Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОДАЛЕЛҲОИ АҶОИБ ЧАНД ДАЛЕЛИ АҶИБ

ЧАНД ДАЛЕЛИ АҶИБ

by admin
455 views

  1. Аввалин истеҳсолкунандаи кислотаҳои ғайриорганикӣ дар ҷаҳон Ҷобир ибни Ҳайён аст.
  2. Аввалин бор дар ҷаҳон кислотаи сулфатро ҳамчун катализатор Ҷобир ибни Хайён истифода бурдааст.
  3. Авалин маротиба дар ҷаҳон дар дохили атом мавҷуд будани энергияро Ҷобир ибни Хайён пешгӯӣ карда буд.
  4. Асосгузори авалин империяи бузург дар олам Куруши ориёист.
  5. Аввалин интишордиҳандаи эъломияи ҳуқуқи башар Куруши Кабир буд.
  6. Дар Зерландияи Нав одамон аз гӯсфандон 15 маротиба каманд.
  7. Чашми шутурмурғ аз косахонаи сараш калон аст.
  8. Дар як дақиқа дили хорпушт 300 маротиба метапад.
  9. Аввалин маротиба боғи ҳайвонот дар Австралия дар асри XV сохта шуда буд.
  10. Китобе, ки аз ҳама зиёд ба фурӯш баромадааст, ин китоби Библия мебошад.
  11. Аз ҳама мӯшаки боқувват ин забон аст.
  12. Сӯзанак 24 соат умр мебинад.
  13. Кирмак дар сараш 248 мӯшак дорад.
  14. Дарёи Нил дар таърихи худ танҳо ду маротиба ба яхбандӣ дучор шудааст, ки дар асрҳои IX ва XI буд.
  15. 45%-и америкоиҳо намедонанд, ки офтоб ин як ситора аст.
  16. 90%-и хитоиҳо насабашон бо Ли сар мешавад.
  17. Фил ягона ҳайвоне аст, ки парида наметавонад.
  18. Росияро аз Америка ҳамагӣ 4 км ҷудо мекунад.
  19. Аз ҳама варзиши маъруф дар Тайланд ин сар додани пӯфакҳои мормонанд мебошад.
  20. Дар Ҳиндустон ҳар сол аз аҳолии Австралия зиёдтар одам ба дунё меояд.
  21. Дар Бразилия колокол ном паррандаи хурдакаке зиндагӣ мекунад, ки овозаш аз 2 км шунида мешавад.
  22. Нештаршаклон шабона фаъоланд, чунки онҳо дар равшании зиёд тоқат надоранд ва аз равшании зиёд мефавтанд.
  23. Хуни нармбаданҳо вобаста ба он ки дар таркибаш кадом элементи кимиёвӣ дорад (оҳан ё мис) сурх ё кабуд мешавад.
  24. Хуруси калонтарини дунё “Боеч” ном дорад, ки дар муддати 18 моҳ 26 кг вазн пайдо кардааст.
  25. Малахҳо хӯроки дӯстдоштаи гӯсфанд, асп ва фил мебошанд.
  26. Канаҳо то 6 сол бе хӯрок зиндагӣ карда метавонанд.
  27. Дар Африкои Ҷанубӣ шутурмурғро ба ҷои саг барои муҳофизати рама истифода мебаранд.
  28. Вақте одамизод 2%-оби чашми худро аз даст медиҳад, ӯ дар ҳолати ташнагии сахт қарор мегирад.
  29. Тори тортанак хеле борик буда, барои печонидани курраи замин ҳамагӣ 400 грамми тори он кифоя мекунад.
  30. Аломоҳии баҳри Сиёҳ аслан модинаанд ва баъди 5-солагӣ ҷинси худро тағйир медиҳанд.

 Манучеҳр ШАРИФЗОДА,

донишҷӯи соли 2-юми факултаи

химия, биология ва география

 

Related Articles

Leave a Comment