Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

by admin
482 views

Корхонаҳои саноатӣ яке аз механизмҳои асосии иқтисодиёти бозорӣ ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти миллӣ бараъло ба мушоҳида мерасад.

Мо ифтихор аз он менамоем, ки барои ташаккул ва бунёди корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда истодааст. Аз ин ҷост, ки дар қаламрави мамлакат дар соли 2019 дар соҳаи саноат 219 корхонаҳо бо таъсиси 2932 ҷойҳои корӣ ва дар соли 2020 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Мо ҷавононро зарур аст, ки ин ҳама рушду нумӯи босуботи кишвари маҳбубамонро қадршиносӣ намуда, бо дониши хубу аъло донишгоҳро хатм намуда, дар ин коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, ки рӯз то рӯз сафи онҳо афзуда истодааст, адои кору фаъолият намоем ва бо интизоми намунавии хеш ҳамеша пайравони Пешвои муаззами миллат бошем.

Зоир АКРАМОВ,

донишҷӯи соли 3-юми

факултаи иқтисод ва идора

Related Articles

Leave a Comment