Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ САНОАТИКУНОНӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТ

САНОАТИКУНОНӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТ

by admin
269 views

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.12.2018 чунин баён доштанд: «… Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.»

Саноат яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб рафта, қариб дар замони ҳокимияти Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст. То ин дам дар Тоҷикистон чун як гӯшаи дурдасти Россия корхонаҳои косибии хурд бартарӣ доштанд.

Чунин корхонаҳои хурди косибӣ қариб дар ҳама гӯшаю канорҳои Тоҷикистон вуҷуд доштанд, ки онҳо ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пӯсту пашм ва истеҳсоли олотҳои нисбатан оддӣ машғул буданд. Дар қаламрави Тоҷикистон даҳҳо ҳазор одамон ба кори косибӣ банд шуда, аксар танҳо ва ё худ дар артели хурд кор мекарданд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда дар ҳудуди ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон 3335 корхонаҳои косибӣ амал мекарданд, ки дар онҳо 3543 коргар кор мекард. Қариб 90%-и ин корхонаҳоро соҳаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, дастгоҳҳои бофандагӣ ва коркарди пӯст ташкил медод, ки аслан барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолии маҳаллӣ равона шуда буд. Дар округи Хуҷанд бошад, то замони ҳокимияти Советӣ зиёда аз 8 ҳазор корхонаҳои хурди косибӣ амал мекард, ки дар онҳо қариб 15 ҳазор нафар коргар банд буд. Соли 1913 дар қаламрави Тоҷикистон корхонаҳои ба ном саноатӣ ҳамагӣ 29 адад буд, ки 11-тои он ба истихроҷи ангишт, нефту озокерит, 8-тои он аз дастгоҳҳои пахтатозакунӣ, 4-то корхонаи хурди коркарди намак ва ду заводи шароббарорӣ иборат буд.

Ҳоло саноат соҳаи асосии иқтисодиёт буда, қисми зиёди даромади миллии мамлакатро ташкил медиҳад. Ҳиссаи он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 17,5% баробар мебошад.

Саноати Тоҷикистон баъди соли 1990 ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ дучор омад. Сабаби асосии он канда шудани робитаҳои иқтисодӣ бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷумҳуриро тарк намудани бисёр коргарону мутахассисон гардид.

Саноати Тоҷикистон серсоҳа ва инкишофи комплексӣ дошта, бо техникаю технологияи ҳозирзамон ҷиҳозонида шудааст. Дар ҳайати он бештар аз 90 соҳаҳои гуногун ва намудҳои истеҳсолӣ гирд оварда шудаанд.

Сайёд РАСУЛОВ,

магистранти соли 2-юми

факултети иқтисод ва идора

Related Articles

Leave a Comment