Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ

ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ

by admin
143 views
“Парчами миллӣ – яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатӣ ба мо тоҷикон барои таҳлили пуршукуҳи тамоми санаҳои муҳими таърихии миллиамон ва рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард. Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва Асъори миллӣ аз ҷумла чунин муқаддасот ба ҳисоб меравад. Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар он ба таври рамзи моҳияту мазмуни фаъолият ва таъиноти давлат, шакли сохти давлатӣ, марому мақсади давлат ва равандҳои асосии сиёсати он ифода мегардад. Аз ин хотир давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ аз ҷумла, Парчами давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз замонҳои қадим сар карда Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номуси ҳар як миллат маҳсуб меёфт. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд гувоҳӣ медиҳанд, ки парчам таърихи беш аз 4 ҳазорсола дорад ва нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо шудаанд. Тибқи сарчашмаҳои таърихи бори аввал Коваи оҳангар пешдомани чармини худро ҳамчун парчам ба муқобили Заҳоки хунхор истифода намуда, ба пирӯзи ноил мегардад ва аз ҳамин давр сар карда то имрӯз мо парчамро ҳамчун рамзи пирӯзи истифода мебарем. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ташкил ёфтани давлати мустақили ҳуқуқбунёду дунявӣ парчами нави миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон 24 августи соли 1991 бори нахуст зикр гардид, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчамро рамзи давлатӣ эъон кард. Хушбахтона бо шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон, соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷасумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрезӣ гардида, ба суи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ–сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Дар баробари андешидани тадбирҳои зарури доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзи кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам қабул карда шуд. Мо имрӯз он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем. Зеро барои мо аввалин рӯзҳои сахти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон буданд.
Бо мақсади боз ҳам зиёдтар эҳтиром доштани арзишҳои миллӣ ва рӯ овардан ба ин арзишҳо 19 ноябри соли 2009-ум аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24-ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Тамоми шаҳрвандони банангу номуси кишвар бо роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти ҳамин парчам ба Ваҳдати миллӣ расиданд. Бинобар ин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои миллӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муносибати Рӯзи Парчам иброз намуданд, ки: «Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддасоти миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд». Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарғиби насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Мо ифтихор аз он мекунем, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешволи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ватани азизи мо 30 августи соли 2011 баъди ду соли эълон гардидани 24 ноябр Рӯзи Парчам дар маркази шаҳри Душанбе парчами бузурге парафшон гардид, ки баландтарин манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил мекунад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон баландтарин буда, тули матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноияш ба 30 метр баробар буда, ба китоби Рекордҳои гиннес дохил карда шудааст.
Дар паёми табрикии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили дуюмин солгарди Рӯзи Парчам пешниҳод карда буд, ки ба хотири эҳтиром ва арҷгузории парчами миллӣ, инчунин бо дар назардошти нақшу моҳияти он тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум яке аз майдонҳои пойтахти мамлакат ба номи парчами миллӣ номгузорӣ карда шавад. Мо ҷавононро лозим меояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли ватан чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро бо фарзандони худ ва ҷавонону наврасон ҳамеша хотирнишон карда истем ва кӯшиш намоем, ки дар атрофи парчами миллии ватанамон муттаҳид гардида, баҳри осоиштагӣ, гулгулшукуфии мамлакатамон ва халқу миллати пурифтихорамон софдилона ва ба тамоми қувваю қобилиятамон меҳнат намуда, дар сохтмони ҷамъияти демократию шаҳрвандии ҷумҳуриямон саҳми арзандаи худро гузорем. Бигузор партавафшонии Парчами давлатӣ дар маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳисси ифтихор аз ватандории тоҷикони ҷаҳон бошаду расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол, қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо дониста шавад.
Исломова Фарида-донишҷӯи курси 2-ми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment