Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ КӮЛОБ-ДИЁРИ НОЗАНИНАМ

КӮЛОБ-ДИЁРИ НОЗАНИНАМ

by admin
250 views

Навқалам

Сафо меборад аз ҳусни баҳоророи Кӯлобам,

Насими субҳ меояд зи ҳар маъвои Кӯлобам,

Муҳаббат мефурӯзад талъати зебои Кӯлобам,

Чаканпушони маҳсиму гулу раънои Кӯлобам,

Ба илҳоми садоқат ошиқи шайдои Кӯлобам.

Ба ҳар ҷое сафар кардам, туро пеши назар дидам,

Зи ҳар обе, ки нӯшидам, ба ёдат шод гардидам,

Гулу бахту муроди хешро аз боғи ту чидам,

Ҳазорон шукр мекардам дар оғӯши ту рӯидам,

Ғазалхону суханпардоз аз илқои Кӯлобам.

Илҳом ҶАЛИЛЗОДА,

донишҷӯи соли 2-юми

факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг

 

Related Articles

Leave a Comment