Home АНДЕША ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ — НАМУНАИ БАРҶАСТАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ — НАМУНАИ БАРҶАСТАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

by admin
104 views

Имрӯзҳо сокинони хушбахт ва сарфарози Тоҷикистон зери роҳбарии оқилонаи Асосзгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни муҳими сиёсӣ ва муқаддас — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегиранд. Басо шодиовар аст, ки дар фазои орому осудаи меҳани маҳбуб аз озодиву оромӣ ва сулҳу суботи сартосарии кишвар ҷашн мегирем.

Бузургтарин чеҳраҳои илму адаб — Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хӯҷандӣ, Сайидои Насафӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Аҳмади Дониш ва даҳо нафар фарзандони фарзонаи миллат ба сахтӣ рӯз бурда, дар ғарибиву ғурбат ва ранҷу машаққат зери теғи бедоди аҷнабӣ ҷон бохтаанд. Шахсиятҳое, ки аз эшон намбурда шуд, ҳар яке машҳури давру замони хеш буда, дар миёни оммаи халқ ва тамоми табақоти ҷомеаи феодалии асримиёнагӣ маъруфияту маҳбубияти хоссе доштанд. Бо вуҷуди ин, чи рӯзҳои наҳсу касофатбореро аз сар гузаронидаанд ва бо дарду алами ҷонсӯз дучор шудаанд. Пас, қазоват кардан бисёр душвар аст, ки ба сари мардуми одӣ чӣ рӯзҳое омада бошад. Барои донистани ин ба сафҳаи таърихи халқамон назар меафканем, ки бо хуни ҳазорон бегуноҳ иншо шудааст.

Дар саҳифаҳои таърих гуфта шудааст, ки аҷдодони мо — сокинони далеру ватандӯсти Самарқанди бостон ҳангоми истилоҳи ваҳшиёнаи муғул ба ҳимояи шаҳр камар бастанд ва чандин муддат шаҳри худро ҳифз намуданд, пас аз сахтиҳои зиёд, ба лашкари ҷаррори муғул муяссар гардид, ки шаҳрро забт намояд. Пас аз ин, аҳолии шаҳрро ба ҷурми дифои Ватан қатли ом намуданд. Таърихнависон мегӯянд, ки пас аз истилои Самарқанд аз тамоми дарвозаҳои он чандин шабу рӯз хуни одамизод ҷорӣ мегардид. Ин танҳо як лаҳза аз он ҳама 1100 соли бедавлатӣ буд, ки дар муддати 11 асре, ки аҷнабиён хоки муқаддаси моро поймол мекарданд чӣ балоҳое ба сари аҷдодони мо оварданд, ба умқи қазовати ҳар як хонандаи заковатманд ҳавола мекунем. Мақсад аз баёни рӯйдодҳои мудҳиши таърихи гузашта ин аст, ки мо бояд ба қадри истиқлолу озодӣ ва сулҳу ваҳдат расем ва онро ҳамчун ҷон дар бадан ҳифз намоем.

Дар шароити ҳасоси ҷаҳонишавӣ ҳифз ва ҳимояи давлат ва истиқлолу ваҳдат кори ниҳоят муҳим буда, аз ҳар як фард, пеш аз ҳама, худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва шуҷоату мардонагиро талаб менамояд. Чаро ки маҳз шахсияти дорои чунин хусусият метавонад, дар баробари ҳама зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир — аз қабили терроризму экстремизм, бегонапарастию тақлидкорӣ, дингароӣ ва монанди инҳо истодагарӣ карда, манфиатҳои давлат ва миллатро ҳифз намояд.

Бо дарки ҳамин масъулият, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба сари ҳокимият омадан масъалаи рӯ овардан ба таърих ва фарҳанги қадимаи гузаштагони миллатро дар маҳаки сиёсати давлатӣ қарор дода, ҷиҳати таҳқиқ ва омӯзиши таъриху тамаддуни халқи куҳанбунёди тоҷикон ибтикороти шоистаи сатҳи ҷаҳониро, аз қабили бузургдошти «Авасто», Камоли Хӯҷандӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Имоми Аъзам, ҷашнвораҳои 2500 — солагии Истаравшан, 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 — солагии Ҳисор, 5500 — солагии Саразм роҳандозӣ намуд.

Иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки иборат аз чоп ва ба ҳар як оилаи Тоҷикистон ройгон тақдим намудани шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» саривақтӣ буда, ҷиҳати рӯ овардани шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан, ҷавонону наврасон ба таъриху фарҳанги гузаштагони хеш саҳми арзанда мегузарад. Пешвои муаззами миллат ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон таъкид медоранд, ки дар ҷаҳони имрӯза маҳз он халқу миллатҳое соҳиби давлат боқӣ мемонанд, ки таърих, фарҳанг ва расму оини гузаштагони хешро медонанд ва ба он арҷ мегузоранд. Дарвоқеъ, бе донистани таърихи гузаштаи худ инсон метавонад сари ҳар қадам ба монеа ва роҳгумӣ дучор шуда, ояндаи худ ва дигаронро тира созад. Гузашта аз ин, мавҷудияти шоҳасари «Тоҷикон» дар ҳар як оилаи тоҷик метавонад дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба обу хоки муқаддаси кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошад.

Барҳақ, ҳанӯз ҳашт қарн пеш Мавлоно Ҷалолоиддини Балхӣ вобаста ба ин мавзӯъ дар муқаддимаи «Маснавии маънавӣ» басо ибратбахш андеша меронанд:

Ҳар касе к-ӯ дур мондаз асли хеш,                         

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.                        

Бале, инсон бо таъсири омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва хости қисмат аз Ватан, ёру дӯстон ва ҳамнасабон гоҳҳо дур мешавад, вале ин набояд маънои онро дошта бошад, ки бо каме беҳтар шудани ҳол дар рӯзгор аз асл ва аҷдоди худ фаромӯш кард ва санги маломат ба суи худ андозӣ, чаро ки бо гузашти айём ва умр инсон мехоҳад боз ба асли хеш, арзишҳои динӣ ва миллии худ баргардад, ба шарте ки аз ҳадди эътидол дур нарафта бошад. Барои нагузаштан аз ин ҳад туҳфаи навбатии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни муддао буда, дар фазои печидаи итилоотии ҷаҳони имрӯза сипарест дар ҳифзи давлати тоҷикон ва он ҳама арзишҳои миллии халқи тоҷик.

Аз ин лиҳоз, тамоми талошҳои Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он равона гардидааст, ки халқи мо, махсусан, ҷавонон бояд ба асли хеш бештар рӯ оранд, на ба фарҳанги бегонагону аҷнабиён. Ба он хотир, ки таърих аз замони мавҷудияти оламу одам хуб дар ёд дорад, ки ҳар халқу миллате, ки аз асли хеш ҷудо шуд, гирдоби фано онҳоро якҷоя бо давлату дороияшон ба қаҳри худ фурӯ бурд. Дар замони имрӯза низ мо шоҳиди чунин нестшавии маҷозиву шаклии давлатҳои хурду бузург шуда истодаем, ки маҳз бо сабаби бепарвоии баъзе табақоти аҳолӣ нисбати таъриху фарҳанги хеш, озодиву истиқлол, бетарафӣ нисбат ба ояндаи давлату миллат ва тақлидкории ноҷо ба таъриху фарҳанги бегона муҳимтарин ҷавҳари зиндагӣ — номус, шараф, давлат ва озодиву ояндаашонро аз даст дода, ба вартаи нестӣ рӯ ниҳодаанд.

Ба ҳамин тариқ, хурду бузурги Тоҷикистон бояд бо дарки масъулият ва ифтихор аз асли хеш дар ҷаҳони имрӯза, ки пур аз таззоду даргириҳост, аз сари сидқ ҷиҳати боз ҳам такон бахшидан ба рушду инкишофи бемайлони тамоми соҳоти хоҷагии халқи кишвари маҳбубамон камари ҳимату садоқат баста, дар муаррифӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ кушишу талош намоянд ва бадин васила вориси сазовори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҷдодони офарандаву созандаи хеш бошанд, зеро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26.01.2021 бо итминон таъкид намудаанд, ки «Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад».

Гадомад Зулфиев,

номзади илмҳои филологӣ, дотсенти

кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment