Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки дар як муддати кӯтоҳ ба пешравиҳои зиёде ноил гардидем. Яке аз дастовардҳои беҳтарини ба даст овардаи мо ин ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Пас аз истиқлолият мо соҳиби нишон, парчам, суруди миллӣ, асъори миллӣ ва забони давлатӣ гардидем.
Аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ин нерӯгоҳҳои обии барқии ҷумҳуриямон мебошанд, аз ҷумла НБО-и «Сангтуда 1», «Сангтуда-2», «Роғун», «Норак», «Қайроққум» ва ғайраҳо. Яке аз нерӯгоҳҳои абарқудрати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нерӯгоҳи барқии обии Роғун мебошад, ки бо сохтани мушкилии норасоии барқ бартараф шудааст.
Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе — Хоруғ — Мурғоб, Душанбе — Рашт — Саритош, Душанбе — Хуҷанд — Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гаштааст.
Хулоса, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ин ганҷинаи ноёбанд, ки то ҳол бисёре аз кишварҳои пешрафта онро ба даст наовардаанд. Ҳифзи онҳо вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Мадина ОДИНАЕВА,
донишҷӯи соли 2-юми
факултети филологияи хориҷӣ