Home ХАБАР ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ ГУЛҲО — «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ ГУЛҲО — «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

by admin
254 views

Санаи 30-юми март Озмуни вилоятии «Сайри гули лола» ҷамъбаст гардид ва соли дуюм аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» барои солҳои 2020-2021 фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи 1-ум дониста шуд ва бо Дипломи дараҷаи 1 қадрдонӣ карда шуд.

Имсол гулҳои лолаи саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо як таровати тоза нашъунамо кардаанд. Натиҷаи заҳмати раёсат ва омӯзгорону донишҷӯён буд, ки дар саҳни бинои марказӣ ва биноҳои факултаҳо соли дуввум аст, ки донишгоҳ дар Озмуни вилоятии «Сайри гули лола» сазовори ҷойи намоён мегардад.

Лолаҳои шукуфони саҳни донишгоҳро дида, беихтиёр ин байти шоири классик ба ёд меояд:

Гул неъматест ҳадя фиристода аз биҳишт,

Мардум каримтар шаванд андар насими гул.

 

http://www.anvor.tj                                 

Related Articles

Leave a Comment