Home АНДЕША НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЗИНДАСОЗИИ НАВРӮЗИ НИЁКОН

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЗИНДАСОЗИИ НАВРӮЗИ НИЁКОН

by admin
440 views

Навишторҳои замони шӯравиро дар мавриди ҷашнҳои бостонии тоҷикон аз пеши чашм гузаронда, талошҳои дар он рӯзгори сиёсатзадагӣ ниҳоят боҷуръатонаи устод Мирзо Турсунзода ва пешсафони мактаби адабии замон Боқӣ Раҳимзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Валӣ Самад, Ҳақназар Ғоиб, Бӯринисо Бердиева ва дигаронро дар роҳи бознигарӣ ба ҷашни Наврӯз, ба ёд меоварам ва бори дигар ба хиради баланди миллатсозӣ ва хизматҳои ниҳоят арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои берун баровардани мардумамон аз худноогоҳии миллӣ, бозёбии хотираи таърихӣ, офарин хондам.

Пешинаи таърихии ҷашни Наврӯз ба бори нахуст дар китоби бузурги тоҷикону дигар эронитаборон Авасто нигошта шудааст. Сипас дар китоби дигари куҳантарини тоҷикону эронитаборон «Шоҳнома» — и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва пас аз он дар «Осор — ул — боқия» — и Абӯрайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома» — и Умари Хайём ёдкардҳо ба чашм мехӯранд. Аммо Наврӯз дар «Шоҳнома» — и Ҳаким Фирдавсӣ дар баробари ҷараёни офарида шудан, аз чигунагии бунёнгузории он, дар мавриди ҷойгоҳ ва арзиши милливу меҳании ин ҷашн ёдкардҳои пандомӯзи нотакрор оварда шудааст. Наврӯз дар «Шоҳнома» — и Ҳаким Фирдавсӣ, ки асари барҷастаи таърихӣ — адабӣ мебошад, ҷилваҳои гуногуне дорад, ки яке аз онҳо ба рӯзи тахтнишинӣ ва тоҷгузории шоҳ Ҷамшед вобаста будани он мебошад. Ҳамон гуна ки омадааст чун Ҷамшед сарварии мардумонро ба душ гирифта, онҳоро аз тирарӯзиҳо ба хуррамиҳо овард, яъне мардум пизишкӣ омӯхтанд, аз санг баровардани дурру гавҳар, аз кӯҳ оҳан ва аз оҳан сохтани испору досу каланд ва дигар асбобҳои киштварзӣ ва ҷангро ёд гирифтанд, мардум барои шоҳи донову додхоҳ аз устухони пил тахт ороста, бо дурру гавҳар онро озин дода, ӯро бо як меҳрубониву самимият ба тахт барнишонданд. Чун офтоб баромаду нур ба тоҷи шоҳ афканд ва ҷилои офтоб рӯйи шоҳро хуррам гардонд ва шоҳ, ки Ҷам ном дошт, Ҷамшедаш хонданд. Яъне, Ҷаме, ки шед (офтоб) ба тоҷи ӯ нур бахшида чеҳраашро равшан кардааст. Ва аз он рӯз, ки ҷангҳо барҳам хӯрда, осудагиву оромии мардум фароҳам омадаасту деҳгон (яъне тоҷик) дигар метавонист озодона ба шуғли асосиаш — киштварзӣ бипардозад, он рӯзро Наврӯз номиданд. Ин лаҳзаро дар «Шоҳнома» — и Ҳаким Фирдавсӣ мехонем:

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,

Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй,

Аз он бар шуда фарраи бахти ӯй.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Ба Наврӯз навшоҳи гетифурӯз,

Бар он тахт биншаст фирӯзрӯз.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

Ба мо монд аз он хусравон ёдгор.

Пас аз Ҷамшед низ шоҳони дигари ориёӣ Наврӯзро ҳамчун қутбнамои зиндагӣ дониста, биниши донишмандони фарзонаро, ки обишхӯр аз омӯзиши гардиши хуршед ва соири ситораҳо дар кайҳон мебошанд, гиромӣ ва дастури зиндагӣ гуморидаанд. Чуноне ҳангоми ҷустуҷӯҳо ва пайдо накардани сипаҳбад Бежанро, падари паҳлавонаш Гев, назди шоҳи додгару донишсолор Кайхусрав рафта, аз ӯ мехоҳад барои дарёфтани фарзанди гумшудааш ёрӣ расонад. Аммо шоҳ Кайхусрав то фарорасии Наврӯз наметавонад ба Ҷоми Ҷаҳоннамо нигариста Бежанро биёбад ва чунин посух медиҳад:

Бимон то биёяд маҳи фарвадин,

Ки бифрӯзад андар ҷаҳон ҳури дин.

Бигӯям туро ҳар куҷо Бежан аст

Ба ҷом андарун ин маро равшан аст.

Бад — ин тартиб то замоне, ки Наврӯз фаро нарасад, Кайхусрав тавоноии ба Ҷоми Ҷам рӯ овардану ба ҷаҳон нигаристанро надорад.Танҳо дар баҳор, ки омаданашро Наврӯз гувоҳ аст, ҷаҳонро тағйирот фаро гирифта, зиндагӣ бори дигар оғоз мегардад. Ва ончуноне аз достон пайдост Наврӯз фаро мерасад ва аз Ҷоми Ҷам ҳувайдо мегардад, ки Бежанро Афросиёби бадсиришт дар чоҳи торик афканда аз болояш санги вазнинро бор кардааст. Ва он санги гаронро танҳо Рустами Дастон омада аз сари чоҳи жарф бардошта Бежанро раҳо мекунад.

Дар аҳди бостон шоҳони сарзамини тоҷикон дар арҷгузорӣ ва гиромидошти ин ҷашни бузург Айвони Наврӯз, ё Кохи Наврӯз бунёд мекарданд ва дар он ҷойгоҳи муқаддас бузургдошти ҷашнҳои дигари миллӣ чун Сада, Меҳргон ва Тиргонро иҷро мекарданд.

Чуноне дар «Шоҳнома» ба чашм мерасад, шоҳ Баҳроми Гӯр бад — он сон ба Наврӯз ва ҷашни Сада арҷ мегузошт, ки пас аз мушк пошидан ба оташи оташкада ба Айвони Наврӯз мешитобад:

Рафтанд яксар ба оташкада,

Ба айвони Наврӯз ҷашни Сада.

Ҳаме мушк бар оташ афканданд,

Ба Баҳром бар офарин хонданд.

Ҳар замоне ҳамлаварони бадкуниш ба кишвари тоҷиктаборон дастдарозӣ мекарданд, пеш аз ҳама Кохи Наврӯзро ба вайрона табдил медоданд. Чуноне Хусрави Парвиз, ҳангоми Кохи Тоқдисро, пас аз сад соли ба фаромушӣ супурдану ба вайрона табдил гаштан бозсозӣ мекард, ҷамъе аз бофандагон бо хости дили худ гирд омада барои фарши он ба бофтани қолиии зарбафти абрешимӣ пардохтанд. Ин қолӣ ба паҳнии 57 бар 57 (тахмин меравад 90 бар 90 метр) бофта шуд, ки рӯи он нақши осмон бо ситорагон, дар маркази он нақшаи ҳафт кишвар ва симоҳои 48 подшоҳони сарзамини озодагон, дар дарозои ҳафт сол бофта шуда ба подшоҳ подош гардид. Рӯзи барқарорсозии Кохи Тоқдис, ки ба Наврӯз рост меояд, ромишгарону таронасароён, аз ҷумла Саркаши овозамандро хоста, ба шоҳаншаҳ дуруд фиристоданду базму хушнудиҳои наврӯзӣ оростанд:

Бар он ҷома бар маҷлис оростанд,

Навозанда, рӯду май хостанд.

Ҳаме офарин хонд Саркаш ба рӯд,

Шаҳаншоҳро дод чанде дуруд.

Бузургон бар ӯ гавҳар афшонданд,

Ки Фарши бузургаш ҳамехонданд.

Ниёкони мо ин ойини фархундаи худро чунон гиромӣ медоштанд, ки бо номи Наврӯз савганд мехӯрданд.Чуноне ки ҳангоми бадкорону хиёнатпешагон чашмони Хусрави Парвизро кӯр кардан, Борбад сарояндаи дарбор ва дӯсти ҳамнишини шоҳаншоҳ, дар шевани ӯ чунин савганд мехӯрад:

Ба яздону номи ту эй шаҳриёр,

Ба Наврӯзу Меҳру ба хуррамбаҳор.

Ки гар дасти ман з — ин сипас низ рӯд.

Бисояд, мабодо ба ман бар дуруд.

Ҳаким Фирдавсӣ ба нобудӣ расидани Наврӯзро бо хатари аз даст додани истиқлолияти миллӣ баробар дониста, бо дареғ эҳтимоли аз байн рафтани ойинҳои ниёконро аз ҷабри тозиён чунин изҳор кардааст:

Аз ин зоғсорони беобу ранг,

На ҳушу на дониш, на ному на нанг,

Ҳам оташ бимирад ба оташкада,

Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.

Ҳаким Фирдавсии меҳанпараст, пас аз чирамандии бодиягардони тозӣ ва хатари ҳамлаи кӯчиёни саҳронавард, бо тираву тор дидани ояндаи кишвараш, ба эронитаборон васият кардааст, ки фарру шукӯҳи Наврӯзро, ҳамчун ойини нигаҳ доштани асолати миллии хеш посдорӣ кунанд:

Нигаҳ доред ойини ҷашни Сада,

Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.

Арабҳо ва фақеҳони дин (аз ҷумла Имом Ғазолӣ) Наврӯзро «иди маҷусон» ҳукм карда, ҷашн гирифтани онро нораво донистанд.

Аммо новобаста ба он ки Хуросони Бузург чанд аср дар дасти бегонагон буд ва ба фуруд омадани шукӯҳу шаҳомати Наврӯз таъсире жарф дошт, бегонагон натавонистанд онро комилан аз байн бибаранд. Онҳо кӯшидаанд ҷанбаҳои миллии ин ҷашнро тира созанд, то пайванди он ба гузаштаи дури ориёитаборон бозтоб нагардад. Ҳамин буд, ки дар ҷашни Наврӯз танҳо «иди баҳор», «иди кишоварзон», расидани офтобро ба бурҷи Ҳамал дида, вижагиҳои ориёии ин ҷашни бузургро аз хотираи таърихӣ берун кунанд.

Бо ин ҳама донишмандони меҳанпараст ва албатта ниёкони ҳушманди мо, ба хотири аз кажнигарии фақеҳони таассубгаро нигоҳ доштани ин ойини обоиву аждодӣ, онро ба ҳикмати офариниши олам дар зарфи шаш рӯз пайвастаанд. (Ба сураи 54 -и Қуръони карим-«Ал Аъроф»; Халақ-ас- самовоти в-ал арз фи ситтати айём). Ва Бар шарҳи сураи ёдшуда дар «Бурҳони қотеъ» омадааст: «… ва Одам алайҳи саломро дар ин рӯз халқ кард, пас бинобар он ин рӯзро «Наврӯз» гӯянд».

Дар ибтидои асри XX мелодӣ дар хиттаи Хуросони бостонӣ, ба вижа дар Эрон андешаҳои бознигарӣ ба гузаштаи пурифтихори эронитаборон эҳё гардид. Адибон, ба вижа шоирони меҳанпарасту истиқлолиятхоҳ, дар сурудаҳои худ Наврӯзро намоди озодии ватан ва баргашт ба асолати миллӣ тасвир кардаанд. Шоирони солҳои 1915-1950 Эрон, чуноне ки дар адабиётшиносӣ маъмул аст, шоирони машрутахоҳи Эрон (конститутсияхоҳон), ибораҳои «Наврӯз», «Иди Ҷам», «Наврӯзи Ҷамшедӣ», «Наврӯзи ниёкон» ва монанди онро, барои бозтоби эҳсоси ватанхоҳӣ фаровон истифода кардаанд. Шоири тавонои Эрон Фаррухии Яздӣ дар мусаммати машҳури худ, ба унвони «Мусаммати ватанӣ», дар радифи исмҳои Ҷамшед, Эраҷ, Фаридун, Манучеҳр, Дориюшу Сирус, ҷашни Наврӯзро ҳамчун рамзи озодии Эрон тавсиф кардааст:

Иди наврӯзӣ, ки аз бедоди

                                      Заҳҳокӣ азост,

Ҳар ки шодӣ мекунад,

                     аз дудаи Ҷамшед нест.

Шоирони ибтидо ва нимаи аввали асри XX Вароруд, ба мавзӯи, вижагиҳои миллии Наврӯз, метавон гуфт таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд. Дар ин сарзамин бино бар он ки адабиёт ниҳоят сиёсатзада шуда буд, сухансароён ба ҳангоми бозтоби гузаштаи ниёкон, аз ҷумла вижагиҳои миллии он, ниҳоят аз эҳтиёт кор мегирифтанд ва ҳар он чи меофариданд, мекӯшиданд то боиси гунаҳкор хондан ба миллатгароӣ ва саранҷом гирифторӣ ба зиндону бадарға анҷом наёбад.

Дар кишвари бародарони хуросонии мо (Афғонистон), ки он ҷо низ паҳнаи буду боши тоҷикон мебошад, Наврӯз танҳо дар шеъри шоирони солҳои 70-уми асри XX , оҳангҳои худогоҳии миллӣ ба худ касб кардааст. Чунончи шоири шинохтаи ин кишвар, Халилуллоҳ Халилӣ, ишора бар ҷангзадагиҳои кишвараш, ки ифротгароёни дохиливу иртиҷоиёни байналмилалӣ ба сари мардуми некманиши он таҳмил карда буданд ва ин иртиҷоъ дар пайии вожгун сохтани фарҳанги тоҷиктаборон буд, хоҳиш ба миён овардааст, ки Наврӯзи поки ниёкон ба сарзамини олуда ба хун наояд:

Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд,

Дар кишвари хунинкафанон

                                        раҳ накушояд,

Булбул ба чаман нағмаи

                                     шодӣ насарояд,

Хунинкафанонро лаби

                                 пурханда нашояд.

Хун медамад аз хоки

                       шаҳидони Ватан, вой!

Эй, войи Ватан, вой!

Дар Тоҷикистон, танҳо дар нимаи дуввуми садсолаи гузашта (солҳои 1962- 1964) донишиёну адибони тоҷик, аз ҷумла устодон Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода ва дигарон бо мақолаву шеърҳо ва гузоришҳо дар маҳфилу гирдиҳамоиҳои фарҳангӣ, тавонистанд ба он комёб шаванд, ки ҷашни Наврӯз, каме ҳам бошад, аз ҷониби доираҳои расмӣ пазируфта шавад.

Навишторҳои замони шӯравиро дар мавриди ҷашнҳои бостонии тоҷикон аз пеши чашм гузаронда, талошҳои дар он рӯзгори сиёсатзадагӣ ниҳоят боҷуръатонаи устод Мирзо Турсунзода ва пешсафони мактаби адабии замон Боқӣ Раҳимзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Валӣ Самад, Ҳақназар Ғоиб, Бӯринисо Бердиева ва дигаронро дар роҳи бознигарӣ ба ҷашни Наврӯз, ба ёд меоварам ва бори дигар ба хиради баланди миллатсозӣ ва хизматҳои ниҳоят арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои берун баровардани мардумамон аз худноогоҳии миллӣ, бозёбии хотираи таърихӣ, офарин хондам.

Имрӯзиёну ояндагони мо набояд ҳаргиз аз ёд бибаранд, ки ҷашнҳои бузурги мо танҳо ба шарофати хиради Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зеҳни беҳамтояшон ба устувор намудани худогоҳии миллии тоҷикон ва бунёди кишвари орому осуда ва шукуфону пешрафтаи ҷамшедӣ равона аст, Наврӯз дар садсолаи XXI дубора зинда шуд. Пешвои миллат ҳамчун донанда ва таҳлилгари таърихи мардумони ориёитабор беҳтар аз дигарон дарёфтанд, ки Наврӯз барои тоҷикон фаротар аз як ҷашни маъмулӣ буда, ба нигаҳдории қавмиву нажодии озодзодагон иртибот дорад.

Дар пиромуни арзишҳои баланди се ҷашни ҳувиятсози тоҷикон — Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон донишмандон имрӯз ҷусторҳои пурарзиш бурдаанд, аммо бояд гуфт васияти Ҳаким Фирдавсиро маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни дигар давлатдорону сиёсатмадорони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ба таври шоиста пос доштаанд. Ҳамон гуна ки бо дидани бинои пуршукӯҳу пурнигору зарнигоре унвонии Кохи Наврӯз, меҳмонони аз кишварҳои дигар ташриф оварда, ангушти ҳайрат мегазанд. Дар ҳар ноҳияи мамлакат Наврӯзгоҳҳо бунёд ёфтаанд, ки пешинаи таърихии ин сунати бостонӣ чунин гиромидоштро ёд надорад. Бо ташаббуси Сарвари давлат навгониҳои зебову тозае ба ҷашнгирии Наврӯз афзуда шуданд.

Пешниҳод гардид, ки дар корхонаҳову идораҳо ба сони ҷашнгирии Соли нави мелодӣ, ки байналмилалӣ шуморида мешавад, ба рағми гиромидошти Наврӯз аз сабзаву гулҳои рангоранг намоди арча ороста шавад. Чуноне аз навишторҳои куҳан бармеояд, тоҷикон дар бостон пагоҳии Наврӯз дар болои дарвозаҳояшон як даста шохи дарахти арчаро мечаспонданд, ки маънӣ бар сарсабзиву хуррамиро дошт. Ба хотири зиндасозии ин ҷузъи арҷгузорӣ, соли гузашта бо пешниҳоди Сарвари давлат дар пойтахт ва шаҳрҳои кишвар, ҳамчун рамзи сарсабзии Наврӯз, аз шохаҳову буттаҳои сабз дарахти наврӯзӣ ороста гардид, ки хеле зебову идона ба чашм мерасид.

Дар ин пешниҳод нуктаи хирадмандонае ҷой дорад, ки ниҳоли арчаи боғ бурида нашуда, дар бозтоби шакли он аз гиёҳу гулҳои рангоранг кор гирифта шавад.

Бар асари таъкидҳои Сарвари давлат ба ёд оварда шуд, ки мардумони мо дар ҳама замон ҷашнҳоро на танҳо бар ҳадафи хушнудӣ, шодиву сурур ва сайру гашт офарида буданд. Дар пушти арҷгузориҳову хушнудиҳои бостонии мо як силсила ойинҳое ҷой доранд, ки дархӯри ободсозӣ, худнигарӣ ва беҳсозии зистгоҳу киштзорон ва чаманистону гулистонҳо буд.

Бад — он гуна ки қадами нахусти мардумро барои пешвозгирии Наврӯз «Чаҳоршанбеи сурӣ» номида буданд.

Ойини «Чаҳоршанбеи сурӣ», ки аз ёдҳо фаромуш шудааст он ишора ба омодагириҳои як ҳафта пеш аз оғози Наврӯзро дорад. Ин ойинро то ҳанӯз куҳансолони вилояти Суғд дар ёд доранд ва бо номи «Чоршанбеи муродбахш», риоя мекунанд. Сухан ин ҷост, ки ҳар қавме ба худ яке аз рӯзҳои ҳафтаро хосса дониста, дар он рӯз даст ба корҳои нек мебаранд. Чунончи русҳо ва умуман насрониҳо рӯзи якшанберо (воскресенье — sandy), яҳудиҳо рӯзи шанберо (шаббат — шанбат), арабҳо рӯзи ҷумъаро ва тоҷикону форсҳо рӯзи чоршанберо гиромӣ медоранд. Маънии калимаи «сурӣ», яъне сурх (хуб, зебо).

Бузургтарин шоистагиҳои Чоршанбеи сурӣ дар поксозӣ, ободсозӣ, нигаҳбонии обҳои зинда, ҳама ҷоро поку равшан сохтан ва барои хушнуд сохтани арвоҳон, гӯри ниёконро зиёрат кардану онҳоро пок доштан буд. Дар Чоршанбеи сурӣ расми гилемтаконӣ ривоҷ доштааст, ки дар ҳар музофоти тоҷикнишин ба таври гуногун унвонгузорӣ шудааст. Чунончи ин расмро дар вилояти Суғд «Хонабаророн», дар байни кӯҳнишинони вилояти Хатлон, аз ҷумла Балҷувон, Ховалинг, Дашти Ҷам, Дарвозу Ванҷу Вахиё ва Афғонистон «Гилемтаконӣ», дар Хуросони Эрон «Хонатаконӣ» ва монанди он номидаанд. Дар иҷрои ин расм мардон нақши хосса доштаанд, зеро мардҳо гилему намад ва дигар фаршҳои хонаҳоро, ки дар дарозои зимистон гард гирифтаанд, ба берун бароварда метакиданд. Занҳо ғубори рӯйи деворҳои хона, асбобҳо, дегу зарфҳоро аз сиёҳӣ пок мекарданд. Мардон ҷӯйборҳо ва сарчашмаҳои обҳоро аз лой пок мекарданд ва ин нахустин омодагирӣ барои обёрии киштаҳояшон буд. Дар дарозои тирамоҳу зимистон ҷуйҳои обёрӣ ва лӯлаҳои обгузари (обмуҳриҳои) аз лой пур шуда садди ҷараёни обҳои полезӣ мегаштанд. Мардумони дар масири об зистгоҳ дошта ба ҳам омада, аз субҳ то шом ҷӯйборҳоро ба тартиб медароварданд.

Ойини хуби дигаре дар рӯзи фарорасии ҷашни Наврӯз ҷой дорад, ки кӯдакону навҷавонон сари субҳ барои дастбӯсии падарбузургону модарбузургони худ мешитобиданд. Модар бо дасти фарзандони хеш ба падарбузургу модарбузург аз шириниҳои тайёр кардааш, чун ҳалвову суманак, кулчаву чалпак идона мефиристод. Пас аз шодбошиҳову дуои нек, модарбузургҳо ба наберагон тухми рангин туҳфа мекарданд, ки рамзи пойдории насл ва устувории хонадонро дошт.

Борҳо гуфта шуд, ки ҷашни Наврӯз ба гоҳшумории (календари) бостонии тоҷикону эронитаборон пайвастагӣ дорад. Пас аз пазируфтани дини ислом, гузаштагони мо хоста буданд рӯзгорро аз рӯйи гоҳшумории арабӣ (ҳиҷрии қамарӣ) пеш бибаранд, вале пас аз чандин сол ба исбот расид, ки он ба шеваи киштварзии мардумон нобасомониҳои зиёде меоварад. Дар замони ҳукуматронии Ҷалолуддин Маликшоҳ, дар соли 467 қамарӣ (1131 м.) ба 8 тан ахтаршиносон ва риёзидонони бузурги замони худ, аз ҷумла Ҳаким Умари Хайём супориш дода шуд, то гоҳшумориро ислоҳ кунанд. Ин гурӯҳ Наврӯз — Соли навро дубора дар аввали баҳор қарор дод ва ҷойгоҳи онро барои ҳамеша собит сохт. Аз он пас тақвими Ҷалолӣ ва ё Маликӣ наздиктарин гоҳшумориҳои ҷаҳон ба гардиши офтоб ва ивазшавии фаслҳои сол дониста мешавад. Мебояд афзуд, ки тоҷикони мо (бештар мардумони кӯҳнишин) фарорасии Наврӯзро «Офтобдархона» номида буданд ва ҷашнгирии онро Иди Сари сол ном мебурданд, ки ба тақвими ҷалолӣ, яъне баробаршавии шабурӯз ва расидани офтоб ба авҷи нуқтаи кайҳонӣ — ба бурҷи Ҳамал рост меояд.

Ниёкони мо, ки дар инсонсозии башар нақши муҳим доштанд ва яке аз нахустин фарҳанговарони рӯйи заминанд, дарёфта буданд, ки зан қудрате дорад то обҳоро пок нигаҳ дорад, зан қудрати зойидан дорад ва об барои замин ба сони ҷараёни хун дар ҷисми инсон ва сохтмони ҳама мавҷудоти зинда мебошад.

Дар ин бора падари таърихнигории ҷаҳон Ҳеродот чунин навиштааст: «Порсиён ҳаргиз рӯдхонаву обҳои равонро ба ҳеҷ васила олӯда намекунанд. Онон ҳатто дасту бадани худро дар обҳои равон намешӯянд ва ба касе ҳам иҷозаи чунин кореро намедиҳанд, чун эҳтирому тақаддуси вижа барои рӯдхонаҳо қоил ҳастанд.» (Баргирифта аз китоби «Торихи мутолеъоти динҳои иронӣ», навишта ва таҳқиқи Ҳошими Разӣ, Т. 1371 (1992), с.18)

Гузаштагони мо яке аз рӯзҳои вижаи наврӯзӣ, рӯзи нуздаҳӯми Наврӯзро «Рӯзи обҳои зинда» номида буданд ва гоҳе онро «Ҷашни обрезагон» меномиданд, ки дар деҳоти ҷануби Тоҷикистон, ба унвони «Ашагулон» чунин ойине ҷой дорад.

Об ва зарурияти бориш масъалае будааст, ки дар ойинҳои наврӯзӣ мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифтааст, зеро дар тамоми ин расмҳо ақидае вуҷуд дорад, ки барои соли нав борону оби басанда, ки мазҳари ободонӣ аст, орзӯ кунанд.

Дар миёни эронитаборон расм будааст, ки ҳангоми сапедадами Наврӯз, мардум аз хоб бармехостанд ва худро шустушӯ мекарданд ва гоҳе бо пошидани оби равон худро мутабаррук карда, аз дафъи балову офатҳо худро эмин мегумориданд. Сабаби пайдоиши ин расм дар он будааст, ки замоне муддатҳо борон наборида киштаҳо рӯ ба хушкӣ ниҳодаанд ва чун якбора бориши сахт ба амал меомадааст, мардум бо пошидани об ба ҳамдигар, боридани боронро гиромӣ медоштанд.

Ва дар рӯзи нуздаҳӯми Наврӯз (19 — ӯми фарваддин), ки ба фариштаи обҳои пок тааллуқ дорад, он рӯзро зодрӯзи Зартушт низ донистаанд ва шиори он рӯз «Дӯст доштанро дӯст бидор» аст.

Шояд ин нишона низ қобили таваҷҷуҳ бошад, ки пушти сари мусофир низ об пошидан ишора ба ҷалби иноят мебошад, то ки роҳ равшан бошад ва мусофир саломат ба мақсад расад ва ба равшаниву саломат аз сафар бозгардад.

Дар гиромидошти обҳо сароишҳое дар Авасто мавҷуд аст, ки хеле ҷолиб мебошанд. Аз ҷумла:

Шумо эй, обҳое, ки нерӯ мебахшед, қуввату азамату басиратамон диҳед. Шумо эй обҳо! Бизудоед гуноҳони маро!

Тақрибан дар ҳама ҷо об василаи покӣ, шаффофият ва таҳорати ойинӣ аст ва он аломати баракат аст, аз ин рӯ бисёр табиист, ки тамаддуни тоҷикону эронитаборонро ҳамрадифи баракат дидаанд. Ва об унсури муқаддас дониста шудааст.

Бечунучаро ин бардоштҳо обишхӯри хиради гузаштагонамон будааст, ки мардумони мо тавониста буданд ба хушк шудани рӯдҳову чашмасорон роҳ надода, обҳои покро нигаҳ доранд. Дар замони бостон аз ҳама зишту кароҳатбор олӯда кардани обҳо буд.

Сатрҳои болоро пеши рӯ оварда, кас ба хиради Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бечунучаро арҷ мегузорад ва ҳангоме ки ба гузаштаҳои дури тоҷикон, пас аз омӯзишҳои зиёд бозменигарӣ ва он ҳамаро бо талошҳои нуктабинонаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқоиса мекунӣ, чашми хирад вомедорадат, ки аз дили меҳанпараст нидои «Офарин, аҳсант!» берун барояд».

Ва дар поён бо муроҷиа ба ҳаммеҳанон мехоҳам даъват ба амал оварам, ки бо сипосгузорӣ аз Пешвои миллат шоистатарин арзишҳои Наврӯзро, ки ба ваҳдати мардум нигаронида шудааст, гиромӣ дошта, дар поксозиву ободсозии дастаҷамъии зистгоҳу маҳалла, кӯчаву хиёбон, гулгашту варзишгоҳ ва ба воя расонидани насли наҷибу созандаи озодагон, саҳми пурарзиш гузошта, 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро бо подошҳои пурбаракати Наврӯз пешвоз мегирем.

Наврӯзи ниёкон ба сарзамини озодзодагон хуҷаста бод!

Зафар МИРЗОЁН,

ховаршинос, профессори фахрии Донишгоҳи

давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment