Home Без рубрики РӮЗИ МОДАРОН МУБОРАК!

РӮЗИ МОДАРОН МУБОРАК!

by admin
143 views

Ба номи ту ин калом модар,

Ба шири ту эҳтиром модар.

Ҳар соату субҳу шом модар,

Аз ҷону дилам салом модар.

Модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Офтобест, ки лаҳзае аз болои кӯҳе баромада, дӯнёро равшвнию ҳаёт мебахшад.

Модар ба қавли бузургон ба як дасташ гаҳвора ба дасти дигараш дӯнёро такон медиҳад. Модарон беҳтарин ноёби нотакроранд, он ҷо ки туӣ модар он ҷо гулистон аст. Онҷо ки набошӣ, ту як манзили вайрона аст.

Модарони азиз! Шуморо ба рӯзи идатон муборак гуфта, ба шумо умри дароз, тани сиҳат орзумандам ва аз даргоҳи Худованд хоҳони онро дорам, ки ҳамеша хурсанду саломат бошед. Ҳеҷ вақт ғамро набинед. Бузургон гуфтаанд: «Биҳишт зери қудуми модарон аст».

Тахмина КОМИЛОВА,

донишҷӯи соли 1-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment