Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ПАДАР — САРВАРИ ХОНАДОН

ПАДАР — САРВАРИ ХОНАДОН

by admin
12 views

Вақте калимаи падарро ба забон меорем, бевосита пеши назарамон шахси роҳнишондиҳандаи ҳаёт падидор мегардад. Падар касест, ки дар симои ӯ омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеъдодро дидан мумкин аст. Падар шоҳсутуни хонадон, тарбиятгари фарзандон, ороимбахши хонадон аст. Падар шахси барӯмандест, ки аз хӯрдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургтарин шахсест, ки дар баробари модар мунису ғамхор буда, касро олами маънӣ меомӯзонад.

Падарро метавонем ба равшангари шоми фарзандон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони фарзандонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкилии ҳамаро осон мегардонад.

Дилноза ҶАЛИЛЗОДА,

донишҷӯи соли 1-уми факултети

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment