Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЯКЕ АЗ ҶАВОНТАРИН НОҲИЯ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ЯКЕ АЗ ҶАВОНТАРИН НОҲИЯ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

by admin
299 views

15-уми сентябри соли 1950 Президиуми Шурои Олии РСС Тоҷикистон дар бораи ташкили ноҳияи нав бо номи «Чӯбак» дар ҳайати вилояти Кӯлоб қарор баровард. Баъди ин, аз кӯҳистон кӯчонидани мардум, ки барвақт оғоз ёфта буд, авҷу нумӯи тоза гирифт ва аҳолии ноҳия аз ин ҳисоб  зиёд шуда, баъдан номи Москваро гирифт.

То 12-уми феврали соли 2004 ноҳия номи Москваро дошт. Номи нави ноҳия дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бузургдошти мутафаккири тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ номгузорӣ шудааст.

Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз ноҳияи ҷавонтарини минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шумор меравад. Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соҳили дарёи Панҷ, ки байни ҷумҳурии мо ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳад мегузарад, воқеъ аст. Ин дарё, ки аз қуллаҳои Помиру Дарвоз ибтидо мегирад, ба ин ҷо ба водӣ расида, аз шасту ҷавлонаи худ каме ором меёбад. Ин аст, ки аввали солҳои 50-ум канале канданд, ки барои обшор ва киштбоб намудани заминҳои ноҳия хеле мувофиқ буд.

Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар масоҳати зиёда аз 100 километр, дар Ҷануби Ғарбӣ бо ноҳияи Фархор дар масоҳати 9 километр ва дар Шарқ бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар масофаи 150 километр ҳамсарҳад мебошад. Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз навоҳии ҷавонтарини минтақаи Кӯлоб ба шумор мервад, вале тавассути меҳнати бунёдкоронаи мардум дар тӯли 4-5 даҳсола аз ботлоқзор воқеъан ҳам ба боғу бӯстон табдил ёфт.

Санаи 27-июли соли 2016 Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда буд.

Мардуми ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо як шӯкуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифтанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми заҳматкаши ноҳия барои саҳми арзандаашон баҳри ободию пешрафти ин гӯшаи зебои диёр ва пазироии гарму самимӣ арзи сипос намуд.

Санаи 19.12.2020 дар МТМУ №14-и шаҳрак ҷашни 70-солагии ноҳияи Ҳамадонӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур собиқ раиси ноҳия Вализода Абдуқодир Юсуф низ иштирок намуд. Ногуфта намонад, ки ноҳияи Ҳамадонӣ яке аз ноҳияҳои дорои таърихи ғанӣ ва фарҳанги воло дар кишвар ба ҳисоб рафта, сол то сол рушду пешрафт мекунад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иқдомҳои зиёди созандагию ободонӣ тарҳрезӣ гардида, бунёд ва азнавсозии иншооти маъмурию фарҳангӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои хизматрасонию таълимӣ,  инчунин роҳсозӣ бо маром идома дорад.

ХУРШЕД Исматов,

мутахассиси сомонаи рӯзномаи «Анвори дониш»

 

Related Articles

Leave a Comment