Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ҚИБЛАГОҲАМ МОДАРАМ

ҚИБЛАГОҲАМ МОДАРАМ

by admin
274 views

Модари ҷонам, намедонам суханонамро чи гуна рӯи авроқ биёрам. Медонӣ он қадар дилам ба набудани ту танг гаштааст. Ту баҳоре дар ҳаётам будӣ, аммо намедонӣ, ки бо рафтанат баҳорам хазону зидагиам торик гардидааст. Ту ҷаҳони манӣ, ту ҷони манӣ, ту ишқи нокоми манӣ, ки дар вақти таниданҳо, шукуфтанҳо маро танҳо гузошта ба дуриҳои дур сафар кардӣ.

Магар намедонистӣ, ки аз рафтанат дунёи ман зиндон ва гуристон аст? Ҳар вақте ки тасмим мегирифтам аз мактаб ба хона равам, фақат ба хотири дидори ту буд ва ҳоло бошад ба назди кӣ ва ба хотири кӣ ва бо чӣ мақсад қадам бигзорам. Ба он хона на умеде ва на орузуе дигар бароям намондааст, чунки ҷоятро дар дилам касе гирифта наметавонад, аммо он қалб хунин гаштааст, захме пайдо намудааст, ки ҳеҷ табибе наметавонад табобаташро биёбад. Аз дур ошиёни туро ёд меорам, модарҷон.

Ҳангоме, ки шаб сарамро дар болишт мегузорам, фақат манзараеро мебинам, ки тобутатро ба сӯи қабристон мебаранд ва бо тарс аз болишт бедор мешаваму мегӯям, ки ҳамааш дар хоб будааст. Вақте ба хоб меравам, аз Худо хоҳиш мекунам, ки ҳамааш дар хобам бошад, ҳангоми аз хоб бедор шудан модарамро дар канорам бинам, сарам дар рӯи зонувонаш бошад, аммо ин аз имрӯз эътиборан бароям як орзу мемонад.

Онҳое, ки модарони худро аз даст додаанд, шояд аҳволи манро хубтар дарк намояд. Хоҳишмандам дар ҳаққи модарам дуогӯ бошед. Рӯҳатон шод ва хонаи охирататон нурафшон бод, модари ҷон.

Мадинаи ҚУДРАТУЛЛО,

донишҷӯи соли 2-юми факултети

химия, биология ва география

 

 

 

Related Articles

Leave a Comment