Home АНДЕША РОҲҲОИ АСОСИИ ШАРҲУ ЭЗОҲ ДОДАНИ МАЪНОИ ЛУҒАВИИ КАЛИМАҲО

РОҲҲОИ АСОСИИ ШАРҲУ ЭЗОҲ ДОДАНИ МАЪНОИ ЛУҒАВИИ КАЛИМАҲО

by admin
965 views

Мушоҳидаҳои чандинсолаи мо нишон доданд, ки бисёре аз ҷавонон, махсусан, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин омӯзгорони ҷавони мактабҳои миёнаю олӣ, аз ҷумла, коллеҷҳои омӯзгорӣ ва ғайра аз ӯҳдаи ташреҳу тавзеҳ додани маънои луғавии калимаҳои номафҳум, душвор, мушкилфаҳм, баъзан калимаҳои муқаррарӣ намебароянд ва ба ҳар гуна хатоҳо роҳ медиҳанд, ки бисёр таассуфовар аст. Мо ҳамин ҷиҳатро ба ҳисоб гирифта, хастем каме ҳам бошад, ба эҳтиёҷмандон ёрии методӣ расонем.

Дар адабиёти методии таълими забон аз тарафи мутахассисони соҳаи методика ва муаллимони пешқадами забон ва адабиёт оид ба роҳҳои ташреҳу тавзеҳи маънои луғавии калимаҳо дастурҳои гуногуни методӣ тавсия шудаанд, ки бо мазмуну мундариҷаи худ ҷолиби диққатанд.

Вобаста ба дараҷаи фаҳмиш, тайёрии аҳли синф ва хусусиятҳои синнусолии талабагон дар машғулиятҳои лексикӣ маънои луғавии калимаҳо бо роҳҳои гуногун омӯзонида мешаванд, ки онҳоро мо дар алоҳидагӣ аз назар мегузаронем.

  1. Ба воситаи синонимҳо шарҳ додани маънои луғавии калима. Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати синонимикаи калимаҳо ниҳоят бой мебошад. Бинобар ин, дар ҷараёни таълим шарҳ додани маънои калимаҳо ба воситаи синонимҳо бояд мавқеи асосиро ишғол намояд. Моҳияти бо ин усул шарҳ додани маънои калима дар он аст, ки калимаҳои барои бачагон номафҳум бо калимаҳои барои онҳо шинос бо роҳи муқоиса шарҳу эзоҳ дода мешаванд. Чунончи, гетӣ-дунё, хуршед-офтоб, кавкаб-ситора, андалеб-булбул, инъом-туҳфа, ҳадя, савғо, шаффоф-тоза, покиза, беғубор, азим-калон, бузург, ошуфтан-ба ҳаяҷон омадан, оташин шудан, ғамгин гаштан, густурдан-паҳн кардан (намадро, кӯрпачаро, дастархонро…) ва ғайра.

Барои он ки ҳар як калимаи нав дар хотири талаба мустаҳкам ҷой гирад, лозим аст, ки синоними калимаҳо дар дохили ҷумлаю матнҳо оварда шавад. Мисолҳо: Ман ва бачагони дигар дар пеши созандагон ғун шуда, онҳоро тамошо мекардем (С. Айнӣ).

Авлоди башар чун ту фидокор надидаст,

Ҷон додию ҷони ҳамаи халқ харидӣ.

М. Турсунзода

Бояд ба он муваффақ шуд, ки ягон калимаи ҷумла ба талабагон номафҳум намонад. Чунин ҳолат мешавад, ки баъзан як калимаи душворфаҳм боиси номафҳумии мазмуни тамоми ҷумла (матн) мегардад. Мумкин аст, ки хонандагон дар мисолҳои боло маънои луғавии калимаҳои «созандагон» ва «башар»-ро надонанд. Дар ин гуна ҳолатҳо муаллим синоними онҳоро (созандагон-навозандагон, башар-инсон, одамизод, мардум…) оварда, ба талабагон мефармояд, ки бо он калимаҳо ҳар кас мустақилона ҷумлаҳо созанд. Беҳтарин ҷумлаҳои тартибдодаи бачагон даҳонакӣ, қисман хаттӣ таҳлил карда мешаванд. Онҳо калимаҳои номафҳумро бо шарҳашон ба дафтар, сипас, ба дафтарчаи луғати алфавитии худ навишта мегиранд.

Яке аз сарчашмаҳои ниҳоят муҳими бой гардонидани захираи луғати талабагон китоби дарсии забони модарӣ ба шумор меравад. Дар параграфу машқҳои китоби дарсӣ баъзан калимаҳое дучор меоянд, ки маънои онҳо ба аҳли синф номафҳуманд. Дар чунин ҳолат муаллим бояд маънои ин гуна калимаҳоро аз талабагон пурсад. Агар муаллим ба хулосае ояд, ки талабагон аз ин пеш бо чунин калимаҳо дучор нашудаанд, ё худ вохӯрда бошанд ҳам, баъди чанд вақте маънои онҳоро фаромӯш кардаанд, дар он сурат, вобаста ба хусусияти калима, истифода бурдани синоними он калимаҳо ҷоиз аст.

Ҳамин тариқ, ба воситаи синонимҳо шарҳ додани маънои калима дар сурате ба кор бурда мешавад, ки ин ё он калимаи номафҳум синоними аниқ, дуруст ва машҳури худро дошта бошад. Чунон ки маълум аст, забони тоҷикӣ дар ин хусус забони ниҳоят бой ва мутараққист.

  1. Ба воситаи решаи калимаҳо муайян кардани маъно. Бо ин роҳ шарҳ додани маънои луғавии калима аз талабагон малакаҳои эҳтиёткорӣ; дақиқназарӣ ва тарбияи диққатро талаб мекунад. Ҳангоми ба кор бурдани ин усул талабагон таъкид карда мешаванд, ки маънои асосии калима дар реша буда, барои кушодани хазинаи сухан решаи калима ҳамчун кадид хизмат мекунад. Муаллим дар баробари материалҳои китоби дарсӣ аз асарҳои бадеии бачагона, илмӣ-оммавӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо мисолҳои аҳамияти дидактикӣ доштаро гирд оварда истифода мебарад. Дар интихоби мисолҳо ҷумлаҳое истифода мешаванд, ки дар онҳо ғайри калимаҳои содаю сохта калимаҳои мураккаб бештар мавқеъ дошта бошанд. Мисолҳо;

1). Инҳо дуоҳои ҳамабобанд,гуфт мактабдор,-кадомашро, ки бо кадом касал диҳед, як ба як шифо меёбад (С. Айнӣ, «Мактаби кӯҳна»).

2). Ӯ кӯрпача паҳн карда, лӯлаболиштҳоро дар паҳлӯяш гузошт (С. Айнӣ).

3). Устоди мо Ҳазорабек ном ҷавони қавибозуе буд, ки на аз гирдоб метарсиду на аз мавҷи пурхӯруш (М. Миршакар).

4). Баъд Ятим ва Сайдалӣ он заминро аз як сар побел карда баромаданд (С. Улуғзода).

Агар шогирдон ба маънои луғавии ҷузъҳои калимаҳои мураккаби «ҳамабоб», «лӯлаболишт», «қавибозу», «гирдоб», «пурхӯруш», «побел» мустақилона сарфаҳм раванд, он гоҳ семантикаҳои калимаҳои мазкур, инчунин мазмуни умумии ҷумлаҳо ба осонӣ фаҳмида мешавад.

Талабагон бояд донанд, ки калимаи мураккаби «ҳамабоб» аз решаҳои «ҳама» ва «боб» таркиб ёфта, дорои маъноҳои «муносиб», «мувофиқ», «соз», «шоиста» ва «лоиқ» мебошад. Ба монанди ҳамин калимаҳои ишорашудаи ҷумлаҳои 2,3,4 маънидод карда мешаванд. Шарҳ додани маънои луғавии калима аз нуқтаи назари истеъмоли забони адабии имрӯза ва дар мавридҳои ҷудогона дар аспекти таърихӣ муҳимтарин талаботест, ки муаллимро аз ҳар гуна каҷравиҳо бозмедорад.

  1. Шарҳи маънои луғавии калима бо роҳи тасвири нишонаҳои предмет. Шарҳи маънои калима бо роҳи нишон додани хусусиятҳои характерноки предмет яке аз усулҳои хуби методӣ ба шумор меравад. Калимаҳои ифодакунандаи ин ё он предмет, аломат ва ё амалу ҳолат ба воситаи калимаҳои дигар, ки тавсифи мафҳуми муайянеро дар бар мегирад, шарҳу эзоҳ дода мешаванд: мистар-асбоби сатркашӣ буда, ин асбобро аз қоғази сахт ва риштаи абрешим месохтанд; айвон-нишастгоҳест, ки сақфнок ва се тарафаш девор дорад, аммо як тарафаш кушодагӣ аст; шоҳин-паррандаи соҳибчанголи шикорӣ, ки бо вай паррандаҳои дигарро шикор мекунанд.

Мисолҳо:

1). Товусро ба нақшу нигоре, ки ҳаст, халқ,

Таҳсин кунанду ӯ ҳиҷил аз пои зишти хеш.

Саъдӣ

2). Ин ҷоро «зиндон» мегӯянд ва яке аз бандихонаҳои амир аст

(С. Айнӣ).

3). Дид ҳар ҷо сафи саворонро,

Ҳам шилему шинелпӯшонро  М. Турсунзода

4). Вай дар тан либоси ҳарбӣ-гимнастёрка ва шалвори галефӣ дошт (Ҷ. Икромӣ).

Муаллим бо мисол овардани калимаи «товус» (ҷумлаи 1) диққати талабагонро, пеш аз ҳама, ба мафҳуми умумии калима-номи парранда, баъд аз он ба хусусиятҳои фарқкунандаи он: «мурғи калоне, ки парҳои рангоранги зебо, вале пои безеб дошта, думи наринаи он мисли соябон кушода ва баланд мешавад», ҷалб мекунад.

Дар вақти маънидод кардани калимаи «зиндон» (ҷумлаи 2) номи ҳабсхонаи давраи амирӣ будани ин мафҳум таъкид гардида, сипас, сифатҳои характерноки он: рутубатнок, бӯйнок, ифлос, чуқур, торик, воҳиманок ва монанди инҳо баён карда мешавад. Инчунин, нақли як-ду нафар талабаро дар бораи зиндони давраи амирӣ, ки онро дар музейи таърихӣ-кишваршиносии ҷумҳуриамон тамошо кардаанд, шунидан мумкин аст.

Ҳангоми шарҳ додани калимаҳои «шлем», «шинел», «гимнас-тёрка» ва «галефӣ» (ҷумлаҳои 3,4) аввало, мафҳумҳои соҳаи ҳарбӣ будани калимаҳои мазкур, сонӣ, таъинот ва нишонаҳои характерноки онҳо маънидод карда мешаванд. Барои намуна калимаи «гелефӣ»-ро (аслан «галифе») дида мебароем. Галифе-шими махсуси ҳарбие, ки аз ҷиҳати дӯхт фарқ карда, аз ду тараф, аз боло ба поён ба шакли тасма рахи паҳни сурх дорад. Инчунин, бо номи собиқ генерали франсуз Галифет, ки ба коммунарҳои Париж (с. 1871) ваҳшигарӣ ва ҷаллодӣ карда буд, нисбат доштани баромади ин калимаро қайд кардан аз фоида холӣ набуда, як воситаи муҳими таъмини алоқамандии байни фанҳои таълимӣ ба шумор меравад, ки ба он дар барномаҳои таълимии мавҷуда аҳамияти калон дода шудааст. Усули мазкурро дар шарҳи калимаҳои абстрактмаъно низ кор фармудан мумкин аст.

Дар шарҳу эзоҳи маънои луғавии калима барои омӯзгор китобҳои луғат, аз қабили «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ»-и устод С. Айнӣ, «Луғати калимаҳои хориҷӣ», инчунин «ЭСТ» (Энсиклопедияи советии тоҷик) воситаҳои муҳими таълимӣ ба шумор мераванд.

  1. Таҳлили фонетикӣ. Мо ин усулро шартан барои он «таҳлили фонетикӣ» номидаем, ки дар он бисёр лаҳзаҳои таҳлили фонетикӣ ва орфоэпии калима ҷой дорад. Бо ин роҳ муайян кардани маънои калима танҳо ба калимаҳои аз рӯи пайдоишашон арабӣ, аз ҷумла калимаҳои дар асоси ҷамъбандии шикастаи арабӣ («ҷамъи мукассар») сохташуда хос мебошад. Чунончи, калимаҳои анҳор, атфол, ашхос, амвоҷ, ашқол, авроқ, асноф, имдод, манзум, мансур, машриқ, мубоҳиса, мусоҳиба, мантиқ, тавсиф, тараҳҳум ба ин мисол шуда метавонанд.

Пеш аз маънидоди усули мазкур шарҳи мухтасари як масъаларо лозим мешуморем. Чунон ки маълум аст, дар ташаккулёбии калимаҳои арабӣ нақши асосҳои феълӣ, ки аслан аз се, баъзан аз чор овози ҳамсадо иборатанд, бағоят калон мебошад. Аз рӯи тадқиқоти мутахассисон қариб 40 қолаби (модел) сохташавии калимаҳои арабӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Масалан, овозҳои ҳамсадои к,т,б, «скелет»-и калимаҳои зерин ба шумор мераванд: китоб, мактуб, мактаб, котиб, котиба, мукотиба ва ғайра.

Мувофиқи усули мазкур калимаҳои дар боло номбаршударо ба ду гурӯҳ ҷудо карда, ба талабагон ба таври зайл омӯзонидан мумкин аст:

Оид ба гурӯҳи якуми калимаҳо (атфол, авроқ, имдод…) супориш дода мешавад, ки ба зери овозҳои ҳамсадоҳои онҳо як хатча кашида, онҳо дар қавсайн гирифта шаванд. Баъди ин муаллим талабагонро вазифадор мекунад, ки овозҳои ҳамсадои калимаҳоро дар ҳолати ба ҳам зам кардан якчанд маротиба такрор намоянд. Сонӣ, барои ҳосил шудани маънои дилхоҳ ва равонии талаффуз аз овозҳои садонок як ё дутои мувофиқро ба мобайни ҳамсадоҳои он калимаҳо илова карда талаффуз намоянд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани ин гуна машқҳои фонетикӣ ва орфоэпӣ аз талаффузи овозҳои ҳамсадои калимаҳои номбурда калимаҳои содаи решагии зерин: тифл, варақ, синф, мадад… ҳосил мешаванд, ки шакли танҳои калимаҳои ишорашуда мебошанд.

Муаллим ин корро дар ибтидо ба таври хаттӣ дар тахтаи синф ба ҷо оварда, талабагон онро ба таври зайл ба дафтарҳояшон мебардоранд.

анҳор (нҳр) — наҳр

атфол (тфл) -тифл

ашхос (шхс) -шахс

амвоҷ (мвҷ) — мавҷ

ашкол (шкл) — шакл

авроқ (врқ) — варақ

асноф (снф) — синф

имдод (мдд) – мадад

Баъди малакаҳои муайяне ҳосил намудан талабагон бо ин роҳ ба таври даҳонӣ ҳам тадриҷан маънои ин гурӯҳ калимаҳоро мустақилона муайян мекардагӣ мешаванд.

Ҳангоми омӯзонидани гурӯҳи дуюми калимаҳо (мазмун, мансур, машриқ, мубоҳиса, мантиқ, мазкур, тавсиф, тараҳҳум…) низ таҳлили фонетикиро истифода бурдан мумкин аст. Ин типи калимаҳо аз калимаҳои гурӯҳи якум бо он фарқ мекунад, ки бо роҳи ҷамъбандии шикаста сохта нашудаанд.

Бачагон таъкид карда мешаванд, ки ба калимаҳои гурӯҳи дуюм низ мисоли калимаҳои гурӯҳи якум муносибат карда, танҳо овозҳои ҳамсадои аввали онҳоро ба ҳисоб нагиранд:

манзум (нзм) — назм

мансур (нср) — наср

машриқ (шрқ) — шарқ

мубоҳиса (бҳс) -баҳс

мантиқ (нтқ) -нутқ

мазкур (зкр) -зикр

тавсиф (всф) -васф

тараҳҳум (рҳҳм)-раҳм

Таҳлили материалҳои китоби дарсии забони тоҷикӣ, махсусан, китобҳои хониши синфҳои V-VII ва адабиёти синфҳои болоии мактаби миёна нишон медиҳад, ки талабагон ба ин гурӯҳ калимаҳо беш аз пеш дучор меоянд ва аз ӯҳдаи мустақилона маънидод кардани онҳо ба таври қофӣ баромада наметавонанд.

Ҳаминро бояд махсус қайд кард, ки ҳангоми машқ бо гурӯҳи калимаҳои дар боло овардашуда ба худсарона рафтор кардани талабагон роҳ дода нашавад, вагарна онҳо ба ҳама гуна калимаҳо, чи калимаҳои аслан тоҷикӣ ва чи калимаҳои аз дигар забонҳо иқтибосшуда бе фарқ муносибат мекардагӣ мешаванд. Муаллим вазифадор аст, ки кори талабагонро ба як системаи муайян дарорад. Машқу супоришҳои ба талабагон пешкаш мешудагӣ мақсадҳои муайяни таълимию тарбиявӣ дошта бошанд. Ӯ дурустии маънои калимаҳоро, ки ҳамчун супориш ва ё машқ ба шогирдон тавсия мекунад, бояд пешакӣ аз китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва луғатҳои тафсирии ҷудогона санҷад.

Бо мақсади мустаҳкам кардани захираи луғат, инкишоф додани нутқи хаттӣ ва даҳонии талабагон доир ба гурӯҳи калимаҳои ишорашуда машқу супоришҳои зеринро истифода бурдан мувофиқ мебошад:

1). аз ҷумла ва матнҳои дар варақча навишташуда шарҳ додани маънои калимаҳои ишорагардида;

2). аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва «Луғати имло» гирд овардани якчанд калимаҳои исмии дар асоси ҷамъбандии шикастаи арабӣ сохташуда;

3). аз асарҳои назмию насрии адабиёти бачагонаи тоҷик ҷамъоварӣ кардани мисолҳо ва мувофиқи нишондодҳои боло шарҳ додани маънои калимаҳои матлуб;

4). аз ёд кардани порчаҳои назмию насрии калимаҳои зарурӣ дошта;

5). бо калимаҳои тавсия кардаи муаллим тартиб додани ҷумлаҳо ва монанди инҳо.

  1. Муқоиса. Бо роҳи муқоиса омӯзонидани маънои луғавии калима дар машғулиятҳои лексикӣ дар мавридҳои муайян ба кор бурда мешавад. Моҳияти ин усул аз он иборат аст, ки калимаҳои ифодакунандаи номи предметҳо, аломат ва ҳаракату ҳолати онҳо дар муқоиса ба ҳамдигар омӯзонида мешаванд. Дар маънидоди ҷуфти калимаҳои зерин усули муқоисаро истифода бурдан мумкин аст: шеър-шер, суръат-сурат, даъво-даво, раъд-рад, навъ-нав, гӯл-гул, кӯш-куш, бӯр-бур, кашф-кафш, лаҳн-лаҳм, разм-рамз, самъ-самт, эҳсон-эҳзон, таътил-таҳсил ва ғ.

Истифодаи ин усул имконият медиҳад, ки талабагон на танҳо тарзи навишт ва талаффузи калимаро, балки маънои луғавии онҳоро низ бошуурона дарк намоянд. Чунончи, бо роҳи таққос кунонидани ҷуфти калимаҳои «лаҳн-лаҳм», «самъ-самт» онҳо фаҳмида мегиранд, ки «лаҳн»-овоз, хониши хуш, форам ва мавзун буда, «лаҳм»-гӯшт, гӯшти беустухон мебошад, «самъ» ба маънои гӯш, қувваи шунавоӣ кор фармуда шуда, «самт» ба маънои тараф, ҷониб, сӯ кор фармуда мешавад.

Муаллимон ҳангоми таълими исм, сифат, феъл ва дигар ҳиссаҳои нутқ низ аз ин усули методӣ дар мавридҳои зарурӣ бояд истифода баранд. Дониши талабагон дар бобати муқаррар карда тавонистани фарқи маъноии ҷуфти калимаҳои боло бо роҳи ташкил намудани машқҳои гуногун мустаҳкам мегардад. Масалан, супориш додан мумкин аст, ки талабагон ба таври мустақилона аз китоби хониш ва асарҳои бадеӣ, аз порчаҳои назмию насрӣ ин навъ калимаҳоро дар шакли ҷумла ва ё байте ҷамъ оварда маънидод намоянд.

Чунон ки мебинем, моҳирона ва бамаврид кор фармуда тавонистани усули муқоиса дар шарҳи маънои луғавии калима аз аҳамият холӣ нест.

  1. Аёният. Дар адабиёти методии таълими забони модарӣ аёният яке аз воситаҳои шарҳу эзоҳ додани маънои луғавии калима ба эътибор гирифта шудааст. Бо роҳи аёнӣ (нишон додани предмет, расми он ва ғ.) омӯзонидани маънои калима, асосан, хоси синфҳои ибтидоӣ мебошад, зеро ки дар ин синфҳо талабагон бештар бо калимаҳои конкретмаъно сарукор доранд. Аз ин рӯ, доираи истифодаи усули мазкур дар дарсҳои забони модарии синфҳои V-VII як андоза маҳдуд мебошад, чунки дар ин синфҳо захираи луғати талабагон аз ҳисоби калимаҳои абстрактмаъно муттасил бой гардонида мешавад.

Дар машғулиятҳои лексикии синфҳои V-VII дар маънидоди калимаҳои нав ва номафҳум мо истифодаи усули мазкурро зарур мешуморем. Барои он ки талабагон ба моҳият ва маънои луғавии чунин калимаҳо: ҷавшан, дуҳул, мадраса, манора, гунбаз, минбар, меҳроб, оҳанрабо ва монанди инҳо сарфаҳм раванд, лозим аст, ки худи он предметҳо ва ё расмашонро ба талабагон нишон диҳем. Мисолҳо.

  1. Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Рӯдакӣ

  1. Ин нақд бигиру даст аз он нася бишӯй,

К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст.

Хайём

  1. Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Ҳофиз

  1. Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,

Халқ чун оҳан ту чун оҳанрабо гардидаӣ.

М.Турсунзода

Бояд гуфт, ки дар шарҳу эзоҳ ва маънидоди баъзе калимаҳо якчанд усул ва воситаҳо: синонимҳо, тасвири нишонаҳои характерноки предмет, аёният ва ғайраро баробар кор фармудан мумкин аст. Ин ба шарҳи калимаҳои андалеб, товус, манора, мадраса, духул, оҳанрабо ва монанди инҳо тааллуқ дорад. Ин гуна усулҳоро ба таври шартӣ «усулҳои муштарак» номидан ҷоиз аст.

Дар ҷараёни кор талабагон бояд ба он одат кунонида шаванд, ки калимаҳои нав ва номафҳумро на танҳо аз машқу супоришҳои китоби дарсии забони модарӣ, балки аз саҳифаҳои китоби хониш, рӯзномаю маҷаллаҳо, асарҳои бадеии бачагона дида тавонанд. Агар аз ӯҳдаи мустақилона фаҳмидани маънои луғавии калима баромада натавонанд, ба луғатҳо бештар муроҷиат кунанд ва ё аз муаллим пурсанд. Барои ин омӯзгорро зарур аст, ки дорои захираи бойи луғат бошад, мунтазам сифат ва миқдори захираи луғаташро беҳтар ва афзун намояд. Ӯ бояд, пеш аз ҳама, бо маданияти нутқ ва луғатдонӣ барои дигар муаллимони фанҳои таълимӣ намунаи ибрат бошад…

Хулоса, омӯзонидани роҳҳои гуногуни шарҳу эзоҳи калимаҳо аз муаллим истифодаи восита ва роҳҳои гуногунро талаб мекунад. Ташкили системаи машқу супоришҳои ҳархела ва таълими баъзе усулҳои самарабахши шарҳу эзоҳи маънои луғавии калима дар маркази диққати омӯзгор бошал. Муаллим бояд ба он муваффақ гардад, ки талаба ба маънои асосӣ ва мавқеи истеъмоли ҳар як калима дуруст ва бошуурона сарфаҳм равад ва дар ӯ тасаввуроти зарурие пайдо шавад, ки «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад».

                                                                      САНГОВ ҚАЮМ,

номзади илми педагогика,

дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ

 

Related Articles

Leave a Comment