Home ХАБАР ДАР МЕҲМОНИИ МО

ДАР МЕҲМОНИИ МО

by admin
209 views

Санаи 17-уми апрел ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ адиб, шоир ва таърихшинос Муҳтарам Ҳотамзода бо ҳунарманди шинохта Баҳодур Неъматов ташриф оварданд.

Ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ ноиби ректор оид ба таълим, номазади илмҳои филологӣ Холиқзода Айниддин хайрамақдам гуфтанд. Вохӯрии меҳмонон бо донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика, факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ гузаронида шуд, ки шоир Муҳтарам Ҳотам аз ашор ва эҷодиёти тозаи худ дар атрофи мавзӯҳои ватандӯстӣ баромад намуданд. Дар поёни ин нишасти хотирмон таронасарои овозаманди эстрадаи тоҷик Баҳодур Неъматов бо таронаҳои худ дили нишастагонро шод гардонд.

Related Articles

Leave a Comment