Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МОДАР — ҲАСТИИ ФАРЗАНД

МОДАР — ҲАСТИИ ФАРЗАНД

by admin
243 views

Модарҷон, ту беҳтаринӣ, ту дар ҷаҳон ҳамто надорӣ, бароям яктоӣ. Ҳар гоҳе, ки номи туро ба забон мегирам, дар дилам меҳру шавқат нисбат ба ту боз ҳам зиёдтар мегардад. Ҳар қадар ки дар наздат бошам, боз ҳам аз бӯи муаттари ту сер намешавам.

Шояд ҳастанд нафароне, ки ба қадри ин олиҳаи бузург намерасанд ва чи будани меҳри ӯро дарк карда наметавонанд, ҳатто фикр мекунанд, ки молу сарват, симу зар барояшон ҳама чиз аст. Аммо не! Шояд онҳо хато кунанд, зеро як дуои модар беҳтарин ганҷина дар рӯи олам аст. Барои ман молу сарват, симу зари ин дунё аҳамият надорад, зеро як дуои модарам ин худ молу сарвати ин дунё аст.

Яке симу зару гавҳар бихоҳад,

Дигар аз осмон ахтар бихоҳад.

Дили ман аз ҳама чизи қимматар,

Дуову ҳикмати модар бихоҳад.

Модарҷон, ман тамоми зиндагиамро тамоми заҳмату талошамро дар ҳастии ту мебинам, зеро ту тамоми зиндагиатро, тамоми заҳмату талошатро барои мо фарзандон дареғ надоштӣ. Модарҷон, ту барои мо фарзандон мӯи сиёҳатро сафед, қомати ростатро хам ва ҳатто ҷавониатро дареғ надоштӣ.

Ҳар кас, ки дар зиндагӣ ба қадри ту нарасад, не соҳиби обрӯ мешавад, не соҳиби молу мулк ва ҳатто хонаи охирати худро месӯзонад.

Фараҳнози АШУРМАД,

донишҷӯи соли 1-уми факултети

филология тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment