаърифатиро пеша карда, худро ба коми маргу гумномӣ афканданд. Самти дигари сюжети романро, ки ҳаёти ибратбахши Сархӯр ва рӯзгори талхи Санам унвон кардем, мутафовит аз самти дар боло гуфташуда мебошад, яъне бараъкси рӯзгори Фахриву Лутфия ва Мӯниса дар паҳлу Санам ва Сархӯр ба ҷуз якдигар касе набуд, вале онҳо бо азму иродаи қавӣ, руҳи шикастнопазир ба ҳаёт идома доданд ва дар ниҳоят ба қуллаи мақсуд расиданд. Ин аст ҷавҳари маънии романи «Ишқи Сархӯр»-и нависанда Кароматуллоҳи Мирзо.

     Ҳамин тариқ, романи «Ишқи Сархӯр» чун миръоти ҳақиқатнамои рӯзгори иҷтимоии халқи тоҷик дар замони имрӯза вазифаи ахлоқӣ-тарбиявии худро дорост, ки аз мутолиаи он хонандаи нуктафаҳм ҷаҳони маънӣ ва таҷрибаву ибрати рӯзгорро бардошт менамояд. Дар замони муосир, ки ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавонон коста шудааст, эҷоди романи мазкур саривақтиву муфид буда, хонандаро ба роҳи росту дуруст ҳидоят намуда, дар замири он тухми меҳру садоқат ба инсонияту ҳислатҳои ҳамидаи инсониро парвариш медиҳад. Дар воқеъ, мавзӯи меҳварии романи «Ишқи Сархӯр»-и Кароматуллоҳи Мирзо аз замони пайдоши адабиёти бадеии халқҳои тоҷику форс вуҷуд дошт ва то ба ҳол аҳамияти худро гум накардааст ва дар ояндаҳои дур низ гум нахоҳад кард, чароки тарбияи ахлоқиву маънавии инсон ин мавзӯест, ки бо пайдоиши одаму олам ба миён омадааст ва то он даме, ки ҳаёт дар рӯи Замин идома меёбад ин мавзуъ арзишманд боқӣ хоҳад монд.

Related Articles

Leave a Comment