Home АНДЕША ҚАДРИ ЗАРРО ЗАРГАР МЕДОНАД…

ҚАДРИ ЗАРРО ЗАРГАР МЕДОНАД…

by admin
396 views

Бо гузашти солҳо ассистент, номзади илм, дотсент, мудири кафедра, муовини ректор, доктори илм, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ шудам, аммо он вақте ки А.Мирализода маро дастгирӣ кард, хатмкунандаи одии деҳотие беш набудам, ки бо дипломи «аълочӣ» дар даст орзуи омӯзгор шудан мекардам. Муҳтоҷи кӯмаки камтарини маънавӣ будаму онро аз инсони шариф, содиқи касбу кор, ҷавонпарвар, дурандеш пайдо карда тавонистам. Дар асл, педагоги асил — А.Мирализода кадршинос ҳастанд ва барои амалии нақшаи созандаи ҷавонон ҳампаҳлуяшон меистанду барои тарбия ётан кӯмак мекунанд.

Омӯзгор будан шинохтани инсон аст. Барои тарбияи дурусти шогирд омӯзгори воқеӣ ҳампаҳлӯи ӯ меистад, дар пастиву баландӣ таҳаммул пазируфтан, барои адолат талош кардан, ҳақшиносу ҳадшинос будану ба беҳтаринҳо роҳ кушодан, азми қавӣ доштан ва ба нерӯи худ бовар намудан, олим шудану одам монданро меомӯзонад.

Мирализода Абдусалом аз зумраи ҳамин гуна омӯзгорони дурандешу ҷавонпарваре ҳастанд, ки дар ҳаёти ҷавонони зиёд, аз ҷумла, дар солҳои гуногуни ҳаёти банда чун педагоги воқеӣ ва инсони комил нақши бориз гузоштаанд. Вохӯрии нахустин бо устод, ки боиси вохӯрии дуюм гардид, доимо ёд меоварам…

Соли 2005-ум хатмкунандаи факултети ҳуқуқшиносӣ будам. Ба синфхонае, ки тақсимоти давлатии хатмкунандагон ба ҷойҳои корӣ сурат мегирифт, бо дили пур ва бо ифтихор ворид шудам, зеро холҳои бадастовардаам аз дигарон фарқ мекард. Устод Абдуллоев Неъматҷон — мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ пешниҳод карданд, ки ин донишҷӯ (яъне ман) дар кафедра монад, аммо декани онвақтаи факултет аввалан, зиддият нишон дода, баъдан «меомӯзем» гуфтанду ба масъалаи дигар гузаштанд. Устод Абдусалом Мирализода, ки мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ буданду дар он маҷлис ҳузур доштанд, чун шахси ботаҷриба ва кордон барои худ қайдҳо мекарданд ва онҳоро нигоҳ медоштанд. Мани донишҷӯйи зудбовар, аллакай ба падару модар мужда мерасонидам, ки маро ба сифати омӯзгор ба факултети ҳуқуқшиносӣ қабул карданд. Аз куҷо медонистам, ки барои омӯзгор шудан имтиҳонҳои давлатӣ кифоя нестанд, имтиҳонҳои сангинеро низ бояд гузарам. Хушбахтона, дар ин лаҳзаҳои ҷавонии беғашиву ноогоҳӣ дар паҳлӯи ман нафари поктинати таҷрибадидае пайдо гардид.

Дипломи «аълочӣ» дар даст барои гирифтани роҳхат мерафтам. Бо завқ, бо шавқ, бо нақшаҳои созанда, бо фикри тарбияи ҳуқуқшиносони оянда. Зери таъсири муомилаву муоширати хубу касбии мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ Абдусалом Мирализода худро аллакай муаллим тасаввур мекардам. Саволи ғайриинтизори он кас маро аз хаёлоти рангин ба дунёи тааҷҷуб овард:

— Додарҷон, ту «аълочӣ» ҳастӣ. Барои чӣ прокуратура меравӣ? Ист, омӯзгор шав. Прокурорҳои ояндаро тарбия кун.

Савол бароям ногаҳонӣ буд ва боисрор мегуфтам:

— Устод, ман дар донишгоҳ мемонам. Муаллим мешавам.

Устод тамоми протоколҳои аз ҷониби садорати факултет тасдиқшударо ба ман нишон дода гуфтанд, ки мувофиқи он гӯё ман хоҳиши ба прокуратура ба кор рафтанро дорам. Баъди аз назар гузаронидани ҳуҷҷатҳо донистам, ки касе аз ман чизе напурсида, барои фаъолият ба прокуратура тавсия додааст. Суханони маро шунида, устод ҳуҷҷат ва қайдҳои шахсии худро кофта, ба суханони ман тасдиқ ёфтанду лекин лаҳзае ба ман нигариста боз пурсиданд: «Шояд ягон нафар хешу таборат аз факултет хоҳиш кардааст, ки туро ба прокуратура фиристанд?»

— Ман дар факултет хешу табор надорам, -бо алам гуфтам ман.

Баъди пешниҳоди саволҳои навбатӣ, ки барои мани аълочӣ бегона буданд, аз хоби гароне бедор шудам ва гӯё устод А.Мирализода водорам кард, ки барои кушодани гиреҳҳо ба дунё аз даричаҳои гуногун бояд нигарист. Хулоса, сабаби аз ҷониби садорати факултет ба прокуратура фиристода шуданамро дарк кардаму бисёр ғамгин гаштам. Ба дипломам нигариста, чӣ гуфтану чӣ кор карданро намедонистам. Ҳоли парешони мутахассис устодро ором нагузошт, ки аз ҷой бархостанду гуфтанд:

— Агар азми ҷиддӣ дошта бошӣ, хез, назди ректор меравем.

— Азмам ҷиддӣ аст. Кор кардан мехоҳам. Муаллим мешавам.

Абдусалом Мирализода, ки худ педагог ҳастанд, қадри пешаи омӯзгориро хуб медонанд ва шояд дар симои мани ҷавон омӯзгори ояндаро медиданд, ки тамоми ҳуҷҷатҳоро ҷамъ карда, «аз қафои ман биё» гуфтанду пешопеш сӯйи утоқи ректори вақт Устод Сафиев Ҳ. С. равон гардиданду ман аз қафо. Вориди утоқи ректор шуда, баъди чанд лаҳза маро даъват карданд. «Бачам, дар факултет истода, кори илмӣ мекунӣ?»- пурсиданд ректор ва ман ҳам дилпурона «бале» гуфтам. Лазҳае баъд гуфтанд: «Аз рӯйи қарори комиссия ба ту роҳхат медиҳам. Рафта, ба сифати ассистенти кафедра корро оғоз кун.»

Шодиям аз аввала бештар буд. Ман ҳам хурсанду устод А. Мирализода низ, ки ба мутахассиси ҷавон кӯмак кардааст. Парвозкунон ба факултет мерафтам, аммо шодиву нишот дер давом накарду ҳайратам низ аз аввала зиёдтар гардид. Ҳуҷҷати расмии аз ҷониби ректор имзошударо декани факултети ҳуқуқшиносӣ напазируфту маро ба кор қабул накард…

Бо гузашти солҳо ассистент, номзади илм, дотсент, мудири кафедра, муовини ректор, доктори илм, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ шудам, аммо он вақте ки А.Мирализода маро дастгирӣ кард, хатмкунандаи оддии деҳотие беш набудам, ки бо дипломи «аълочӣ» дар даст орзуи омӯзгор шудан мекардам. Муҳтоҷи кӯмаки камтарини маънавӣ будаму онро аз инсони шариф, содиқи касбу кор, ҷавонпарвар, дурандеш пайдо карда тавонистам. Дар асл, педагоги асил — А.Мирализода кадршинос ҳастанд ва барои амалии нақшаи созандаи ҷавонон ҳампаҳлуяшон меистанду барои тарбия ётан кӯмак мекунанд.

Аспиранту педагог

Вақти дар шуъбаи аспирантура таҳсил карданам устод Мирализода Абдусалом мудирии кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ-ро ба уҳда дошта, ба мо аз ин фан дарс мегуфтанд. Мани ҳуқуқшинос соҳаи худро хуб медонистам, аммо барои омӯзгор шудан ин кифоя нест. Роҳу усули ба донишҷӯён додани дониши худро бояд меомӯхтам. Ин буд, ки дарси педагогикаро бесаброна интизорӣ мекашидам. Ба устод эҳтироми хосса доштам, дарсҳояшонро гӯш мекардам, мефаҳмидам, зеро омӯзгори воқеиянд. Бо ҳар донишҷӯ бо забони худ сухан мегӯянд, ҳар мавзуъро вобаста ба «вазнаш» мефаҳмонанд, фазои аудиторияро озоду ором нигоҳ медорад. Мо дар дарси устод образи педагоги воқеиро дар амал медидем, аз ин рӯ, хуб ва зуд меомӯхтем. То имрӯз агар дар соҳаи омӯзгорӣ муваффақ шудам, пас саҳми устод А.Мирализода аст.

Акнун ҳамкор, вале ҳамоно устод

Солҳои 2009-2014 банда ба сифати и.в. мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва баъдан, мудири ҳамон кафедра фаъолият мекардам. Ин давра устод Мирализода Абдусалом сардори Раёсати таълими донишгоҳ буданд, ки ба фаъолияти таълимии кафедра бевосита робита доштанд. Кор кардан бо А.Мирализода омӯзанда аст. Коре, ки дар назари мо вазнинии кӯҳро мемонд, чунон шарҳ медоданд, ки соддатаринаш мепиндоштем. Кордону устои кори худ ҳастанд. Бо масъалаҳои корӣ наздашон мерафтаму аз суҳбатҳои тахассусиву одии инсонӣ баҳравар мегардидам. Хислату рафтор муносибати бамавриди ӯ асоси муваффақиятҳояшон аст. Усулу методҳои устодро ба муаллимони ҷавони кафедра мефаҳмонидам. Лаҳзаҳои гуногуни ҳаётиро бо иштироки устод нақл мекардам, то ки барояшон намунаи ибрат бошанд.

Бо амри тақдир, мо ҳарду ноиби ректор гардидем, Устод А. Мирализода оид ба таълим ва банда оид ба илм. Акнун, имкони зуд-зуд бо ҳам вохӯрдан пеш омад. Устод таҷрибаи хуби кориро доро буданд, аммо мани ҷавони 30-сола ба маслиҳат эҳтиёҷ доштам. Нафаре, ки дар ҳама ҳолат метавонистам эътимод кунам ва дар ҳама масъала маслиҳат пурсаму дилпурона муроҷиат намоям, А.Мирализода буд. Рафтори мардонаи мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ нисбат ба хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносӣ фаромӯш нагардида аст. Эҳтиёткорона муносибат кардани устод бо ҳуҷҷатҳо аз ҳамон замон бароям дарс гардида буд.

Дар ин давра аз устод бисёр чӣ омӯхтам: садоқат ба касб, эътимод ба мутахассиси оянда, дастгирии ҷавонон, эҳтироми андешаи кас, имкон додан ба руҳафтодагон ва ғ.

Аз дида дуру ба дил наздик

Кордониву ташаббускориҳои устод А. Мирализода аз назарҳо дур намонд, ки соли 2017 директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи милии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Дар тӯли се соли фаъолит чун роҳбари ботаҷриба аз худ дарак дода, барои таъмини китобхона бо китобҳои навтарини дохиливу хориҷӣ ва дастрасии хонандагон ба китобу китобхонӣ ба роҳу усулҳои гуногун такмил бахшидаанд. Робитаи мо ҳамоно устувор монд. Пайваста аз муваффақиятҳои ҳам меболидему шогирдвор суҳбатҳои омӯзандаи устодро мунтазир мешудам.

Имрӯз Мирализода Абдусалом Мустафо ҳамчун ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ барои ободониву пешравии ин муассисаи олии таълимӣ саҳмгузорӣ мекунад. Аз аҳволаш фориғ нестем, гарчӣ аз дида дурем, аммо бо дил наздик. Бохабарем, ки ин даргоҳ низ бо қудуми устод мунаввартар гардида истодааст.

Шасти ба шаст муборак!

Шасти устувор доранд, Устод. Зина ба зина пайраҳаҳои ҳаётро тай карда, худро сохтанд, шахсият гардиданд. Шахсияте, ки имрӯз лоиқи пайравианд. Ҳамчун омӯзгор ва роҳбар бо нафарони зиёде кор карда, одамшинос гардидаанд. Заргарро аз ҷавҳарӣ хуб фарқ мекунанд ва барои дастгирии кадрҳои арзанда доимо омодаанд.

Имрӯз бо шаст ба шаст мерасанд. Бигузор шастсолаҳои дигар аз пай бошад, то тавонем аз устод дарси одаму оламро бештар андӯзем.

Бахтовар САФАРЗОДА,

доктори илми ҳуқуқ, профессор, намояндаи ваколатдори

МО ҶТ дар Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ

Related Articles

Leave a Comment