Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МОДАР, МЕҲРИ БУЗУРГИ ТУ ДАР ҚАЛБИ МАН АСТ!

МОДАР, МЕҲРИ БУЗУРГИ ТУ ДАР ҚАЛБИ МАН АСТ!

by admin
1339 views

Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар,    

Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар.     

Модар, ноёбтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи меҳру муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Меҳри бепоёни ӯ ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёли мост. Канори модар мактаби тифлӣ баҳри ҳар як инсон аст. Дасти дуои модар ва суханҳои самимонаи ӯ роҳи зиндагии фарзандро рушан мекунад. Модар чун дарахти пурсамерест, ки фарзандони парвардааш чун меваҳои ширин ба камол мерасанд. Хуршедест дар осмони дили фарзанд, ки бо партави ҷонбахшу нурофаринаш зиндагиро гармиву саодат ато мекунад ва нерӯи зистан мебахшад. Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё — фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа саҳмгузор бошад. Шоирони зиёде дар бораи модар бисёр суханварони кардаанд, ба мисоли Лоиқ Шералӣ, ки шоир китобе бо номи «Модарнома» навиштааст ва саросар ашъори нотакрореро дар васфи модар фаро мегирад:

Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,

Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.

Дар фазои абадият паи парвози дароз,

Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.

Воқеан, модар азизтарин, меҳрубонтарин шахс барои ҳар яки мост. Албатта, барои васфи модар суханҳо оҷизӣ мекунанд. Дар охири суханҳои худ гуфтаниям, ки модарони худро бояд ғанимат донем. Хизмати онҳоро бо ҷону дил иҷро карда, ба дуои некашон сазовор бошем. Тамоми модарони рӯйи заминро ва дар симои онҳо модари худро низ бо идашон табрик карданиям. Идатон муборак, модарҷон!

Исмоил РИЗОЗОДА,

донишҷӯи соли 2-юми факултети

таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Related Articles

Leave a Comment