Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР…

АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР…

by admin
3049 views

Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин диди муборак то имрӯз боқӣ мондааст.

Устоди аввалин, чӣ тавре ки аз номаш бармеояд онест, ки ба кас хатту савод омӯхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ гузаштагони фозили мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистаанд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст

В-аз падар устод дар пеш аст.

Адиби дурандешу донишманд Аҳмади Дониш дар сифати шинохти устод навиштааст: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар».

Аз ин ҳама андешаҳои ҷолиб чунин бармеояд, ки муаллим, омӯзгор дар тарбияи маънавии инсон нақши муассир дошта, боиси эҳиром ва шаҳомат низ гаштааст.

Хулоса, омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи мукаддаси ҳар як инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст.

Талабшо БОБОЕВ,

донишҷӯи соли 4 уми

факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment