Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ДӮСТОН ОИНАИ ЯКДИГАРАНД

ДӮСТОН ОИНАИ ЯКДИГАРАНД

by admin
1060 views

Дӯстон яке аз хислатҳои ҳамидаи инсони буда дар ҳама давру замон он тағйир меёбад. Имрӯзҳо инсоҳои ҳастанд, ки бо якчанд инсонҳо дӯстӣ мекунанд, аммо ин нодуруст аст, зеро дӯсти ҳақиқӣ як шахс ба ҳисоб меравад.

Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, дӯстон 3 навъ мешаванд: забонию, нонию, ҷонӣ. Аммо аз ҳама ин дӯстон танҳо дӯсти ҷонӣ ба мо дар рӯзҳои вазнин ва сахтии зиндагӣ пуштибони мо ҳастанд. Чи дар ғам ва чӣ дар шодии мо шариканд. Вақте мо ғамгин бошем, вай низ ғамгин мегардад. Чи хеле, ки шоири бузурги мо Мирзо Турсунзода гуфтааст:

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкил осонкункасонро гум макун.

Мегӯянд, ки дӯст рафиқи ҳаёти инсон аст. Дар ин бора бо якчанд донишҷӯён ҳамсӯҳбат шудем, чунин ибрози андеша намуданд. Яке аз ҳамсуҳбати мо Хуршедаи Сайвалӣ чунин ибрози андеша намуд: “Дӯсти ман Тахмина мебошад, вай бисёр духтари хуб ва чеҳракушода буда, дар ҳамаи рӯзҳои пасту баландии ман ҳамроҳам аст, ӯ ягона роздон, яъне дар дилам чӣ шодию чӣ ғам бошад ҳамроҳи ӯ шарик месозем. Ман ӯро хеле зиёд дӯст медорам ва мехоҳам дӯстам дар зиндагиаш хушбахту сарбаланд бошад.”

Дар ҳақиқат, дӯст беҳтарин рафиқи ҳаёти мо инсонҳо мебошад. Ҳадафи асосии мо ин ба даст овардани дӯст дар байни инсонҳо аст, то ин ки тавонад дар дил чи сиру асроре, ки дошта бошад, бо ҳамдигар шарик намоянд.

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Шоҳинамои ҲАКИМ,

донишҷӯи соли 3–юми факултети

филологияи тоҷик ва журналистика

 

 

 

 

 

 

 

 

Related Articles

Leave a Comment