Home АНДЕША ВАТАНДОРӢ ЧУНИН БОЯД

ВАТАНДОРӢ ЧУНИН БОЯД

by admin
110 views

Ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

(Очерк)

Диёри зебоманзари Кӯлоби бостонӣ чун устод Сайдалӣ Вализода, Сомеъ Одиназода, Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода барин мардони бофарҳангу ватанпарвари баномуси зиёде дорад, ки дар давоми зиндагӣ дар баробари сарриштаи рӯзгору тарбияи фарзандон дар ҳаёти маданию маънавӣ ва обод гардонидани як гӯшаи ватани маҳбуб ҳиссаи сазовор доранд. Яъне, баъди сари худ ҳам фарзандони солеҳ ва ҳам хонаву дари ободу боғу гулгашт ва ободии зиёде ба ёдгор мондаанду хоҳанд монд.

Яке аз чунин шахсони соҳибмаърифату баобурӯ ва ҷоннисори диёр олими барҷастаи соҳаи биология ва боғу растанипарварӣ, каси ба аксар мардуми Кӯлоб Тилло Бобоев буданд, ки номи неку корҳои хуби баҷо овардаашон ҳар лаҳзаву соат, балки моҳу солҳо вирди забони мардум аст. Балки нақши дастони гулпарварашон дар ҳар хонаю кӯчаю хиёбон, дар саросари кишвар бараъло ба чашм мерасанд.

Агар аз рӯи ақлу фаросат дуруст назар афканем, гулу гиёҳ, арчаву санавбар ва боз садҳо намуд дарахти мавсимию ҳамешасабзи бо хуни дил парварда ба самар расонидаи Тилло Бобоев қариб, ки дар ҳар як хонадону кӯчабоғ, гузару деҳу шаҳрҳои Кӯлобу Восеву Ховалинг, Бохтару Балҷувону Данғара ва маркази Тоҷикистони азизамон шаҳри дилорои Душанбе дидан мумкин аст, ки ба ҳусни диёри биҳиштосоямон ҳусни тоза зам мекунанд.

Кас ба чашми хирад заҳмату самараи кори ҳамаумраи ин марди шарифро дида, гоҳҳо ҳайратӣ ҳам мешавад, ки аз меҳнати пурсамари як нафар марди ватандӯст ин қадар ёдгориҳои азим, сарсабзии шаҳру деҳ ва диёр боқӣ ба ёдгори мондааст.

Ва ин ҳақиқат аст, ки Тилло Бобоев дар умри бобаракати хеш дар баробари фарзандони нек садҳо ҳазор, балки миллионҳо бех гулу гулбутта, дарахтони ороишию ҳамешасабзро ба мардуми диёр тақдим карда, балки чун дар гулгашту хиёбон ва боғҳои Кӯлоби ба ҷон баробараш худ шинонидаю парвариш кардааст ва ё ба роҳбарию тавсияи он кас даҳҳо, садҳо гӯшаи диёр сарзабзу хуррам гардонида шудааст.

Вақте кас ҳамроҳи фарзанди барумандашон Мариё Бобоев дар боғи ботаникии дар саргаҳи шаҳри Кӯлоб обод кардаашон қадам зада, ба чашми худ муъҷизаофарии дастони гулпарвари Тилло Бобоев, фарзандону кормандони боғро дида, аз тамошои манзараҳои дилфиребу мафтункунандаи ин гӯшаи биҳиштосои табиат ҳузуру ҳаловат бурда, ба қудрату тавоноии инсони ватандусту мӯъҷизаофарро таҳсину офарин мехонад.

Воқеан ин гӯлшан биҳиштосои диёр як вақтҳо таллу теппаи хасу хордоре буд, ки танҳо як-ду моҳи баҳор сабз менамуду айёми тобистону тирамоҳ аз гармои тафсону беобӣ саросар зарду хазон буд.

Мариё Бобоев, ки имрӯз айни камолоти ҷавонмардиро соҳиб аст, саросари умри хешро дар ҳамин боғ ҳамроҳи падари бузургворашон гузаронида, дар баробари таълиму илмомӯзӣ ҳама вақт дар корҳои ниҳолу гулпарварӣ ва обод гардонидани 18 гектар боғи саросар обод аз падар касбу ҳунар ва донишу малака, балки ақлу фаросати зиндагӣ омӯхта, имрӯз ӯ низ чун пири кор соҳиби илму соҳибмаърифат гардидааст.

Ҷавонмард зиндагию ҳаёти худро бе гулбоғи ободкардаи падар тасаввур карда наметавонад. Балки зиндагии аҳли оила, шаҷараи авлодии онҳо ба корҳои ободонии гулбоғ вобаста аст. Воқеан маҳз ба ҳамин заҳмату бурдбории бисёрсола ва дар асоси илм пеш бурдани кор буд, ки ин талу теппаҳои бедарахт ба гулбоғ табдил дода шуданд ва ҳар як сокини диёр Кӯлобро маҳз бо ҳамин гулбоғу хиёбонҳои хурраму сарсабз ва мардони баору номусу гулпавараш мешиносанд.

— Ободии 18 гектар боғи сарзабз ва парваридани садҳо ҳазор ниҳолу гулбуттаҳои нодир ба сарварию маслиҳат ва дастгирӣ, ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, хурсанду хушбахтона ба ёд меорад олими намоёни тоҷик, доктори илмҳои биологӣ Мариё Бобоев ва суханашро шарҳ медиҳад:

— Ҷаноби олӣ солҳои 1998, 2003 ва 2006, яъне дар ҳар сафари кориашон ба Кӯлоб ба Гулбоғ омада, дастуру ҳидоят медоданд ва маълум, ки баҳри ободии боғ ёрию мададашонро дареғ намедонистанд. Бе ёрии ин марди шариф мустаҳкам кардани атрофи 18 гектар боғ бо девор ва парвариши ин миқдор дарахту ниҳолу гӯлу гиёҳ магар кори осон аст? Дар аввали кор Пешвои миллат 178 ҳазор сомонӣ ёри расонида, дар кори бо об таъмин кардан низ мададу ёриашон беандоза аст. Воқеан арчаи соли 1998 ба дасти худ дар ин боғ шинонидаи Ҷаноби Олӣ дарахти азамати хушқаду бар, қариб сисола шудааст.

Ҳамин тариқ, ба ин боғ мардона шарафманду хушпайиқадам Бобои Миралӣ Маҳмадалӣ, собиқ сарвазири Тоҷикистон Яҳё Азимов, академик Раҳим Масов, Нусратулло Махсум, Ғайбулло Афзалӣ ташриф оварда, дар гӯшаи боғ беш аз сад нафар шахсони табаррук дар солҳои гуногун ниҳоли дарахт шинонидаанд, ки чун ёдгорӣ боғро зебу ор медиҳанд.

Саршавии корҳои ободонии Гулбоғи Кӯлоб соли 1985 оғоз ёфта, ҳоло дар ин ҷо қариб 30 нафар коргарону олимон ба кор машғул буда, ҳар сол аз ин ҷо ба хоҷагию деҳу шаҳрҳои вилояту ҷумҳурӣ қариби 15-20 ҳазор адад ниҳолу гулу гиёҳ фиристода мешавад.

— Мо, — мегӯяд Мариё Бобоев, — бо олимони шаҳрҳои Тошкенту Ашқобод, Бишкек, Минск ва ҳатто Новосибирку Боғи ботаники Единбурги шоҳигарии Шотландия алоқаи илмӣ дошта, аз он ҷойҳо тухми гулу гиёҳу дарахт оварда, ин ҷо кишт мегузаронем. Ҳоло дар Гулбоғ беш аз 2 300 намуд дарахту гулу гиёҳ мавҷуд аст, ки намояндаи дилхоҳ мулку давлат метавонад аз ин рустаниҳо ба диёри худ бибарад, ҳавлию гузару кӯча боғи шаҳри хешро сарсабзу хуррам гардонад.

Ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ҳоло коргарони Гулбоғ беш аз бист ҳазор адад ниҳоли дарахти ороишию гулу буттаҳо тайёр кардаанд.

Аз баракати обу ободонии боғ дар саргаҳу атрофи он дар давоми 35 сол беш аз 100 хоҷагӣ хонаву ҳавли обод карда, дар ин гӯшаи зебоманзари диёр зиндагии хушбахтона доранд.

Мариё Бобоев аз комёбиҳо ҳарф зада, ба ёд меорад, ки кӯдакию ҷавонии падари бузургворашон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва баъди он ниҳоят сахтии сангину мушкил гузаштааст ва падар пеши дарёфти ризқу рӯзӣ чи мушкилиҳоро паси сар кардаанд. Шояд ҳамон мушкилиҳо сабаб гардиданду Тилло Бобоев аз паси омӯзиши илм шуда, то дараҷаи дотсентию олими соҳа расиданд ва аз худ дар қатори номи нек фарзандони солеҳ ба воя расонидаанд.

Мариё Бобоев низ дар асоси насиҳати падар баъди хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва як сол дар боғ кор кардан аспиранти Институти ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди се сол таҳти роҳбарии устодашон доктори илмҳои биология Ҳисориев Ҳикмат Ҳисориевич рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Алгофлораи ҳавзаи дарёи Қизилсу (Сурхоб)» дифоъ карда, боиси сарфарозии падар мегарданд. Ва бубинед, ки Мариё рисолаи номзадии хешро дар солҳои пурошубу бесару сомонии ҷумҳурӣ шаҳри Новосибирки Русия бо забони русӣ ҳимоя мекунад.

Чунон ки халқ мегӯяд: «Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан» ва чӣ ҷои шарҳу эзоҳ, ки ин олими ҷавону ҷамонмарди зери сарвари падари олимашон тарбия ва таълим гирифта, баъди 9 соли дигар дар мавзӯи «Алгофлораи рӯдҳо ва обанборҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя карда, аз Россия бо сари баланд ба зодгоҳаш Кӯлоби бостонӣ, ба Гулбоғи Тилло Бобоев бармегардад.

Ранҷу азобу азият ва заҳмати 12-солаи рӯи рисолаҳои илмӣ хуни дил хӯрданро касе эҳсосу дарк карда метавонад, ки худ ба чунин фидокориҳо сару кор дошта, фаҳмида метавонад.

Ва бояд гуфт, ки дар шаҷараи авлоди Бобоевҳо се олими намоён Тилло Бобоев, докторҳои илмӣ Хаёлу Мариё Бобоевҳо дар шукуфоии илму ободии Тоҷикистон ҳиссагузоранд. Ба тарзи дигар дар Тоҷикистону дигар мулк авлодеро кам андар кам вомехӯрем, ки се олими намоён аз як авлод ба халқу миллати хеш арзонӣ дошта бошанд.

Пеш аз ҳама, ман мегӯяд, Мариё Бобоев аз падари бузургвор, баъд аз муаллимон Саидҷон Ҳафизов, Ҷуъмахон Баротов, академик Ҳикмат Ҳисориев, сарвари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, олими рус Науменко Юрий Виталий, Черёмушкина Вера Алексеевна ва бисёр дигарон ҳама умр миннатдору қарздор хоҳат монд, зеро бе ёрию раҳнамудии онҳо ба чунин комёбӣ муваффақ шуда наметавонистам.

Тилло Бобоев натанҳо фарзанди олимаш Мариё, балки духтаронаш Маҷидаю Мунираю Манижа, Ҷовидони фарзанди хурдиро низ соҳиби илми олӣ гардонида, Ҷовидон донишгоҳи техникиро дар шаҳри Истанбули Туркия хатм карда, касби муҳандисии нафту газро аз бар кардааст.

Мариё хуб дар ёд дорад, ки падар ҳар доим таъкид мекарданд, ки ҳалолкору покизарафтор, боодобу покахлоқ бошад ва думболи дороию мол нагардад. Балки бояд дороӣ ҳунармандро ҷустуҷӯ карда ёбад.

— Ба хона агар як тини ҳаром дохил гардад, яқин аст, ки сад суми ҳалолро барбод хоҳад дод. Таъкид мекард падар.

Дониш талабу бузурги омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

— Ин панд дар назар одӣ, вале дар асл чӣ қадар манфиатовар аст, — доим ба хотир меорад Мариё таъкидҳои падарро ва дар баробари дар асоси онҳо амалӣ кардан худ дар тарбияи фарзандон тадбирҳо меандешад.

Шаҳриёр, фарзанди калонӣ баъди хатми шуъбаи биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб боз донишомӯзиашро давом дода, дар магистратура мехонад. Комёр донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Фараҳноз ва Омина дар мактаби миёна бо баҳои хубу аъло мехонанд.

Мард ҳамеша аз паи ҷустуҷӯи корҳои илмӣ дар баробари дар боғ кору фаъолият ва роҳбарӣ кардан аз паи дарёфти тухми гулу гиёҳ ва ба Кӯлоб овардани навъҳои гуногуни рустанию гулҳо, барои ба шароити иқлими инҷо мутобиқ гардонидан тадбирҳо меандешад. Воқеан, боз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлобу Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият доштан, шогирдон тарбия карда, ба воя мерасонад, то имрӯзу оянда дар ободу зебо гардонии ватани маҳбуб ҳиссагузор бошанд.

— Шоҳмурод Қуллаев, Фирдавс Шарипов, Саймуҳаммад Ёқубов барин шогирдон агар аз паси дифои рисолаҳои илмӣ аз устоди меҳрубонашон Мариё Бобоев дарс омӯзанд, муаллим инчунин дар донишгоҳ ба миагистрантҳо дарс таълим медиҳад. Мавзӯъҳои илмиро баррасӣ мекунад.

Дар баробари ин, ҳама ташвишҳои зиндагӣ Мариё Бобоевро зарур аст, ки барои рӯзнома ва маҷаллаҳои даврии соҳа дастуру мақолаҳо нависад, рисолаҳои шогирдонро аз таҳрир гузаронад.

Дар чанд соати суҳбат бо олими шинохта Мариё Бобоев ва сайру тамошои Гулбоғ дар баробари дар гӯшаҳои алоҳида дидани гулҳои худрӯ ва дар гармхонаҳо тухми гиёҳу буттаҳо корида, дар ҳуҷраи кориашон Китоби сурхи Тоҷикистон нашрияи соли 2015 ба чашмам намуд ва чун онро варақгардон кардам дидаму хондам, ки Мариё Бобоев ҳамроҳи падари бузургворашон Тилло Бобоев дар ин китоби басо пурққимати миллат ҳукми ҳаммуаллифӣ ва бо олимони соҳа ҳамкори доштанд. Яъне, ду олими соҳа дар ин китоб аз 50 намуди гули сиёҳгӯшу лола, насрину наргис, зираю бӯбанаку шунук ва бисёр дигар гулу гиёҳои нодирро дохил карда, дар барои мавзеи рӯидани онҳо ва манфиату доруворӣ буданашон маълумотҳои илмӣ додаанд. Инчунин, роҳҳои ҳифзу тараққии ин гулу гиёҳҳоро низ қаламдод намудаанд, то мардуми тоҷик ин гулу гиёҳҳоро аз нестшавӣ нигоҳ дошта тавонад.

Дар гармхонаҳо ва замини дохилии атрофии боғ, — шарҳ медиҳад олим Мариё Бобоев, — ҳар сол мо кишти тухми гулу гиёҳҳои дар «Китоби Сурх» кишт додашударо бо навъҳояшон кишт карда, кӯшиш менамоем, ки адади ин гулҳои нодир ва рустаниҳои шифобахш ҳарчи бештар гардад ва дар баробари ба мардуми диёр манфиат овардан гӯшаҳои биҳиштосои Ватани маҳбубро зебу оро диҳанд.

Вақти аз дарвозаи Гулбоғ баромадан чашми кас ба арчаҳои азамати қад-қади роҳ меафтад, ки си сол пеш аз ин шинонида парвариш карда шудаанд ва онтарафтар ниҳолакони чун арӯс зебои навакак шинонидаро дида, дил мехоҳад ҳарчи вақти бештар монию аз тамошои гулу гиёҳҳои наврустаю бор оварда лаззат бубарӣ.

Дар дурии дури барии теппаи давоми кӯҳи Шакарбаланд бо арчаҳои сабз навиштаҷоти «2700-солагии Кӯлоб»-и бостониро мехонию шукронаи илоҳиро ба ҷо меорӣ, ки дар ин диёр мардони баруманду ободгари ватани маҳбуб, шаҷараи авлоди Тилло Бобоев, Мариё Бобоев барин касон кору фаъолият доранд.

Самараи заҳмати чунин мардон аст, ки Тоҷикистони азиз рӯз аз рӯз чун арӯси нозанин ободтару шукуфотар мегардад.

Сайид Раҳмон, нависанда

 

 

Related Articles

Leave a Comment